ВВП, ЗВА & ДДТ

“Ман дар 24 соат ба ҷанги Россияву Украина хотима мебахшам!”- ин шиори калидии ДДТ – Доналд Доналд Трамп дар маъракаи интихоботияш, албатта, баъд аз шиори “Амрикоро дубора абарқудрат мекунем!!!” будӣ. Вале аз 24 соати ваъдагӣ, аккурат 8760 соат гузашту аз Сулҳ дараке нест. Ин аст, ки Трамп думи ЗВА-Зеленский Володимир Александровичро зер кард, то бо ВВП-Владимир Владимирович Путин сари мизи музокирот нишинад.

1. Мизи деринтизори музокирот

23-24.01.2026. Дар Абу Дабии Аморати Араб вохӯрии 3-ҷонибаи Амрико, Россия ва Украина, бо ташаббуси бевоситаи ДДТ баргузор шуд. Ин аввалин музокироти наздик ба сулҳ, сар аз соли 2022, баъди оғози ҷанг миёни ин 2 кишвар мебошад. ЗВА дар тафсири ин гуфтугӯҳо гуфт: «музокирот “бунёдкорона” баргузор шуд ва ҷонибҳо аз эҳтимолияти идомаи гуфтугӯҳо изҳори умед карданд».

Ин дар ҳолест, ки ВВП дар бораи ин гуфтумон ҷое изҳори назар накардааст.

2. Бе ягон созишнома

Хотиррас мешавем, музокироти фавқ бе имзои ягон гуна созишнома ва ё тавофуқоте хатм шуд ва аъзои комиссия низ дар бораи ҷузъиёти музокирот ҷое изҳори назар накардаанд. Ҳарчанд гуфтугӯҳо “мустаҳкам ва ҳосиловар” номида шуда бошанд ҳам, ҳеҷ созиши сулҳ ё қатъи ҷанг ба имзо нарасид.

Ягона нуктаи хушбинкунанда ин аст, ки Украина ва Россия розӣ шуданд, музокиротро идома диҳанд.

3. Мавқеъи ҷонибҳо ва идомаи буҳрон

Русия қотеъона пешниҳод кард, ки мушкилоти асосӣ атрофи масоили харитаи сиёсӣ ва идораи минтақаҳои баҳснок (масалан Донбасс) ҳал шавад. Ҷониби Маскав бар назар аст, ки Армияи Украина пурра аз территорияи Донбасс бароварда шавад, зеро, иқтибос, «танҳо пас аз ин сулҳ имконпазир аст!».

Киев ошкоро ин даъворо рад карда, аз насупурдани қисмҳои қаламрави худ (масалан Донбасс) гуфт ва таъкид кард, иқтибос, «ягон сулҳ набояд бандҳои асосии Конститутсионии Украинаро вайрон кунад».

4. Дурнамо

Ҳам Украина, ҳам Русия ва ҳам ИМА розӣ шуданд, ки гуфтугӯҳо дар Абу Дабӣ идома ёбанд ва ҷаласаи навбатӣ мумкин аст 1 феврали 2026 баргузор шавад. Интизор меравад, ки дар ин музокирот аллакай роҳбарони давлатҳо ширкат кунанд. ЗВА омодагии худро изҳор доштааст. Аммо гумон аст, ВВП бо ӯ ба дидор шитобад, агар худи ДДТ ба ин музокирот ҳозир нашавад. Зеро таври маълум дар Маскав Зеленскийро президенти қонунӣ намешуморанд. Чунки дар ин кишвар интихоботи президентӣ баргузор нашудааст ва ЗВА, иқтибос, «ғайриқонунӣ сарварии Банковаяро бар дӯш дорад».

Хулосаи музокироти Абу Дабӣ

Гуфтугӯҳои январмоҳи соли 2026 байни Русия ва Украина, ки бо миёнаравии ИМА дар Абу Дабӣ баргузор шуданд, яке аз аввалин талошҳои ҷиддии дипломатии Сулҳ, пас аз оғози ҷанг дар соли 2022, ба ҳисоб мераванд. Онҳо бунёдкорона номида шуданд ва ба идомаи музокирот имконият доданд, аммо ҳеҷ сулҳ ё қатъи ҷанг фаврӣ ба даст наомадааст. Масъалаҳои асосӣ, хусусан мавзӯи ҳудудҳо ва амнияти пас аз ҷангӣ, ҳанӯз ҳалнашуда боқӣ мемонанд.

Мулоқоти қаблӣ

18.02.2025. Хотиррас мешавем, 1 сол пеш, намояндагони сатҳи баланди Амрико ва Русия дар ар-Риёзи Саудӣ мулоқот карданд, ки яке аз аввалин талошҳои дипломатӣ барои барқарории муносибатҳои дуҷониба ва шурӯи гуфтугӯҳо оид ба хатми ҷанг буд. Аммо бо дархости ДДТ ҷониби Украина умуман ба ин музокирот даъват нагардид. ЗВА он замон гуфта буд Украина «ҳеҷ созиш ё натоиҷи гуфтугӯҳоро, ки бе иштироки Киев иҷро карда шавад, эътироф намекунад!».

Натиҷаи ун гуфтумон қабули «Оташбаси 30-рӯза» шуд, ки аз ҷониби тарафҳои даргир риоят нагардид ва ҷанг дубора аланга зад.

Пешгӯии СССР ва баҳс бо Сафват аз Одесса

Газетаи мардумии СССР ҳанӯз дар моҳи январ ва феврали соли 2022, қариб 2 моҳ қабл аз шуруъи ҷанг, навишт, ки «Россия ба Украина дармеафтад». Мо ҳамон даврон, баъд аз омӯзиши вазъ навиштем (СССР№700, аз 17.02.2022 ва СССР№699 аз 10.02.2022 ниг. ба акс), ки Маскав 21.02.2022 амалиёти низомӣ ё худ СВО-ро шуруъ мекунад. Худи ҳамин рӯзи гуфтаи мо, яъне 21.02.2022 Россия 2 ҷумҳурии худхонда-Луганск ва Донбасро ба расмият шинохт ва ба таври автоматӣ ҷанги Киев бо инҳо ба ҷанг бар зидди Россия табдил ёфт.

24.02.2022. Армияи ФР ба хоки Украина зада даромад ва тулонитарин ҷанг дар Аврупо шуруъ шуд. Хотиррас мешавем, ин ҷанг аз ҶБВ ҳам тулонитар гардид.

То ҳамин рӯзе, ки газета ба дастат мерасад, хонанда (24 феврали соли 202229 январи соли 2026)  ҷанг дар Украина 1435 рӯз ё худ  3 солу 12 моҳ, ё зиёда аз 47 моҳ идома дорад.               

ҶБВ аз 22 июни соли 1941 то 9 майи соли 1945, дар ҷамъ 1418 рӯз ё 3 солу 11 моҳ давом дошт.

Дар бораи талафоти ин ҷанги бемаънӣ манбаъи ягона вуҷуд надорад. 2 ҷониб куштаву захмиёни худро кам ва аз рақибро ба карат зиёд мешуморанд. Аммо гуфта мешавад, ин ҷанг яке аз тулонитарин набард ва хунхортарин бархурд дар асри 21 маҳсуб меравад. Ба ин ҷанг тамомии аъзои Иттиҳоди Аврупо (бидуни Маҷористону Сербия) кашида шудаанд. Хараҷу мараҷи ҷанг кайҳо марзи триллион долларро убур кардааст. Ва ин дар ҳолест, ки ДДТ-президенти Амрико сареҳатан мегӯяд:

-Дар ин ҷанг Киев ягон қартаи пирӯзӣ надорад ва ин набард (агар Амрико аз кумак даст кашад), комилан бар нафъи Маскав ҳаллу фасл мегардад.

Иддаое, ки Урсула фон дер Ляйен, сарвари Бруссел-пойтахти ИА ба он розӣ нест. Ба иддаои Эмануэл Макрон-президенти Фаронса, Фридрих Мерц (Friedrich Merz)-канслери Германия ва Кир Стармер (Keir Starmer) сарвазири Британия «ҷанг бо пирӯзии Украина хатм мешавад».

Ин доду ситад, шахсан бар ёди ман мисраъҳои заррину ҳамешазиндаи Фахриддини Гургониро меоранд, ки мегуфт:

Чунин гӯянд мардони сухандон,

Ки бошад ҷанг бо наззора осон!

На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,

На ҳар бех мева орад, ҳар нае қанд!!

Агар бо зӯри филу табъи шерӣ,

Макун бо оташи сӯзон далерӣ!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube