Беҳтарин хабари рӯз бароям он буд, ки имрӯз муҳтарам Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муаллим – бобои 90-солаи мо, Ҳомидҷон Шариповро хабар гирифтанд. Ногаҳонӣ ва сюрприз! Дасти Шумо дард накунад муҳтарам Вазир!
Воқеан Муаллимро, ки беш аз 70 соли умри худро ба мактаб ва таълиму тарбияи кӯдакони деҳот бахшидааст ва боз ҳам ин ҳама сол аз фанни забони англисӣ дарс гуфтааст, шод гардондед! Ҷаҳони сипос ва ҳамеша муваффақ бошед!
Сипоси вежа ба муаллимаи гиромӣ Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, ки ҳамеша даст ба кори нек доранду аз ҳолу аҳволи муаллимони собиқадор хабар мегиранд! Офарин!
Ташаккури зиёд ба бону Мадина Турсунзода, директори ҷавон ва хеле кордону ташаббускори МТМУ #33- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки пайваста амалҳои нек дорад ва муаллимони кордидаю пиронсолро дар ҳамаи иду ҷашнҳо хабар мегирад…
Воқеан ҳам омадани 1 вазир ба аёдати 1 муаллими солдида, боиси фараҳи 1 деҳа буд. Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
09.02.2025
