Ба автобуси ҷамъиятӣ нишастам. Дар истгоҳи навбатӣ рӯ ба рӯям марди болобаланди тахминан 45 – 50 сола бо симои дилписанд, вале бо риши дарози то болои шикамаш расида, ки он ҳусни зеборо мекоҳонд, нишаст. Ҳамин сабаб шуду китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» – ро варақ задам. Дар саҳифаи 139 хондам: Риш мӯйҳои чакка ва манаҳи мардон будааст ва дар ин бора Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакии бузургвор оварида:
Риши худро ҳаме ҳизоб кунӣ,
Хештанро ҳама азоб кунӣ.
Аз ин таъқиди устоди сардафтари адабиёти классики форс – тоҷик маълум мегардад, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардум ба ин тарзи рафтор муқобил будаанд.
Мутолиаро давом додам. Поёнтар пажӯҳишгарон навиштаанд: риш кандан киноя аз ташвиш ва заҳмати бефоида кашидан омадааст. Баъдтар риш шона задан киноя аз омода шудан ба кори бефоида машғул шудан будааст, ки Мавлоно Ҷомӣ фармудааст:
Яке аз ҷамъ харфурӯшона,
Баҳри ин кор риш зад шона.
Омӯзишро идома дода, ин ҷумларо хондам: риш дар дасти дигаре доштан ихтиёри худро ба дасти дигаре супурдан, дар кору рафтор мустақил набуданро олимони нуктасанҷ ифшо карда будаанд ва Саъдии бузургвор нисбати ин гуна афрод 2 мисраъ шеър ҳам гуфтааст:
Ҳар ки дил пеши дилбаре дорад,
Риш дар дасти дигаре дорад.
Риш зебу зиннати кист?
Баъди мутолиаи ин ақидаҳо ба худ савол додам, ки ба кӣ умуман мондани риш равост? Якум ба онҳое, ки касалии пуст доранд. Дуюм ба онҳое, ки дар бари рухсораҳояшон ягон иллате вуҷуд дорад. Баъдан риш аз ҷиҳати паҳнӣ набояд аз нармаки гӯш гузарад ва аз ҷиҳати дарозӣ аз 2 сантиметр зиёд набошад. Чуноне, ки дар ҳамаи мамлакатҳои араб ин қоида ҷоиз мебошад.
Саволи дигар маро ба хислату кирдору рафтори миллатам мувоҷеҳ намуд. Онҳое риш мемонанд, ки беҳавсала, танбал буда, аз ҷиҳати фарҳанги зебопарастӣ фарсахҳо дуранд. Тарафи дигари масъала дар он аст, ки бо натарошидани риши дароз аввалҳо онҳо гӯё фахр мекарда бошанду баъдан маблағ сарфа менамоянд. Чунки барои риш гирифтан, онҳо маҷбуранд, ки ба назди сартарош рафта, ҳаққи хизмат супоранд ва ё собуну теғу чуткаи ришмолӣ хариданашон даркор аст.
Размери риш чанд аст?
Ҳама чизи дунё ҳадду ҳудуд ё худ размер дорад! Ба худ савол медиҳам, сабаби риши дароз мондани мардон дар чист? Якум, мардон бо ин васила мехоҳанд, ки дарозумрии худро ба намоиш гузошта, мардум онҳоро ҳурмату эҳтиром кунанд. Ҳол он ки сабаби асосии эҳтиром бояд донишу хиради инсон бшад. Баъдан ин гуна фардони бе фарҳанг мехоҳанд, ки бо ин амали ношоиста ба дили ҷавонон тарсу ваҳм ҷой диҳанд. Зеро аз навори синамо мебинанд, ки ҳамаи ифротгароён бо риши дарози бадвоҳимаи шонанадида ба сари мардуми бечора қатлу ғорат меоранд.
Пас бо кадом роҳ мо ба мардуми Тоҷик фаҳмонем, ки симои зебову дилписанди худро ба андоми ваҳмангез табдил надиҳанд? Якум, ба кормандони синамо зарур аст, ки ҷиҳати зебопарастии мардон барномаҳои дилписанд таҳия намоянд. Дуюм, занҳои Тоҷикро зарур аст, ки ба шавҳарҳо фаҳмонанд, ки симои зебои худро барвақт ба риш мондан одат накунонанд (дар масъалаи носкашӣ ҳам). Чунки фарзандони онҳо аз навҷавонӣ ба рафтори волидайн пайравӣ намуда, ба ришмонӣ даст мезананд. Сеюм, табибон ва дизайнерони муҳтарами моро низ лозим аст, ки бобати фоидаву зарари ришмонӣ бетараф набошанд. Чорум ва аз ҳама асосӣ он аст, ки имомхатибон дар мавриди маъвизахонӣ мардонро аз риояи қоидаҳои ришмонӣ огоҳ намоянд.
Дар сурати иҷрои ин шартҳо мо симои Тоҷиконаи худро ҳифзу ҳимоя намуда, хандахариши қавмҳои бегона намегардем. Мо Метавонем!
Зариф Ғулом, адиб
