САФАРДИДАИ ҚАТАРӢ

01.02.2024. Соат ба вақти Душанбе 13:12 дақиқа. Шоҳрух Саидзода, президенти клуби «Истиқлол», ки алоқамандии бандаро бо футбол хуб медонад, занг задаву гуфт:

– Ако, пагоҳ субҳи барвақт, раёсати Федератсияи Футболи Тоҷикистон, бо сарварии президенти ФФТ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷамиъи мухлисону алоқамандони футбол ба Қатар, ба бозии 1\4 финалӣ меравад, омода бошед!!!

Ростӣ, аз ин даъвати ногаҳонии ФФТ ва шахсан аз Президенти он, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода, сарам ба осмон расид. Зеро ба Қатар рафтану ин бозии тақдирсозро дидан, ҳавасу орзуям буд. Бо сипос аз масъулин пагоҳ соати 06:00 ба фурудгоҳ ҳозир шудам.

 

Аэропорт ҳама аз рӯи нақша

02.02.2024. Соат ба вақти Душанбе 08:30 дақиқа. Тамомии мардум ба парвоз омодаанд. Хизмататон арз кунам, ки дар ин соату рӯз 2 ҳавопаймои Аэробуси дигари Қатар-эйрлайн низ, парвози чартерӣ анҷом медод. Садорати ФФТ, чун патриотҳои ватансоз, тавассути ҳавопаймои Сомон-эйр парвоз кард.

Дар фурудгоҳи Қатар ҳавопаймои моро дар сатҳи бисёр олӣ пешвоз гирифтанд. Масъулини баландпояи давлати Қатар, махсус ба пешвози Рустами Эмомалӣ баромада буданд ва он 3-4 пирсаги думбурида, ки аз Аврупову Қазоқистон сӯи ФФТ меҷаканд, кош ин маросимро медиданд!!! Ҳарчанд кӯзпуштро гӯр рост мекунад, мегӯянд…

Сомон-эйр билетҳо ку?

Пешвозу рафту омади мухлисон аз ҷониби ФФТ ва ТВ Варзиш, ки шахсан Парвиз Нориён-директори ин телевизион худ бо он андармон будӣ, дар сатҳи олӣ роҳандозӣ шудааст. Вале масъулини Сомон-эйр, ки бояд мухлисонро бо билети футбол таъмин мекарданд, корашон нодуруст будӣ. Онҳо бояд дар автобусҳо ба мо билет медоданд. Вале дер карданд. Ин аст, ки мардум саросемаву саргардон шуд. Ҳатто гурӯҳи фанатҳои футболӣ, бо сарварии Шурики беҳамто ва Саъдии Ёвонӣ аз шуруъи бозӣ 7-8 дақиқа дер карданд. Чаро маҳз инро менависам? Ҳоло мехонед, ки чаро?!

Шурик, Саъдӣ, Баха-Рустами дастони Тоҷик!!!

02.02.2024. Соат ба вақти Қатар 14:30 дақиқа. Парвиз ба ман гуфт, «ако, Шумо меҳмони VIP, яъне олиқадри бозиед ва бояд ҳамроҳи садорат бо мо равед». Рафтем ва дар VIP ҷо гирифтем. Баробари шуруъи бозӣ, беш аз 40.000 мухлис бо нақораву дафу доираву қарсу ҳушту фиғон, бо 1 овоз УРДУНнннн гуфта, фиғон кашиданд. Майдон онгуна тафсид аз ин доду ғирев, ки на танҳо футболбозон, ки ҳатто мо-мухлисони Тоҷикистон дасту по хӯрдем. Барои дарки ин гуфтаҳо, бояд он ҷо мешудӣ, хонанда. Тасаввур кун, садои дарангу дунгуру пақару пуқур ва даҳони то бехи гӯш кушодаи 40 ҳазор зану марду кӯдаку пиру барноро, ки бо 1 овоз УРДУНннн мегӯянд. Футболистони мо низ ба таъбири варзишӣ дар 7-8 дақиқаи аввал зери ин фишор, ба «мандраж» уфтоданд.

02.02.2024. Соат ба вақти Қатар 14:38 дақиқа. Ҳамин асно буд, ки аз майманаи лашкари душман, муқобили майсараи артиши аъроб, хурӯше баромад ва табли ҷангӣ бо садои гӯшкаркунанда, бар ҳаво печид. Садо онгуна баланду сахт буд, ки варзишгоҳи 40 ҳазорнафара, ба номи Худо, ки рост мегум, замоне худро гум кардаву моту мабҳут шуд. Ба дил гуфтам, «тамом, капут, ин фанатҳои арабӣ бе диранге қалбҳои шерони тоҷикро мешкананд». Вале баъди таблнавозии на тулонӣ аз 10-12 сония, садои нақораву барабан хомӯш шуду ғиреви оламгире стадионро печид, ки мегуфт:

То-ҷи-кис-тон!

То-ҷи-кис-тон!!

То-ҷи-кис-тон!!!

Ба пешшшшш!!!!

Ин манзара, мани оламу гармиву сарди ин дунё дидаро каме шавад ҳам, мот карду ашкбачашм, вале ин ҳангом, чун дарк кардам, Шурику Саъдиву Баха-фанклуби мунтахаби Тоҷикистон даррасидаанду гӯйи сабқат аз чанги 40 ҳазор арабӣ рабудаанд, сарам бар осмон расиду ашк дар чашм, дар VIP аз ҷо ҷаҳида, фиғон дардодам:

-То-ҷи-кис-тон!!!

Арабҳои акноф ба худ наомада, аз 4 тарафи VIP ғирев баромад:

-То-ҷи-кис-Тонннн!!!!!!!

Ба таҳқиқ ғиреви Шурику Саъдиву Баха-Ҷиян варзишгоҳро печид ва ба дили бозигарони мо корагар шуду онҳо бо ҷуръату ҷасорату ғайрат ба пеш ҷаҳиданд ва урдуниҳоро моту мабҳут карданд. Зарбае, ки бояд гол мешуд, мутаассуф бар паҳлучӯби дарвоза омад. Бозигари калидии мо, Шаҳром Самиеви нозанин дар роҳи ҳамвор лат вардошт. Ва ин дар ҳоле буд, ки бозигари хуби дигари мо-Ҳамадонӣ Камолов, бе далели қавие аз 4 бозӣ маҳрум шуда, бо 2 бозигари калидии дигари мо Ҷӯрабоев ва Манучеҳр Ҷалилови беҳтарин голзанамон, ки маризанд, ба даста ёрӣ карда наметавонист…

Бозӣ хуб буд, аммо…

Дар ин бозӣ бачаҳои мо, ки дар даври 1\8 финал, ҳудуди 165 дақиқа бозида буданд, хеле шалпару лакот ба назар мехӯрданд. Зеро дар бозӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб довар чӣ қадаре тавонист, вақт зам кард, то арабҳо пирӯз шаванд. Сароғоз ба қисмати аввал 17 дақиқа илова шуду боз чанд дақиқае изофа гардид. Дар қисмати 2 низ то 10 дақиқа бештар бозидем. Сипас дар овер-таймҳои 15 дақиқаина, боз то 6-7 дақиқа зам шуд. Ва дар охир пеналтӣ задем ва боз 15-17 дақиқаи дигар кор кашол ёфт. Ҳама инро ҷамъу гир кунем, бачаҳо бо Аморот 3 соат беш бозиданду энергия сарф намуданд.

Урдун бошад, дар 90 дақиқа бар Ироқ зафар ёфтаву қувваи камтар сарф намуд. Дуруст аст, ки ин баҳона шуда наметавонад. Вале барои афроде, ки бо футболи профессионалӣ алоқамандӣ надоранд. Бо 1 ҳарф доварон ва масъулини Ҷоми Осиё-2023, ки дар соли 2024 баргузор гардид, ба ҳиҷ ваҷҳ намехостанд, ки дастае чун Тоҷикистон то нимфинал равад. Зеро агар ба финал ҳам мебаромадем, мухлисони мо 1 варзишгоҳро ҳеҷ гоҳ пур карда наметавонистанд. Чунки фосилаи мо хеле тулонист. Вале Амороту Урдун паҳлуи Қатар ҷойгиранд, дар 1 қора…

Бо ин ҳама футболбозони мо, мутаассуф, дар қисмати 2-вум камтар тӯбро ба ҷаримагоҳи ҳариф мепартофтанду бештар бозӣ-бозӣ дар миёнаи майдон карда, ба қафо пас медоданд. Метарсиданд! Ятимов бошад, бо ҳама бузургияш, ҳарос мекард, аз ҷаримагоҳи худ тӯбро бо бачаҳоямон бозӣ доронад, бо усули маъмултарин дар футболи муосир ва баъди ҳар боре тӯб ба кафаш меомад, вақтро кашол додаву онро, яъне тӯбро, бо зарбаи сахт ба нимаи майдони Қатар равона мекард. Ин партобҳоро тасодуфӣ мегӯянд. Яъне метавонад моли мо шавад, метавонад аз ҳариф. Ва чунин бозӣ ҳоло дар ҷаҳони муосир На-Ме-Ку-Нанддд!!!

Маҳз ана ҳамин партобҳои номуваффақ будандӣ, ки бозигарони мо муваффақ нашуданд. Бо ҳама иззат аз Рустам Ятимов, бояд ӯ бозигузорӣ аз назди ҷаримагоҳи худро роҳандозӣ мекард ва аз фишори урдуниҳо наметарсид. Зеро маҳз чунин бозигузорӣ метавонад, ақибгоҳи ҳарифро заъиф намояд.

Дар дақиқаи 66-ум чизе рух дод, ки набояд мешуд. Мутаассуф, тӯб ба бадани Ҳаннонов Ваҳдат расида, вориди дарвозаи мо шуд. Онро автогол ҳисобиданд, ҳарчанд чунин тӯбҳоро «рикошет» мегӯянд. Бо ин ҳама беҳтарин бозигар дар ин рӯз маҳз Ваҳдати нозанин будӣ, на ягон каси дигар. Ҳарчанд даста дар ҷамъ хуб бозид ва бо сари баланд майдонро тарк кард. Зеро мо на бо ҳисоби бузург ва на бо бартарияти рақиб бохтем. Бохт минималӣ шуд. Корамон омад накард, гуфти русҳо «просто, не повезло» …

Ғалабаи мо бар Урдун

Вале дар ин рӯз мо пирӯз ҳам шудем. Дар назар дорам, азму ҷазму талоши Шурику Саъдиву Бахаро, ки тавонистанд, бо гурӯҳи кӯчаки ҳудудан 40 нафара бар варзишгоҳи 40 ҳазорнафара пирӯз оянду садои ҳарифро маҳв ва аз худро буланди буланд кунанд. Бовар дорам, ин мухлисон, агар бо атрибутикаи нави футболи муосир, дафу дуҳулу карнайу баландгӯяки замонавӣ таъмин гарданд, гимни ЯГОНАи футболи миллиро сароянд ва дастгирии моливу иқтисодӣ ёбанд, фанклуби расмии худро таъсис додаву машқу тамрин кунанд, мунтахаби мо дар дилхоҳ кишвар ва бар дилхоҳ ҳариф пирӯз мегардад!

Инро беҳуда намегӯям, зеро сар аз аввали баҳор бозиҳои интихобӣ ба Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё шуруъ мешаванд ва шахсан ман бо Манчинӣ-мураббии Арабистони Саъудӣ, ҳарифи №1 бо мо, вохӯрдам, ки бозии Тоҷикистонро меомӯхт!!!

Шерони Тоҷикро бо мухлис ва фан-клуб таъмин кунед ва натиҷаҳоро интизор бошед. Ман медонам, ки чӣ мегӯям. Мо Метавонем!!!

 

 Сипоси президентӣ

Бисёр хушоянд буд, ки баъди бозӣ (пеш аз бозӣ низ!), Рустами Эмомалӣ-президенти ФФТ, пеши бачаҳо фаромада, аз бозияшон сипосгузорӣ ва мунтахабро дилбардорӣ намуд. Ин хеле муҳим аст! Рустами Эмомалӣ, ки худ футболисти профессионал аст, воқеан ҳам футболро хуб мефаҳмад ва ин аст, ки аз бачаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ минҷумла гуфт:

«Тамоми Тоҷикистон бо шумо фахр мекунад! Ташаккур ба шумо барои ҳунарнамоии арзанда! Шумо ҳамаи корро кардед. Имрӯз бахт ба мо нахандид. Аммо шумо то сонияҳои охир мубориза бурдед. Барои ҳамааш ташаккур

Чизе бар ин гуфта изофат кардан мумкин нест! Танҳо меафзоем, ки Рустами Эмомалӣ ба мунтахаби Тоҷикистон ҳудуди 600.000 доллар туҳфаи пулӣ намуд, ки ҳалолаш бод!!!

 

Сипоси ФФТ ба халқи Тоҷикистон

ФФТ ба тамоми мухлисон барои дастгирии тими миллии кишвар дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар изҳори сипос карда навишт:

– Мо ба ҳамаи мухлисоне, ки ба Давҳа омаданд ва дар 5 бозии баргузоршуда тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ карданд, миннатдории самимӣ баён мекунем. Ташаккури зиёд ба шумо, ки ба дастаи асосии мамлакат қувват ва неруи иловагӣ бахшидед!  Ба онҳое, ки бо сабабҳои объективӣ ба Қатар омада натавонистанд, вале дар назди экранҳои телевизиони худ бо эҳсоси баланду шавқи зиёд тамошо карданд, ташаккур мегӯем. Бозингарон ва мураббиён дар давоми тамоми мусобиқа дастгирии шуморо эҳсос карданд. Мунтахаби Тоҷикистон бар асоси натиҷагирии худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба ҳаштгонаи беҳтарини қитъа ворид шуд. ТАШАККУР БА ҲАМА!!!

Петр СЕГРТ- Пётри Кабир

Ин ҷо лозим медонам, суҳбати қаблазбозии сармураббии Тоҷикистон бо журналистонро корам, то дарк кунед, ки мунтахаби мо чӣ масъулияте бар дӯш дошту чӣ саркоре:

– Мо ба бозии дарпешистода бо Урдун омодаем. Мефаҳмем, ки ҳариф дастаи хеле хуб дорад, онҳо мураббии қавӣ доранд. Бозӣ бо Урдун барои тими мо дар ин мусобиқот сеюмин финал аст. Дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё аспи тезрав аст ва аспи гарданкаш мехоҳад, орзуи худ – роҳ ёфтан ба даври баъдиро идома диҳад. Мо дар бозии 1/8 ниҳоӣ бо яккачини АМА, ки 120 дақиқа давом кард, қувваи зиёде сарф кардем. Тамринҳои барқароршавиро анҷом додем, ба бозии дарпешистода омодагӣ мебинем ва ҳоло бо он қуввае, ки дорем, рақобат хоҳем кард.

Вохӯрии дастаҳои Урдун бо Ироқ низ ҳассос буд. Урдун оқилона бозӣ карда, дар охир 2 гол зад. Дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мо аллакай бо тими Урдун бозӣ кардаем, пешсаф будем, вале баъдан дар сонияҳои охир гол сар додем. Аз ин рӯ, дастаи Урдун тими зирак аст, то сонияҳои охир мубориза мебарад. Ман бо бозигарони худ фахр мекунам. Коллективи мо мисли 1 оила аст ва шодам, ки сардори ин коллектив мебошам. Аммо ҳоло пас аз бозиҳои бобарор ба ман, сармураббӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуда истодааст, шумо бояд ба бозигарони тими миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунед, зеро онҳо ситораҳои аслии ин мусобиқа мебошанд.

 

Табрез ИСЛОМОВ: Мо ғалаба мекунем!

Ҳимоятгари мунтахаби мо бошад, бар назаре буд, ки Тоҷикистон танҳо барои пирӯзӣ ба майдон мебарояд:

– Мо ба бозии дарпешистода мувофиқи нақша омодагӣ мебинем. Моро бо тими Урдун, ки дар таърихи худ бори панҷум дар Ҷоми Осиё ширкат варзида, 3 бор ба чорякниҳоӣ баромадааст, бозии душвор дар пеш аст. Дар муқоиса бо бозии охирин дар моҳи ноябр, мо мушоҳида кардем, ки Урдун ҳоло беҳтар шудааст, хатти ҳамла махсусан фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, ҳимоятгарони хуб ва боварӣ дорам, ки ҳуҷуми рақибро нигоҳ медоранд. Дар вохӯрӣ бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб, вақте ки дар варзишгоҳ мухлисони Тоҷикистонро дидем, ба мо неруи зиёд бахшид. Ин дафъа Федератсияи футболи Тоҷикистон боз 2 хатсайри чартерӣ ташкил кард ва ин бешубҳа моро боз ангеза мебахшад. Мо барои Ватан мубориза мебарем! Баъди вохӯрӣ бо дастаи АМА дидем, ки чӣ тавр тамоми Тоҷикистон аз муваффақияти мо шод шуд. Мо мехоҳем, ки ин то ҳадди имкон давом кунад.

Пирӯзӣ муборак!!!

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки баромади худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа анҷом дод, нимашаби 04.02.2024 ба Ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи моро намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзноманигорон, мухлисону наздикони бозигарон, ситоди мураббиёни тими миллии кишвар пешвоз гирифтанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин ширкати худ дар Ҷоми Осиё 5 бозӣ карда, дар 2 бозӣ ғалаба намуда, ба даври чорякниҳоӣ баромада, ба қатори ҳаштгонаи беҳтаринҳои Осиё даромад, ки ин пирӯзии гӯшношуниди футболи Тоҷик дар ҳама асру давраҳост. Муборакамон бод! Мо Метавонем!!!

Сайёфи Мизроб,

Душанбе – Давҳа – Душанбе

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube