ИСТАРАВШАН ДИГАР ШАҲРИ БОСТОНӢ НЕСТ!

Салом СССР! Тули зиндагиам дар ш. Истаравшан 2 тоифа раисонро дидам: яке панҷаракан ва дигаре панҷарамон. Замони роҳбарии раиси қаблӣ панҷараҳои биноҳои шаҳр пурра бардошта шуданд, то масъулин ба мардум наздиктар бошанд. Вақти роҳбарии раиси имрӯза боз биноҳои маъмурӣ сар аз бинои МИҲД панҷарапеч шуда, гоҳе аз 3 метр болотар. Шояд ба хотири он, ки мардум имкони даромад надошта бошад?

Ҳоло бо истифодаи фурсат аз газетаи СССР ба роҳарияти Кумитаи меъморию сохтмони мамлакат 1 савол дорам: нақшаи генералии шаҳри Истаравшан, ки онро соли 2014 Ҳукумати ҶТ тасдиқ карда буд, наход ҳамин қадар ҳуҷҷати беқурб шуда бошад, ки ягон ГОСТ – и ояндабинии шаҳрсозӣ, ақаллан 80% риоя нашавад?

ЖКХ, бозорҳо – бардак, сой – пури партов, худи шаҳр гӯйё «нақби болокушод» шудааст…

Собиқ автовокзал – объекти стратегӣ ва бинои филиали «Промбонк»-и СССР-ро фурухтанду ниҳоди давлатии Маркази шуғли аҳолии Вазорати меҳнат беш аз чоряк аср аст, ки (аз замони вазирии Рафиқа Мусоева) дар хобгоҳи хонандагони ПТУ № 14 ҷойгир аст. Шаҳрро дигар бостонӣ нагӯем ҳам мешавад!

Дар Масҷиди Ҳазрати Шоҳ (асри 14) ва Гумбази Кабуд (қарни 16) баъди чалларемонт дару тирезаҳои пластикии муосир насб кардаанд. Ин беҳурматӣ нисбати таъриху фарҳанг нест?

1 бор омада «шоҳкориҳо»-и архитекторони моро бубинед! Охир ин шаҳр ҳам ҷузъи  сарзамини Ватан аст. Солҳои 1945-1947 Уротеппаи 1 вақтҳо машҳур дар ҳайати РСС Тоҷикистон мақоми вилоятро дошт…

М. Маннон,

ш. Истаравшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube