Панҷакент: 33 сол дар интизори замин..

Салом СССР-и дардошно! Мо беш аз 100 нафар сокинони деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент дар ширкати ба номи А. Фирдавсӣ кору фаолият карда, 1  мушкили кӯҳна дорем – аз соли 1993 то ба имрӯз ба мардум қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда намешавад.

Албатта он солҳо кишвар дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ буд ва мо аз талаби замин худдорӣ менамудем. Шукр имрӯз сулҳу салоҳ пойдор асту Тоҷикистон бо маром ба пеш меравад! Шукронаи тинҷиву осоиштагии Ватан!

Аз он вақт то ҳол 4 раиси шаҳр иваз шуд, вале ба арзи мо дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ касе посухи аниқу мушаххас дода наметавонад, фақат ваъда аст. Раиси имрӯза, Абдухолиқ Холиқзода низ пайи ҳамон пешинагиёнаш, ваъда медиҳаду халос. Мардуми деҳаи мо қонунҳои кишварро эҳтиром намуда, дар ягон қитъа худсарона якто санг нарехтааст, ки инҷо хона месозам. Мо намефаҳмем чаро ва бо кадом сабаб ба мо замин медиҳем мегӯянду намедиҳанд?

Мо замини обӣ талаб намекунем, дар лаби дарёи Зарафшон 75 га замини лалмии ширкати мо ҳаст, ки солҳои зиёд обро надидааст. Онҷо мешавад манзил бунёд карду об баровард.

Ҳазратқул Аҳадов,

аз номи сокинони деҳаи Амондара, ш. Панҷакент

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube