БИНОҲОИ ХАРОБ ГАРДАД ОБОД?

Масъалаи сохтмони биноҳои навбунёд ва ба сифату талаботи стандартҳои меъёрӣ мутобиқ будани онҳо борҳо дар газетаи СССР мавриди баррасӣ қарор ёфта буд. Хонандагони газета ҳафтае нест, ки роҷеъ ба сифати сохтмон, шартномаи тарафайн байни соҳибмулк ва ширкати сохтмонӣ, масолеҳи бесифати сохтмонӣ суол накунанд. Мо тасмим гирифтем бори дигар ба ин масъала, ки воқеан доғи рӯз аст, баргашта, дар бораи вазъи соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар кишвар, санҷиши биноҳои навсохт ва ҳимояи ҳуқуқи харидор суҳбат кунем. Мо Метавонем!

 

9484 камбуди сохтмончиён

Тавре Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 3 феврал таъкид дошт, дар соли 2024 дар кишвар ба масоҳати умумии 1 миллиону 739,6 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Моҳҳои январ-декабри соли 2024 бошад фондҳои асосӣ ба маблағи 11 миллиарду 122 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудааст.

Мутобиқ ба талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбати сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ назорати сифати корҳо дар иншоотҳо гузаронида шуданд (мо таблитсаро пурра меорем, то барои хонандаи СССР фаҳмотар шавад):

 

Шумораи шаҳру ноҳияҳо 65
Сохтмони иншооте, ки таҳти назорат қарор гирифтанд дар ҳудуди ҷумҳурӣ (адад) 1375
Шумораи назорати сифати корҳои сохтмонию   васлгарии гузаронидашуда 3975
Камбудӣ ошкор карда шудааст, адад 9484
Амрнома дода шудааст, адад 1205
Ҷарима баста шуд (сомонӣ) 1653156

 

Рафти иҷозатномадиҳӣ  барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ:

 

Муроҷиатҳое, ки дар давоми соли 2024 барои гирифтани иҷозатнома ворид гаштааст (адад) 597
Иҷозатнома дода шуд (адад)

Ҷавоби рад дода шуд

Дар баррасӣ мебошад    

477

68

52

Барои аз 1 сатҳ ба сатҳи дигар гузаронидани сатҳи масъулиятнокӣ муроҷиат ворид шуд адад 216
Қонеъ карда шуд адад

Ҷавоби рад дода шудааст

Дар баррасӣ мебошад

174

22

20

Аз ҳисоби ҳаққи иҷозатнома ба буҷет ворид шудааст, сомонӣ 350 496

 

 Ҳолати аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳо:

 

Шумораи лоиҳаҳои сохтмоние, ки дар соли 2024 барои гузаронидани ташхиси давлатӣ ба Раёсати экспертизаи давлатӣ пешниҳод шуданд 872
хулосаи мусбӣ гирифтанд 679
хулосаи манфӣ гирифтанд 20
мавриди баррасӣ қарор доранд 163
аз эътибор соқит карда шуд 10

 

$ 780 – 1 метр манзил дар Душанбе

Низом Мирзозода роҷеъ ба суоли хабарнигорон дар мавриди нархи манзил дар кишвар, хосса ш.Душанбе гуфт, вақте иншоот ба тариқи соҳибкорӣ сохта мешавад, албатта, нарх дар он ҷо озод аст. Нарх ба тариқи бозаргонӣ аст, вобаста ба хароҷотест, ки соҳибкор онро ба назар гирифта, арзиши хонаро муайян мекунад.

   Имрӯз дар Тоҷикистон нархи 1 метри мураббаи хона ба ҳисоби миёна 705 доллари ИМАро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе он 780 доллар буда, тағйирёбанда аст. Масалан, дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 7ум ошёна боло 550 доллар ва аз 7-ум ошёна поён 650 доллар, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 7-ум ошёна боло 850 долларро ташкил медиҳад. Ин, албатта, вобаста ба ошёна ва ҷойгиршавии ин ё он иншоот мебошад. Манзилҳои истиқоматие, ки аз тарафи ташкилоти махсус сохта мешаванд, ба кормандонашон аз рӯи арзиши аслии он иншоот фурӯхта мешаванд, – таъкид дошт Низом Мирзозода.

 

Ба сифати ҳуҷра кӣ масъул аст???

Мо танҳо афзуданием, ки ин нархнома (780 доллар) барои 4 кунҷи девор ё худ «коробка» аст. Ва ин танҳо дар кишвари мост, ки хонаҳо бидуни фаршу нигас, ҳатто бе андова ва дару тирезаи дарунӣ, бе монтажи сими барқу лулаҳои обкаш фурухта мешаванд. Ва агар нархи таъмиру монтажу тармимро замм кунем, нархи 1 метри мураббаъ хона дар пойтахт аз 1200 доллар низ болост, ки паст не!

Воқеан ҳам, зеробгузорӣ-затоп ва сухтору аз кор мондани қувваи барқ (замыкание) маҳз барои он ба вуқуъ мепайванданд, ки касе чи хеле хост, яъне аз рӯи бардошти кисаи фардӣ ин корҳоро поён мерасонад. Яъне ҳини қабули биноҳои навсохт ё худ «дом»-ҳо масъулин аслан сифати худи ҳуҷраҳоро на мебинанд, на ба назар мегиранд ва на диданианд! Комиссияи масъул бояд ин камбудро низ ба эътибор бигирад ва нагузорад, ки фарзи мисол, 1 хонае дар ошёнаи 18 то 1 этажи 1 подъездро таки об монад ва ё боиси сар задани сухтор шавад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Қоидаҳои шаҳрсозӣ риоя мешаванд?

Бобати риояи қоидаҳои шаҳрсозӣ раиси кумитаи мазкур гуфт, ки бо мақсади баҳодиҳӣ ба риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуотӣ сохтмонӣ, санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия таъсис дода шудааст.

– Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ мешавад. Мақсади асосии санҷиш муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад. Вобаста ба дуру наздик будани биноҳои навсохт низ хеле зиёд мегӯянд ва ин кор пайваста зери назари мутахассисони кумита аст. Бубинед, агар дар 1 тарафи бино тиреза набошад, он гоҳ масофаи байни биноҳо то 10 метрро ташкил медиҳад, агар саҳни асоии бино бошад, бо даромадгоҳу тирезаҳои ҳуҷраҳо, пас бо зарадошти бунёди майдончаи бозии кӯдакон масофаи байни биноҳо то 25 метрро бояд ташкил намояд, – афзуд ӯ.

Тавре Парвиз Абдураҳмонзода, сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон ба мухбири СССР иттилоъ дод, дар ин озмоишгоҳ сифати арматура, масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили хишту сементу бетон ва корҳои пардозгарӣ санҷида мешавад. Аз ширкатҳо сертификати тамомии маҳсулоти аз хориҷ барои биносозӣ воридшуда талаб гардида, раванди сохтмон то ба истифода додани бино зери назорат аст.

 

 Харидор талаб намояд!

Дар идомаи суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар Низом Мирзозода ба масъалаи фиреби домсозону таъхири бархе аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ диққат дода, гуфт, ки харидор бояд ҳушёр бошаду ҳуқуқҳои худро бидонад.

  • Ҳар 1 харидор бо соҳибкори биносоз шартнома дорад, ки дар он ҳатман муҳлати ба истифода додани бино дарҷ гардидааст. Тибқи ин шартномаи дутарафа харидор зимни таъхири муҳлати ба истифода додани бино ва ё ягон каму кости дигар метавонад биносоз ё ширкати хонасозиро ба додгоҳ кашида, ҳимояи ҳуқуқҳои худро талаб намояд. Харидор бояд аз маърифати ҳуқуқӣ бархурдор бошад ва аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карданро тавонад. Охир мо ин солро ҳатто Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардаем – таъкид дошт Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

А.Собир, суратгир – оператор

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube