САРМЕЪМОР: ДОМСОЗИ МО КУ!?

Салом СССР! Мо 1 гурӯҳ сокинони 1 бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи Навбаҳор 3-и н.Синои пойтахт тавассути газетаи мардумӣ мехоҳем ба Сармеъмори пойтахт, ба сардори Сарраёсати меъморӣ ва сохтмони ш.Душанбе Самӣ Азизиён муроҷиат намоем, ки ба мушкилоти шаҳрвандон ин Сарраёсат расидагӣ намояд.

Бояд гуфт, ки бинои мо ба ширкати сохтмонии «Рустамиён» – соҳибкор Ҷамолиддин Рустамов дахл дошта, қарор буд солҳои 2018-2019 ба истифода дода шавад. Аммо бо гузашти 5 сол то ба ҳол бино барои гузаштан аз комиссияи давлатӣ пешбарӣ нашуда, проблемаҳои зиёд дорад.

Аз ҷумла: лифтҳо насб ва даромадгоҳи бино – подъезд таъмир нашудааст, қубурҳои обу ташноб низ ба пуррагӣ насб нашуда, ҳолати берунии бино – фасад дар вазъи табоҳ қарор дорад. Инчунин тагхонаи бино ба манзили истиқоматӣ табдил дода шуда, хатҳои барқ низ мушкил доранд. Ҳолати муҳити зист низ нохуб аст.

Новобаста аз зангҳои пай дар пайи мо масъулин ва «домсоз»-ро наметавонем пайдо кунем, то ҳамаи ин проблемаҳоро бартараф намояд. Умеди охирини мо СССР аст!

Сокинони бинои нави истиқоматӣ,

маҳаллаи Навбаҳори н.Синои ш.Душанбе

(аризаи сокинон бо имзоҳо дар идора маҳфуз аст)

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube