Сафи ҳоҷиёни тоҷик бедарак зиёд шуда истодааст. Дар ҳама деҳу дудмону кӯчаву гузар на камтар аз 10-20 ҳоҷӣ мебинӣ. Ин хеле хатар дорад ба раванди калидии давлатдории мо, ки дунявист.
Усулан зидди ҳоҷӣ шудани мардум нестам, агар ин ҳоҷиҳо ба сохтори давлатдории мо халал ворид намесохтанд. Бинед, ҳоҷиёни мо омада, сатру бурқаи арабиву ришу юбка-шимҳои толибиро таблиғ мекунанд. «Ин ҳам гӯр-ба!»-гуфти Ортиқи Қодир. Акнун раванди дигареро ин неоҳоҷиён мӯд кардаанд:
– Тӯйи бе сароянда, бе ҳофиз, бе рақсу шодӣ!!!
Ростӣ, ба чунин туй рафта, фикр мекунӣ, дар куҷо бошам? Дар Тоҷикистони дунявӣ ё Афғонистони толибӣ? Бовар кунед, ба оҳистагӣ, вале пайваста, ин неоҳоҷиён ақидаҳои дақюнусии толибиро сари миллат бор карда истодаанд. Зимнан аз Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости журналистӣ мекунам, ки ба Қонуни танзим 1 банди дигар зам кунанд:
-Ҳар нафаре тӯйи бе ҳофиз, бе мусиқа баргузор мекунад, дар баробари зиёдаравӣ, чун вайронкунанди Қонуни Танзим ҷаримаи бузург карда шавад:
Бовар дорам, чунин пешниҳодро, парлумони касбӣ, ҳатман дастгирӣ хоҳад кард. Мо Метавонем!!!
Беадабро ҳар куҷо ёфтӣ бикӯб,
Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб!
Нуралӣ Хоркашев,
Журналист
