БАРҚ, БАРҚ, БАРҚ…

Давлаталӣ Ахмедов, хонандаи ҳамешагии газетаи СССР, собиқадори соҳаи маориф аз н.Вахш бо идора дар тамос шуда (тел: 931613734), дар бораи тақсимоти ноодилонаи қувваи барқ изҳори норозигӣ намуд.

– Ҳарчанд борҳо дар ин бора мегӯянду мегӯем, аммо натиҷае намедиҳад. Дар рӯзномаи «Тоҷикистон» хонда будам, ки сар карда аз моҳи феврал тақсимоти қувваи барқ ба 7 соат мерасад. Аммо мо, ки дар ноҳияҳо зиндагӣ дорему аз марказ дурем, на 7 соатро мебинему на 5 соатро. 1,5 соат субҳ ва 2,5 соат бегоҳ барқ дорему халос. Хоҳиш мекунем, ки ақаллан дар рӯзҳои сард барқро мувофиқи тақсимоташон ба мардум дастрас намоянд. Бе барқ дар рӯзи зимистон ҳеҷ коре наметавон кард. Кӯдакони бемори зуком ва пирони касалмандро нигоҳубин мебояд. Аммо аз ин бебарқӣ гуфтанҳо на дигаргуниро мебинему на барқи кофиро. Магар дар ин боронгариҳою барфҳо ҳоло ҳам норасоии обро баҳона доред(м)?!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube