Аз таърихи пайдоиши театр
Театр қадимтарин намуди санъат аст. Аксари муҳаққиқон пайдоиши театрро ба Юнон ва айёми бавуҷудоии онро ба давраи классикӣ (асри V-IV пеш аз мелод) рабт медиҳанд. Заминаи тавлиди театрҳои қадимаи Юнон ва иҷрои ҳар гуна бозиҳои рамзӣ дар ҷашнҳо ба муносибати Худо Диониса мебошад. Аз охири асри IV-и то мелод дар Афина ҳар сол фоҷеа, мазҳака ва драмаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузошта мешуд. Ба ин монанд намоишномаҳо дар қисматҳои дигари Юнон низ баргузор мегардид. Баъдтар чунин баромадҳои театрикунонидашуда ба қисми ҳатмии идҳои давлатӣ мубаддал гардиданд, ки дар рӯзҳои ид тартиби намоиши онҳо муайян карда мешуд.
Намоишномаҳо дар шакли мусобиқа сурат мегирифт ва дар анҷом нақшбозони саҳнаҳои беҳтарин аз ҷониби намояндагони ҳукумат бо туҳфаҳо сарфароз гардонида мешуданд. Дар ин гуна намоишномаҳо қариб тамоми аҳолии шаҳр, яъне, гурӯҳи иҷтимоӣ ширкат меварзиданд. Ҳатто тамошобинони камбизоат барои ворид шудан ба театр аз ҳукумат маблағ мегирифтанд.
Театри аз ҳама қадимтарини Афина Диониса мебошад, ки бо сақфи кушода дар нишебии ҷанубу шарқии Антрополя, қалъаи муқаддаси Диониса воқеъ буд. Бинои театр ва ҷои нишасти тамошобинон чубин буд ва дар аввал танҳо рӯзҳои намоиш истифода мешуд. Дар охири асри IV то мелод театри Диониса аз нав бо санг сохта мешавад, ки таи солҳои баъдина тарҳи он борҳо тағйир меёбад. Театри Диониса барои тамоми театрҳои дигари Юнон ҳамчун намуна хидмат мекард. Дар театрҳои антиқа теъдоди зиёди тамошобин, аз ҷумла, дар театри Афинаи Диониса 17 ҳазор нафар ҷой мегирифт. Дар театрҳои Юнони қадим нақши занонро мардон мебозиданд. Дар 1 намоишнома 1 актёр якчанд нақшро иҷро мекард. Актёрон ҳангоми иҷрои нақшҳои гуногун ниқобҳои мухталиф мепӯшиданд. Истифода аз ниқобҳои гуногун зарурати дуҷониба дошт. Он, аз як тараф, ҷинсияти нақшҳоро ифода мекард, аз сӯи дигар, қаҳрамони саҳнаро бузургтар нишон медод.
Давраи дигари авҷи театр ба Рум иртибот мегирад. Дар театрҳои Рум бо шарофати драматургон Плавт, Трентский, Сенека таҳияи намоишномаҳо ва техникаи театр такомул ёфта, жанри пантомима ба вуҷуд омад. Пантомима калимаи юнонӣ буда, маънои гункакбозиро дорад. Дар ин жанр — намоишномаи театрӣ фикру эҳсосот бо имову ишора ифода меёбад. Дар ҳамин давра дар 1 қатор кишварҳои Шарқи Наздик: Ҳиндустон, Хитой, Япония, Индонезия намудҳои нави намоишномаҳои театрӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтанд.
Таърихи театр дар Тоҷикистон
Пайдоиши театри шӯравии тоҷик (1920-1929), ки ба ташаккули театри касбӣ овард;
Рафъи мушкилот ва инкишофи баъдина (1934-1936);
Театри реализми сотсиалистӣ (1937-1941);
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945);
Солҳои баъд аз ҷанг (1945-1960).
Солҳои бунёдкорӣ (1960-1970),
Давраи бозсозӣ (1970-1990)
Замони истиқлол (1991- то ҳоло)
Айни замон дар Тоҷикистон 16 театри касбӣ ва 26 театри халқӣ фаъолият мекунанд, Фарзи мисол Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри давлатии драмаи русии ба номи В.В.Маяковский, Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодом, Театри драмаи мусиқии ноҳияи Спитамен ба номи Шукур Бурҳонов, Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов, Театри мусиқию мазҳакавиии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров, Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода, Театри давлатии «Лӯхтак», Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара, Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, Театри давлатии намунавии минатураи «Оина».
Театри тоҷик мустақил гардид
Дар интихоби драма, ҳунарпеша (актёр), басаҳнагузорӣ, сафарҳои эҷодӣ озодӣ ба даст овард. Дар барномаҳои он намоишномаҳои асарҳои худӣ ва рӯҳи миллидошта бештар ва пурқувват гардид. Аммо кори театр ва робитаи он бо тамошобин то андозае ба мушкилот рӯбарӯ шуд. Ин аст, ки баъзе аз ҳунармандон андешае ҳосил намуданд, ки театр рисолаташро аз даст додааст. Дар кишвар фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ бо номи «Парасту», ки соли 1988 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, дар 2 сол 1 маротиба баргузор мегардад.
Театр ва намудҳои он
Аз рӯи намудҳои амали ҳунарпеша театр ба 14 қисмат; драмавӣ, опера, мюзикл, балет, пантомима, оперетта, театри кӯдакона, театри лӯхтак, театри рақс, театри соя, театри ҳайвонот, пародия, театри суруд, театри эстрада, театри як ҳунарпеша, театри кӯчагӣ ҷудо мегардад.
Ҳама ба театр!
Пеш аз ба саҳна баромадан актёрон 10 – ҳо бор байни худ ва устодоне, ки онҳоро барои ба руйи саҳна баромадан омода месозанд, машқ мекунанд, қобилияти ухдро месанҷанд, зеро тамошобинон ниҳоят сахтгир ва нозук мешаванд. Театр дар муқоиса бо кино саҳнаи зиндаи ҳунар аст. Яъне одамони зинда, воқеӣ, на маҷозӣ он ҷо ҳунар мебозанд. Сохтакорӣ ва пинҳон доштани камбудиҳо дар ин ҷо имкон надорад, зеро ҳунарманду тамошобин мисли суҳбати 2 нафаре пушти мизе, дар рӯбарӯи худ қарор доданд. Театр макони муқаддаси ба мардум фаҳмондани хислатҳои баду зишт, нишон додани роҳи дурусти зиндагӣ, тарбияи маънавии инсон, бахусус, насли наврас мебошад.
Саҳнаи театр
Актёри театр будан кори шарифу ифтихорист. Кори осон нест, беҳад мушкилу заҳматталаб мебошад. Ба маънои томи ин гуфтаҳо вақте пурра сарфаҳм рафтам, ки ба қавле онро дар пӯсти худ санҷида баромадам. Дар ҷашни истиқболи соли нави 2022 дар ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода бо кумак ва дастгирии бевоситаи устод Мирахмедов боре ба ман иттифоқ афтода буд, ки дар саҳна нақши харгӯшаки доноро бибозам. Ба рӯйи саҳна бо ҳаяҷони зиёд баромада, шодию хурсандии кӯдаконро дида, хушҳолиеро дар худ эҳсос кардам.
Театр бо тамошобин обод асту зеб дорад ва маҳз барои мардум аст. Аз рафтан ба театр, фарзандони худро ба он ҷо бурдан, пушаймон намешаведу зиёне намебинед. Баръакс, дар вуҷуди худ тағйироти мусбиро ҳис мекунед.
Вазорати Маориф БОЯД кӯдакро театр барад!!!
Солҳои пеш театр муштоқ, бинандагони зиёд дошт. Ҳунарпешаҳо ҳам бо ифтихору сурур дар хизмат буданд. Бо дили гарм, завқи тамом нақшҳо меофариданд. Аз хурдсолакон сар карда, то калонсолон намоишномаҳои театриро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Рӯзҳои истироҳатии шанбею якшанбе театр макони дӯстдоштаи хурдтаракон, мактаббачагон буд. Падарону модарон, омӯзгорон, мураббияҳо аз боғчаю мактабҳо дастпарваронро сарҷамъона ба театр мебурданд. Ин ҳам 1 навъи тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ба шумор мерафт. Бубинед, фарзи мисол, то чанд сол пеше, ки «мактаббачаҳоро ба зӯр ба театр мебурданд!!!», кордкашиву ҷангу ҷадалу авбошӣ миёни наврасон хеле кам буд. Мутаассуф, имрӯз, бо шикояти чанд волидайни камхирад, аз «ба зӯрӣ бурдани атфолашон ба театр», Вазорати маориф ва илми ҶТ ин раванди басо судмандро, ҳатто дар таътил, манъ кардааст. Набояд шикояти волидайни бефарҳанг боиси аз фарҳанги театрӣ дур кардани тамомии мактаббачаҳои тоҷик гардад!
Аз ҳамин ҷост, ки ун даврон наврасону ноболиғон дар руҳияи хушахлоқӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ба камол мерасиданд, на чун ҷавонони ҳозира, ки ба амалҳои ношоистаи авбошӣ, ҳатто кӯфтану куштани ҳамдигар машғуланд. Дар кори то чанд боло гирифтани зуҳуроти муштзӯрӣ, ҷоҳилӣ, кордкашӣ, ҷангҳои гурӯҳии наврасон, ҷангҳои байнимактабӣ, даст ба ҷиноятҳои дигар задан, набудани нақши мондагори театр бараъло ҳис мегардад. Бинобар ин, БОЯД рӯ ба театр оварем!
Ҳама ба пеш, ба театр
Омиронаи Сайёф,
СССР
