«БИНГО» МОРО ХОНАВАЙРОН МЕКУНАД

Ин бозӣ хоси мамолики хориҷӣ буда, имрӯз то ба мо омада расидааст, ки 1 навъи қиморбозист. Ин бозӣ имрӯзҳо ҳазорон оиларо ба вартаи камбизоатӣ оварда расонида, ба муҳоҷирати меҳнатӣ раҳсипор намуд.

Наздики 90% аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва Ваҳдати ноҳияи Деваштич аз бонкҳои «Амонатбонк», «Эсхата», «Имон – интернешнл», «Арванд» ва «Спитамен» қарзҳои имтиёзнок доранд. Кишту коркарди агротехникии картошка, хариди нуриҳои минералӣ, хароҷоти чоҳҳои артезианиро аз ҳисоби ин қарзҳо ба сомон мерасонанд. Алалхусус, хароҷоти чоҳҳои истифодаи оби зеризаминӣ гарон аст.

Аз сабаби номунтазам дастрас гардидани барқ дар 1 мавсим нассосҳои обкашӣ, қисмҳои трансформаторҳо 6 -7 маротиба аз кор мебарояд. Қисмҳои аз корбаромада ва нассосҳоро танҳо аз маркази вилоят дарёфт намудан мумкин аст ва барои ин ҳар маротиба 7 – 8 ҳазор сомонӣ лозим мешавад. Деҳқони бечора ҳар 1 кило картошкаро бо харҷи 2,5-3 сомонӣ ба даст меорад. Даромади софаш ночиз асту барои таъмини зиндагиаш басанда не. Аксарият таъминоти оиларо бо қарзҳои банк мегузаронанду тамоми даромади худро бозгашт ба адои қарз сарф менамоянд.

Болои ин мушкилҳо ҳаннотони бозии «Бинго» ҷавонони камандешу аз маърифати сарфу харҷи оилавӣ бехабарро гумроҳ намуда, пули ночизашонро ба яғмо бурда истодаанд. Баъзеҳо тамомии дороии худро бохта, хонахароб мешаванд. Маҳз аз ин сабаб хонавайронии оилаҳо, бенигоҳубин мондани фарзандон рӯй медиҳад. Шояд дар мамлакатҳое, ки сатҳи иқтисодиёташон баланд аст, «Бинго» ба хотири андозсупоранда ва ҳамчун машғулияти сарватмандон равост. Аммо барои кишвари наврушди мо нодаркор буда, боиси афзудани сафи камбизоатон мешавад. Талбандаҳои бозору дари масҷид худ нанг нест, ки ҳамакнун яғмогарони қонунӣ даст ба кисаи мардум мезананд???

Мақсадулло Ҷамолов,

н. Деваштич

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube