Дар забони русӣ истилоҳе вуҷуд дорад, ки маънои баргашта ба худ, ба сари худ омадани кору чизеро дорад, ки дар зиндагӣ на як бору ду бор исботи худро ёфтааст. Яъне таъкид мекунад, ки ҳаргиз инсоне набояд ба касе бо мазоҳу масхаро кор бигирад 1 бадие ба касе раво бинад, санге ба сӯи одаме ҳаво диҳад, зер ҳатман, он ҳама рӯзе ба худаш бармегардад. Ба ҳоли бечорае хандида бошад, ба ҳоли бечорагӣ мезанад, бад карда бошад, бад мебинад ва ба ҳамин монанд. Ин ҳама таъкидҳо аз тарафи дигар ба инсофу адолат, адаб, эҳтироми ҳамдигарӣ, пешгирӣ аз моҷароҳою низоъҳо миёни одамон равона гардидааст.
Мушоҳида карда бошед ҳаргиз ҳайвфонҳо нисбати ҳамдигар чунин амалҳоро раво намебинанд ва хеле тааассуфовар аст, ки инсони соҳиби ақлу фаҳмиш ба чунин амалҳои паст даст мезанад, ки дар ҷаҳон ин зуҳуроти номатлуб, то ҳатто дар сатҳи ҷаҳон рӯз то рӯз боло гирифтааст. Кишварҳо, мардумони осоишта, тинҷу осударо ба ҷангу хунрезиҳо мекашанд, бадбахту саргардон ва қурбон менамоянд. Маҳз бо ҳамин сабаб авзои ҷаҳон торафт ташвишовар шуда истодаасту бадбахтона касе, қуввае ёфт намешавад, ки пеши роҳи ин ҷараёни номатлубро гирад.
Бисёр хуб мешуд, ки барои тамоман аз байн бурдани чунин амалкардҳои манфӣ, инсонҳо аз хонаи худ, шаҳру ноҳия, шаҳру мамлакатҳои худ оғоз мекарданд. Бо пиндору рафтору кирдор сарчашмаи ибрат мешуданд, зеро ҳамаи фоҷиаҳои бузург аз ҳамин сухану амалҳои дар назари аввал ночиз, баъзан гӯё шӯхӣ об мехӯранд.
“Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек” – ро шиори зиндагии худ қарор диҳед!
Муҳаббат Қурбонзода,
н. Восеъ
