Асоро дубора гум накардан

Баъди хеле сайру гашт, ба нишастгоҳе дар Боғи сабзу хуррам такя зада, аз зебоиҳои атроф лаззат мебурдам, ки марде бо иҷозат омада, паҳлуям нишаст. Аз афташ, дар дилаш гуфтание дошту намедонист, ки онро ба кӣ гуфтаю дилашро сабук намояд. Ниҳоят баъди шиносоӣ ва суҳбат аз ину он ҷуръат пайдо кард, ҳамчун мард ба мард рози дил намояд.

-Бо маъшуқаи бо нозу нузи аз ҳад зиёди қаламфуртиам савори мошин ба қавле, “кататса” карда мегаштем. Гӯё чароғаки чорроҳа ё ба ҷои ман ё махсус барои ман сурх шуд, ки истода ба атроф назаре кунам. Сарамро тоб дода, завҷаи азизу нозанинамро дида мондам, ки қаноатмандона роҳ мерафту аз нуру мӯйҳояш шуъоҳои нур ба атроф паҳн мегардид. Ба ҷониби офтоб табассумкунон, дар даст бастаи туҳфаеро ба модари ман мебурд. Дар ҳоле ки дар паҳлуям маъшуқаи албастиам бо лабу рӯ, чашмону абрӯ ва мижжаҳо рангкардашудаи сунъӣ нишаста, аз ман бо ишваю нозу нуз туҳфа болои туҳфа талаб мекард. Акнун бо пуррагӣ ба аблаҳии худ иқрор шудам!

Ба хотири тасалло ва аз ҳолати ногувор бароварданаш гуфтам, ки дар ҳаёт айбу камбудиҳо мешаванд. Қариб ки ҳеҷ чиз тасодуфӣ нест, аз ҷумла, ҳамон бархӯрд дар чорроҳа ҳам ҳикмати Худост. Муҳимаш, асоро дубора гум накардан аст! Гӯё хирвори зараш дода бошам, миннатдорона хайрухуш карда рафт. Ба ҳамин монанд, беҳуда нагуфтаанд, ки “Заҳри одамро одам мебардорад.”

Зафар Ҷалилов,

ш. Панҷакент

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube