БРАВО, ШОҲРУХ САИДЗОДА!

Риояи меъёр ва талаботи қонун, кафили суботи ҷомеа ва осиштаҳолии шаҳрвандон мебошад. Дар ин замина милитсияи пойтахт ҳамеша баҳри таъмини ҳуқуқу манфиатҳои сокинону меҳмонони Душанбешаҳр талош намуда, афроди қонуншикану ҷиноятпешаро дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб менамоянд.

Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе итиллоъ доданд, ҳафтаи гузашта дар асоси шикоятҳои шаҳрвандон, дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, 10-нафар вайронкунандагони тартибот дастгир карда шуданд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Муҳаммадиев Абдуҳалим (бо моддаи 249-роҳзанӣ КҶ ҶТ суд шудааст), Раҳимов Меҳроҷ, Оев Ҷамолиддин, Нуров Муҳаммад (бо моддаи 244-дуздӣ КҶ ҶТ суд шудааст), Муҳаммадиев Иброҳим (бо моддаи 248-ғоратгарӣ КҶ ҶТ суд шудааст), Саидмуродзода Муҳаммад, Оев Саидмаҳмуд, Абдулхайров Ҷамшед, Туманова Фатҳиддин ва Юлдошев Шариф дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шабгардӣ намуда, бо истифода аз яроқи сард ба тарс додани шаҳрвандон ва мунтазам ба содир намудани кирдорҳои зидди ҷамъиятию авбошӣ машғул будаанд.

Айни замон ҳамаи номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, оид ба амалу кирдорҳои ҷиноятии содир намудаи онҳо тафтишоти пешакӣ идома дорад.

О.Достиева,

СССР

Аз редаксия: Воқеан ҳам бо омадани генерал – майори милитсия Шоҳрух Саидзода ба вазифаи сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе кор дар самти вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ва авбошону қаллобони интернетӣ ҷоннок гардида, онҳое, ки ҳамарӯза ба мардумфиребӣ ва мардумозорӣ машғуланд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Маълум аст, ки Милисаи №1-и пойтахт хеле сахту ҷиддӣ ба кор шуруъ кардааст ва ҳатман Душанбеи нозанини моро аз ин гуна қаллобу авбошон хеле ба зудӣ пок хоҳад кард. Браво, Шоҳрух Саидзода!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube