Аз сардабир: Воқеан ҳам агар мо-тоҷикон саҳифаҳои иҷтимоӣ, ба вежа Фейсбукро хирадмандона корбаст шавем, метавон бисёр паҳлуҳои норавшани фарҳангу таърихи миллатро равшан сохт. Ҳафтаи пор, банда 1 “пост” ё худ нигоштае дар ФБ гузоштам, ки сари он баҳсу суҳбатҳои хуше баргузор гардид. Зимнан маълум шуд, ки офарандаи нақши Рустами Достон дар филми маъруфи Рустам ва Суҳроб, ҳунарманди мардумии Россия, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакии РСС Тоҷикистон, Бимбулат Ватаеви номдор…кӯлобӣ будааст. Яъне ӯ дар Кӯлоб таваллуд шудааст. Биёед ба он баҳс рӯ орем.
Сароғоз пости ман:
Ҳабибулло Абдурраззоқов, Ҳошим Гадо, Бимбулат Ватаев, Сурайё Қосимова, Умари Темур, Шабнам, Фарзона, Раҳмат Назрӣ ва ман аз 1 кӯчаи ба масал хулиганҳои Кӯлобем…
Ному насаби Бимбулат Ватаев бисёриҳоро ҳайрон карду ин баҳс шуруъ шуд, ки таърихи нодиреро бароямон равшан намуд:
Рустами Кӯлобӣ
Ҳаётой Муъминова, сарояндаи саршинос:
Бимбулат Ватаев? Равшантар шарҳ медодед, дӯстам ҷолиб.
Рустами Абдулло, омӯзгори Донишгоҳи Миллӣ:
Бимбулат Ватаев дар ҳавлии падарии Ҳабибулло Абдурразоқов, ҳунарманди саршиноси Тоҷик, ки пеш аз инқилоб, заминдори калони Кӯлоб буд, таваллуд ва тарбият гирифтааст… Аз осетинҳои Кӯлоб буд, ки баъдан оилашон ба Осетия мекучанд.
Пас аз куч ба ватанашон ҳамроҳи модараш ба Осетия, ҳар вақт барои хабаргирии холааш ба ш. Кӯлоб меомад! Пеш аз нақш бозиданаш аввал ба зодгоҳаш омада, се – чор рӯз бо хола ва дӯстони айёми кӯдакиаш вохӯрда, дӯстонашро хабар мегирифт, пасон ба наворбардории филм мерафт!!! Холааш дар ш. Кӯлоб вафот кардааст!!!
Ҳоло ҷиянҳояш дар кӯчаи Куйбишев ва Суғдиёни Кӯлоб зиндагонӣ мекунанд… Мутаассуф, дар зиндагиномааш ҷои таваллудаш сабт нашудааст. Шояд осетинҳо барои он ин корро кардаанд, ки нагӯянд, қаҳрамони сарзаминашон аслан аз Тоҷикистон аст.
Бо 1 ҳарф нақши Рустами моро ҳунарманди тоҷикистонӣ бозидааст. Мо Метавонем!
Қодиршои Мурувват:
-Ҳеҷ касе дар гузаштаҳо, имрӯзиён ва ояндаҳо нақши Рустамро ба масобаи Ватаев натавонад бозид ва ҳамчунин нақши Сӯҳробро ҳеҷ касе ба савияи устод Ҳошим Гадоев ҷаззоб иҷро намекунад.
Эрониён филми “Достони Рустаму Суҳроб” – ро тамошо карда, дар тааҷҷуб мондаанд, ки як ҷумҳурии хурди Иттиҳоди Шуравӣ чӣ гуна чунин шоҳкорро ба ин дараҷаи олӣ тавлид карда, бошад. Ҳама мафтун шудаанд.
Мугӯянд, ки баъди ба Осетияи Шимолӣ рафтанаш Ватаев вазири фарҳанги ҷумҳурӣ шудааст. Вақте мефавтад, аз Осетияи Шимолӣ ба маросими бахоксупориаш намояндаи моро расман даъват мекунанд. Вале ба маросим аз Тоҷикистон касе ҳозир намешавад.
Давлат Қувват:
-Маълумоти нав! Сипос!!!
Раъно Каримова, ходими давлатӣ:
-Холаашро дар ёд дорам, номашон Зоя буд ва дар ремзаводи Кӯлоб сармуҳосиб кор мекарданд. Солҳои 1983 ё 84 буд, холаашро барои камомад (хищение) ба ҳабс гирифта буданд ва дар изолятори тафтишоти рақами 4-и шаҳри Кӯлоб қарор дошт. Ман ҳамон солҳо дар шуъбаи махсус (спецчасть) кор мекардам. Бимбулат Ватаев барои дидорбинӣ ва мулоқот назди холааш Зоя омада буд. Аз наздик дида, будамашон ва суҳбат ҳам доштем. Гуфта буданд, ман Кӯлобро дӯст медорам ва худамро Кӯлобӣ ҳисоб мекунам. Кӯлоб ватани ман аст! Беҳтарин солҳои наврасиям ин ҷо гузашт ва нақш офариданам дар филми Рустаму Суҳроб ба хотири ин сарзамину миллат аст. Гарчанде осетин ҳам бошам, аммо ба Тоҷикистон меҳри беандоза дорам. Ин нақл аз хотираҳои доштаам нисбати ин актёри бузург мебошад.
Рустами Абдулло:
-Аҳсан, муаллима!!! Хотироти хубу ҷолиб!!!
Тоиров Шермуҳаммад:
-Шахсан ман Рустами Дастонро ҳамчун қаҳрамони ” Шоҳнома” чунин тасаввур мекунам.
Суҳробшоҳи Фаррухшо, журналисти саршиноси ТВ Варзиш:
Солҳои 2000 ум дар Маркази иттилоотии “Хатлон- пресс” ба ҳайси сардабир кор мекардам. Идораи мо дар собиқ бинои меҳмонхонаи Кӯлоб буд. Соҳиби ин бино, Худобиомӯрз акаи Худойёр дар ошёнаи якуми бино ошхона кушоду аз ман хоҳиш кард, ки сари номи ин ошхона фикр кунам.
Тирезаи утоқи кории ман ба кӯча нигоҳ мекард ва ман гоҳ-гаҳ, лаҳзаи фориғ аз кор берунро тамошо мекардам. Рӯзе, ҳини тамошо аз тиреза дидам, ки устод Ҳабибулло Абдурраззоқов таги бино истода, ба чор тараф синчакорона назар мекунад, мисле, ки касеро ё чизеро меҷӯяд. Ростӣ, чандон боварам наомад, ки ин худи устод бошад, аммо салобат, нигоҳ, қиёфаи ҷиддие, ки ман дидам, шакку тардидро аз ман рабуд.
Фуруд омадам ва пеши устод рафтам. Худро шинос кардаму гуфтам:
-Устод, мисле, ки касеро ё чизеро меҷӯед?
Устод 1 сукут карду гуфт:
-Ман, ин ҷо, Суҳробшоҳ, бачагиҳоямро меҷӯям. Овони бачагии мо ин мавзеъро, “Сари чорсӯ” ё худ “Чорсӯ” мегуфтанд. Ин ҷо аз чор тарафи Кӯлоб мардумон аз Ховалингу Балҷувону Муъминобод барои тиҷорат ба Кӯлоб меомаданд ва ин ҷо ҷойи вохӯрӣ ва дидор буд. Ин ҷои бозии ману Бибо (Бимбулат Ватаев) буд.
Ман, ки дар ин мавзуъ завқи шунидани қиссаҳо доштам, аз устод пурсидам ва он кас дар бораи ҷӯрагишон бо Ватаев ва чи гуна сари ана ҳамин Чорсӯ бозӣ карданҳошон қиссаҳо кард. Суҳбати моро дида, акаи Худоёр ҳам назди мо омаду устодро ба 1 пиёла чой ба ошхонаи нав таклиф карда, ҳамзамон гуфт, ки бо Суҳробшоҳ сари номи ошхона дармондем. Ин замон мо аллакай болои кати дар ҳавлии ошхона буда менишастем. Устод пиёлаи чойро аз дасти ман гирифта, бидуни мулоҳиза гуфт:
-Ин ошхонаи Шуморо номаш ба худаш аст. Чорсӯ. Чунки ин ҷо аз қадим чорсӯи Кӯлоб (маркази Кӯлоб, назди мағозаи машҳури Равшан), ном дошта, аз мавзеъҳои машҳури Кӯлоб буд ва агар Шумо таклифи маро қабул дошта бошед, ошхонаро Чорсӯ ном монед ва бо ин таърихи як гӯшаи Кӯлоби кӯҳанро зинда мегардонед.
Ману акаи Худоёр ба ҳам ба маънои “Беҳтарин пешниҳод” як нигоҳ кардему устодро барои ин пешниҳод изҳори сипос гуфтем. То як соати дигар устод аз овони бачагӣ, аз Кӯлоби он солҳо, албатта аз устод Ҳошим Гадо, ки низ аз ҳамин гузар будаанд, ба мо, ки акнун сафамон то 10 -12 кас дар атрофи кат мерасид, қиссаҳо кард. Замони хайру хуш, ки устод барои як пиёла чой ба мо ташаккур мегуфт, гуфтам, устод, аз дидор ва шиносоӣ бо Шумо сарбаландам ва шӯхиомез афзудам, Кӯлоб дигар шудаст агар бачагиҳотонро мушкил бошад ҷустан, метавонам ба Шумо кӯмак кунам, ки гуфт:
-Ташаккур, Суҳробшоҳ, нақши бачагиҳои ман дар ҳар як кӯчаву паскӯчаи Кӯлоб ниҳон аст, бачагиҳои ман дар ёдҳои бачагиям нуҳуфта аст. Худам онро бояд ҷуста ёбам…
Устод ин ҳарфро гуфту сӯи ҳамон кӯчае, ки бачагиҳош он ҷо гузашта буд, кӯчае, ки бо дӯсти даврони кӯдакияш Бибо (Бимбулат Ватаев) бозӣ мекард, равон шуд.
