ПАНҶ: БАҲОИ РОҲҲО 2..

19.01.2024. Соат ба вақти Бохтар 08:00 дақиқа. Бо супориши редаксия ин ҳафта роҳ пеш гирифтем сӯи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон. Чун медонистем, ки роҳи тӯлонии 115 километрӣ моро интизор аст, субҳ барвақт бедор шуда, ба роҳ баромадем ва расо соати 8:00 дар назди бинои МИҲД ноҳияи Панҷ қарор гирифтем.  

 

Мошинҳои «худӣ»-ву бегона

Дар роҳ, аснои сафар бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ шудем. Ногуфта намонад, ки вақте ба ин ноҳияи наздисарҳадӣ сафар мекунед, аз чанд гузаргоҳи БДА мегузаред. Мошинҳои шинос, яъне мусофиркашоне, ки ҳамарӯза дар ин роҳ равуо доранд, ҳамагӣ чанд сонияе андармон шуда мегузаранду мошинҳои ношиносро аз қайд мегузаронанд. Бо мо ҳам чунин ҳолат буд. Яъне чун мо аввалин бор сафар доштем, мошини моро пурра аз қайд гузарониданд. Бо назардошти оне, ки ҳолати роҳҳо хело ногувору таъмирталаб буд, нахуст аз ҳолати роҳҳо хостем барои хонанда чизе гуфта бошем.

 

Барои таъмир 400 ҳазор сомонӣ…

Соати болозикр сараввал хостем бо раиси ноҳия Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер ҳамсӯҳбат шуда, аз ҳолати нигоҳдории роҳҳои ноҳия пурсон шавем. Зимни суҳбати кутоҳ Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер танҳо ҳаминро гуфт, ки барои нигаҳдорӣ ва истифодабарии роҳҳои ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳал 400 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Баъдан моро самти Раёсати молияи ноҳия гусел намуд, то маълумоти аниқро аз ин ҷо дастрас намоем.

Тавре огоҳӣ ёфтем, масофаи умумии роҳҳои ноҳияи Панҷ 284,2 км – ро ташкил медиҳад. Аз ин 60 км роҳҳои таъмирталабанд. Ҳаҷми умумии роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ 20 км -ро дар бар гирифта, 40 км дигар роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошанд.

Абдулло Сафарзода, сардори Раёсати молияи ноҳия низ рақами гуфтаи раисро тасдиқ намуд, аммо ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё магар 400 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо кифоягӣ накардааст, ки ҳатто хатҳои уфуқии роҳҳоро дида намешавад? Ва оё бо 400 ҳазор сомонӣ роҳҳои дохилии ноҳияро таъмир карда намешуд, ки чунин ҳолати ногувор доранд?!

Роҳи бесоҳиби 2 ноҳия

Ҳангоми сӯҳбат раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер 1 нуктаро илова кард, ки байни роҳ аз дарвозаи н. Ҷайҳун то дарвозаи н. Панҷ 55 километр аст ва ин роҳҳо гӯё бесоҳибанд.

   – 27,5 км ба ноҳияи мо вобаста асту 27, 5 км дигар дар тавозуни ноҳияи Ҷайҳун, – афзуд ӯ.

Воқеан ин қисмати роҳ – роҳи муаллақи байни 2 ноҳия чунон вайрону валангор аст, ки барои сафар кардан бо мошин хело машаққати зиёд пеш меорад. Ин роҳҳоро ҳам бояд ҳангоми ҷудо намудани буҷет ба назар гирифту барои обод карданаш саъй намуд. Бо “На аз ману на аз ту гуфтан” пеш нахоҳем рафт.

Ба кӣ ва кадом рақам бовар кунем?

Бо пайдо кардани маълумоти бештар рӯй овардем ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ. Ин ҷо ҳаҷми маблағи буҷети аз маҳал ҷудошударо ба 300 000 сомонӣ нисбат доданд.  Мо нафаҳмидем аз он 400 ҳазор сомоние, ки раиси ноҳия ва сардори Раёсати молия тасдиқ намудаанд, 100 ҳазор сомонӣ куҷо ғайб зад?

Аз натиҷаи ҷудошавии маблағҳо дар самти истифода ва нигаҳдории роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи ноҳияи мазкур ҳаминро хулосабарорӣ метавон кард, ки дар соли гузашта таъмири роҳҳоро на он қадар хуб ба роҳ мондаанд. Ҳатто хатҳои уфуқии байни роҳҳоро рангубор накардаанд.

Тибқи маълумоти МДНР (ДЭУ) дар ноҳия роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ дар маҷмӯъ 45,1 км аст. Лек тибқи иттилои Идораи хоҷагиҳои роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ин рақам 20 км дарҷ меёбад. Ба кадоми ин рақам метавон бовар баст?

 

Аломатҳо нестанд!

Соли гузашта 53 адад аломатҳоро ҳарчанд насб карда бошанд ҳам, лекин мо ягон аломатеро зимни боздид аз ин ноҳия надидем. Вобаста ба ин суол ва якчанд саволҳои дигари муаллақу беҷавоб тасмим гирифтем, ки ба худи Идораи роҳ рафта, бо вазъи ин муасисса ошно гардем.

Чуноне хабар дода шуд, дар соли гузашта дар ҳайати мансабҳои коркунон ва кормандони соҳаи истеҳсолии МДНРА  дар ноҳия 40 нафар кормандон фаъолияти пурсамарро пеш бурда, дар ҳифзу тоза ва нигоҳдори роҳҳои ноҳия саҳмдоранд. Ва онҳо дар тӯли сол аз ҳисоби нигоҳдорӣ 14 адад аломати роҳро бо маблағи 5469 сомонӣ насб кардаанд.

Маълумамон ҳам гардид, ки ҳамасола аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо 1  миқдор маблағи муайяне ҷудо мегардидааст.

Хона ё идора?

1 муаммои дигар, ки моро дар рафти сафар ҳайрон кард, ин ҳолати кории худи Идораи роҳ буд. Агар ба ҳамон якчанд нақлиёти вайронаи корхона аҳамият намедодем, гумон мекардем, ки ба хонаи нафаре даромадаем.

Дар дохили идора зиндагӣ ихтиёр кардани оилаи калон кори дигар буд. Ин ҷо мардуми зиёде зисту зиндагонӣ доранд. Кӯдакон дар такопӯ ва машғули даву тоз. Магар дар дохили замини идора метавон зиндагӣ кард? Ин идораи давлатист ва ё хонаи шахсӣ? Суолест риторикӣ ба сардори МДНРА ва вазири нақлиёти ҶТ…

  

Фоидаи кор – таъмири мошин

Шавкат Бердимуҳаммадов, сокини н.Панҷ, ки ба мусофиркашӣ машғул аст, моро дида, зуд наздамон омаду аз намояндаи рӯзномаи мардумӣ буданамон изҳори хушнудӣ карда, суҳбатро дар мавриди таъмири роҳҳо чунин оғоз намуд:

   – Ман тӯли 10 сол аст ба мусофиркашонӣ машғул ҳастам ва ризқу рӯзиамро аз ин кор ба даст меорам. Меҳнати ҳалоли худро бошад ба таъмири мошинам сарф мекунам. Агар дар 1 сол 2 маротиба мошинамро таъмир накунам, наметавонам корамро пеш барам. Зеро ҳолати роҳҳоро худи шумо низ мушоҳида кардед. На танҳо ман, балки тамоми ронандагони самти БохтарПанҷ роҳҳои ободу мумфарш мехоҳанд, – хулоса кард мавсуф.

Хатлон: 789,5 км роҳ таъмирталабанд

Бино ба маълумоти Нусратулло Ҳақназарзода, сардори Муассисаи давлатии ” Идораи хоҷагиҳои роҳҳои автомобилгард» – и минтақаи Бохтар дар ҳудуди 13 шаҳру ноҳияи вилоят ба ҳолати 22.01.2024 маҷмуан 789,5 км роҳҳои таъмирталаб вуҷуд доранд. Дар ноҳияи наздисарҳадии Панҷ бошад ҳамин ҳоло 60 км масофаи умумии роҳҳо ба таъмир ниёз доранд!

Ҳарчанд дар давоми солҳои мустақилӣ мо ба дастовардҳои беназири роҳсозӣ шарафёб гашта бошем ҳам, то ҳол ҳастанд камбудиҳое, ки бояд дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбанд, то мушкилоти мардум осон гардаду сатҳи зиндагиашон беҳбуд…

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 639 ҳамкорӣ бо Ҳукуматҳои маҳаллӣ оиди ҷудо намудани маблағҳо, таъмиру нигаҳдорӣ, барои чӣ ва дар кадом самт харҷ гардидани онҳо низ бояд зери назорат гирифта шавад. Вагарна аз рақамбозиҳо манфиате нахоҳем дошт. Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода

Бохтар – ПанҷБохтар

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube