Таракаи мероси «Тоҷики нимҷон»
Бо таъсиси ҷумхурии мухтори Тоҷикистон шаҳристонҳои азим, ҳавзаҳои фарҳангӣ аз худуди он берун монданд. Ин амал 1 бадбахтии дигарро овард. Боигариҳои фарҳангӣ, мероси нотакрори ниёгони тоҷику бузургонаш «ворисони нав» пайдо карданд. Яъне таракаи мероси «тоҷики нимҷон» cap шуд. Муллои русӣ ба ивази суди ояндааш ба кафи тоҷик бод гузошт.
Шаҳристонҳо на танҳо маркази иқтисодӣ ва намоёнгари тамаддуни чандсадсола, балки намоёнгари равнақи равонӣ ва рӯҳи миллат буданд. Маркази давлат он ҷо буд ва тафаккури миллат низ.
Мегӯянд, ки «босмачиён» аз ҷумлаи ҳаракати умумихалқӣ набуд, ки нақша ва барнома надоштанд. То ин андоза раҳгум набошанд ҳам, воқеан нақшаи комил надоштанд. Ин гуна амалро зиёии шаҳрнишин ва дар марказ нишаста месозад. Вале мо ягон шаҳр надоштем. Гузашта аз ин ҳаракати муқовиматро бо ҳизби сотсиалдемократӣ ва пасон коммунистии ленинӣ муқоиса набояд кард. Ҳизби Коммунист солҳои тӯлонӣ омодагӣ дошт ва дар бунёди барномааш давлатҳо ва шахсиятҳо аз Аврупо фаъол буданд. Ҳаракати муқовимат ногаҳон бо душман рӯбарӯ омад ва ягона манзураш дифоъи кишвар монд.
Беҳтарин ашхос дар шаҳрҳо аз кӯҳистон ҷамъ меомаданд, ки амри табиист. Ба василаашон асарҳо офарида мешуд, амр нашр мешуд, мусиқӣ пайдо мегардид ва ғайра. Ҷаҳони зиндаи офаранда буданд шаҳристонҳо.
Шояд андешаҳои бандаро ба масхара бикашанд ва таъкид намоянд, ки санъати асил, ба вижа мусиқӣ марҳилаи замонӣ, миллат, мазҳаб ва марзро намепарастад. Ва агар ҳавои даҳан кунем, ки моли тоҷикро ҳич кас аз худ наметавонад кард, рӯсиёҳ мемонем, балки аз бечорагиамон бувад. Замона дигар шудааст. «Зӯр, зӯр аст, Худо ҳам пушти зӯр». Манзур пушти ҳамсояҳоро монда, тарафи моро касе намегирад. Гузашта аз ин ҳамсоягони муддаъӣ имконият бештар доранд, дар таблиғ ва «гапгузаронӣ» чи, ки маблағ доранд ва сарваташон бештар аз мост. Нуфузи зиёд ва марзи бузургтар доранд. Бо назардошти ин ҳама феълан ғаюртар гардида ба мероси фарҳангӣ даъво доранд. Ба нақди Акбар Турсон «Туркшиноси маъруфи амрикоӣ Бригелл писхандомезона менависад, ки қавмгароёни ҳадгузар олимонро азони худӣ медонанд, ки 500 сол пеш аз дар арсайи таърих пайдо шудани авлоди кучманчиашон зиста буданд».
Агар ба чунин иқдоми бешармона талош доранд, чи расад ба маҳаллоте, ки дар марзи Ӯзбакистонанд.
Хиради болшевик чӣ «ҳосил» дошт?
Ва ҳамин ҷо бори дигар ба навиштаи Акбар Турсон таваҷҷуҳ бояд кард, ки таъкид дорад: «Аз рӯйи меъёри ҷуғрофӣ муайян намудани халқҳо ва афрод ба он овард, ки аз тақсимоти солҳои 20-ум шурӯъ шуд. Дар солҳои 40-ум С.П.Толстов ва баъзан А.П.Окладников ва Б.Б.Пиотровский ва ин замон Г.Ҳидоятов ва Литвинов аз бузургони тоҷик рад кардаанд».
Магар ин ҳама «ҳосили» хиради болшевикон ва ҳизби коммунист набуд? Онҳо буданд, ки дасту пойи туркгароёнро кушоданд. Дар ин рав муаллифони «История Вокального и хорового исполнительства в Узбекистане» перомуни ҳунарварони нимаи аввали а.ХХ мавод пешниҳод намуда, беҳтарин сарояндагони халқи тоҷик Абдулазиз Расулов (18561936) ва Домулло Ҳалим Ибодов (18781940) – ро, ки зодаи шаҳри Бухороанд, рӯйнатан аз худ мекунанд ва ишорае ба тоҷик буданашон надоранд.1
Усули корхӯрда аст ба василае миёни халқҳо муқовимат бунёд кардан, ки ба сони минаи мудомтаркиш аст. Шеваи ҷанҷолбарангези англисӣ, ҷуҳудӣ, аврупоиро болшевикон ба кор андохта, тоҷику ӯзбекро дар ҳоли муқовимат боқӣ монданд.
Дар тӯли қариб 1 аср аст, ки пайкори лафзӣ дар сатҳи гуногун идома дорад ва то ба талошҳои олимон, сиёсатмадорон ва истодгариҳои ҷиддии роҳбарони давлат бадал мешаванд.
Тоҷик наметавонад бевосита ё бавосита аз шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ёдовар шавад, ки ба алангаи оташи ғазаби ҳамсоягон гирифтор хоҳад шуд. Ба кӯмаки муҳаққиқону олимкаҳакони турктабор тоифаи зархариди бегона омодаанд, ки ба Осиёи нажодгароён об мебанданд.
Аз ҷумлаи онҳо Леонид Левитин1 аст, ки дар борааш дар «Тоҷикон: Миёни хиёнату хун», (Душанбе, 179 с.) муроҷиат кардаам. Л.Левитин иғвогари сатҳи байналмилалист. Ӯ таъкиди шоҳ Исмоили Сомонӣ: «То зиндаам бораи Бухоро манам»-ро аз навиштаи Президент Эмомалӣ Раҳмон иқтибос гирифта, гӯё ба шигифт меояд. Бо тамасхур ташреҳ медиҳад, ки Бухоро ба тоҷикон чӣ муносибат дорад? Пойтахти пешин? Чӣ хел пойтахти тоҷикон будааст, ки дар марзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад? Бо ҳамин ӯзбеконро таҳрик ба муқовимат медиҳад ва ба давлати тоҷикон будани Давлати Сомониён бо назари шубҳа менигарад.
Ғалатҳои фоҳиш, балки хиёнат дарк мекунед, ки то куҷоҳо мебарад. Ин натиҷаи амали «пухта» ва дурнигари болшевикон буд.
Аз мавзӯъ гӯё андак берун рафтем. Вале боз ба асли воқеият наздик мешавем. Дар ҳамон овони ҳассос қавмгароён ба Шашмақом чашм андохтанд. Талошҳо ба ин намунаи санъат шурӯъ гардид. Бино ба таҳқиқи Фароғат Азизӣ бо супориши Нозироти Маорифи ҶХДБ мардумшинос ва мусиқишиноси рус В.А.Успенский, с. 1924 сабти силсилаи Шашмақомро аз ҳофизони бухорӣ Бобоҷалол Носирзода, Мирзоғиёс Абдуғанизода ва Мирзо Назрулло анҷом дод. Занҷираи мақомҳо ва матни он бо забони тоҷикӣ сабт шуданд. Ҳамон сол сабт дар Маскав нашр шуд, вале бе матни тоҷикӣ.
Хиёнати дигари Фитрат
Чаро оҷил ва бе матн? Ба андешаи Фароғат Азизӣ «Он овон, пӯшида нест, ки як сабабҳои асосии нашр нашудани матни тоҷикӣ, то с. 1924 вуҷуд надоштани матни сурудҳо ба забони ӯзбакӣ буд».1
Эҳсос мекунед, агар баръакс мебуд, бародарони мо чӣ шӯре меафканданд? Дар ин ҷодда фарзанди тоҷик Нозири Маориф Абдурауфи Фитрат хиёнати дигаре зоҳир кард. Ӯ зарур донист, ки чопи шашмақом тамоман бе матн беҳтар аст, аз он ки ба забони тоҷикӣ нашр шавад. Чунин ранг гирифтани кор бар зиёни ҳунари мардуми тоҷик буд. Зарба гӯё то бех фурӯ рафт. Ба андешаи Фароғат Азизӣ Абдурауфи Фитрат (18871938), ки дониши комилу яқин аз таъриху назарияи мусиқӣ дошт, бешубҳа аз бохти Шашмақом пайхас мекард. Ба қавли муҳаққиқ, Фитрат ҳамчун сиёсатмадор хуб мефаҳмид, ки нашри силсила ба забони тоҷикӣ дар ҳавзаи фарҳангии Бухорои ибтидои а.XX боиси тезутунд гардидани муносибатҳо ва хархашаю пайкор мешуд. Ва ишора бадон мекард, ки Бухоро аз давронҳои кӯҳан тоҷикнишин аст. Ба андешаи эшон сабт ва густариши Шашмақом ба забони аслиш, имкон дошт авзои сиёсиро мураккаб гардонад.2
Магар авзои сиёсӣ ва фарҳангӣ аз ин бад метавонист бошад. Дар сурате, ки туркгароӣ ба авҷи аъло расида ва дастдарозӣ ба марзҳои тоҷикнишин афзун буд. Тоҷиконро туркони форсшуда муаррифӣ мекарданд, забони ҶХДБ туркӣ-чағатоӣ эълон шуд. Ҳаракати муқовимат шадид ва тақдири Ҷумҳурии Бухоро миёни манфиатҷӯён ҳал гардида буд, ки пас аз муддати кӯтоҳ аз миён бурда шуд. Шаҳристонҳо аз ҳудуди мамлакати тоҷикнишин берун монд. Шашмақом чун моли шаҳриён ва мардуми осудамаром барои тоҷикон гӯё бегона буд.
Қиссаи ғалатии Қарлуқу Русҳо
Ин ҷо хотирам меояд воқеаи хеле ғалатӣ. Аспирант будам, дар хобгоҳ мезистам. Тақрибан аз соати 2 то 3 шаби зимистон дарро кӯфтанд. Кушодам, намакхӯре доштам аз қарлуқҳо, ки ӯ буд. Лабу рухсораҳояш варамида ва рӯйи паҳнаш, паҳнтар гардидаву бо хун олуда, ваҳшатнок менамуд. Дар фасли сармо куртаи даридае ба тан ва дар даст кулоҳ дошт. Ҳолашро пурсидам. Мегуфт, ки чанд тан русҳо нигоҳаш доштанд ва кордро дар гулӯяш монда, «мекушамат», мегуфтаанд. Лату кӯб мекардаанд ва боз ҳам ҳолати пешин кордро дар гулӯяш бо таҳдиди куштан, медавондаанд. Ба нақлаш он қадар ҳолашро бад кардаанд, ки безор шуда гуфтааст:
Аз задана куштетон-ку? Кушетон охир! Онҳо аз забони чалачулпаи русӣ дар ҳоли хандидан буданд, ки ӯ кулоҳе нафарашро чанг зада, гурехтааст. Вале костюму палто ва пулҳояшро рабуда буданд…
Солҳои 20-ум тоҷик дар ҳамин ҳол буд. Ҳама чизи пурқиматашро гирифтанд ва боз ҳам дар тарс буд, вазъ бад хоҳад шуд.
Ва боз аз тақдири Шашмақом
Сабту нашри Шашмақом с.1924 ҳукмномаи Шашмақом буд. Ба қавли мардум «дар даҳани мурда калима андохтан» буд. Асосро барои тақсими шашмақом ба вуҷуд оварданд.
Дар ҳамин даврон амалҳое содир мешуданд, ки дар чорчӯбаи мантиқ намеғунҷид. Тоифае аз роҳнамоён талқин мекарданд, ки нашри тоҷикӣ авзои сиёсиро муташанниҷ хоҳад кард. Аз ин рӯ то пайдоиши матни ӯзбакии Шашмақом нашри тоҷикиро набояд роҳандозӣ кард. Иштибоҳи мантиқӣ ба ҳаддест, ки ба ақл рост намеояд. Гузашта аз ин доирае дигаре Шашмақомро мусиқии дарбор муаррифӣ ва барои ташвиқаш монеаҳои сиёсию ғоявӣ эҷод мекард.
Манзур, Шашмақом, ки дар ҷашну базмҳои амирону шоҳон маъмул буд, муқобили мусиқии омма аст, мамнӯъ шавад. Аммо аз дигар ҷониб вазифаи мушаххас ва дастури ҷиддӣ пешниҳод шуд, ки матни ӯзбекии Шашмақом дар кӯтоҳтарин муҳлат омода гардад. Дар ин сурат метавонистанд пеши ҳама гарданбаланд бошад ва таърихи пурғановати хешро ҷилва бидиҳанд.
Вале ин кори саҳлу оддӣ набуд. Барои анҷоми чунин вазифа мусиқидонону шоирони шаҳир лозим буд. Ва агарам аз эҷоди шуарои классик чизе сохтан мехостанд, тарҷумони нерӯманд лозим мешуд.
Кӯшишҳои аввал натиҷа надод. Дар солҳои 40-ум, дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон таваҷҷуҳи асосӣ ба тағйири матнҳои тоҷикӣ ба ӯзбакӣ равона шуд. Ва дар солҳои 50-ум ин вазифаро Юнус Раҷабӣ анҷом дод. Дар ин ҷодда ба ӯ Фазлиддин Шаҳобов беғаразона ёрӣ мерасонд. Аз рӯи навиштаи муҳаққиқон дар ин муддат Юнус Раҷабӣ мокувор миёни Сталинободу Тошканд равуо мекард. Ва матни ӯзбекии Шашмақом с.1959 нашр шуд, ки дар он матнҳои тоҷикӣ низ мақом ёфтанд.
Бо ошноӣ ба мубоҳисаҳо гирду пеши Шашмақом фикре дар сарам мезанад, ки бо ҷиддият рӯй овардани ҳамсояҳо ба ин намунаи оламшумули санъат ба манфиат будааст. Шояд аз даст медодемаш. Чи ки солҳои 40-50-ум дар атрофаш муқовимат мубоҳисаҳои доманадоре сурат мегирифт, ки бар суди ҷомеа набуд. Агар қисмате рӯирост омӯзишу ривоҷи Шашмақомро муқобил буданд, ба навиштаи Фароғат Азизӣ Раиси Иттифоқи бастакорон Зиёдулло Шаҳидӣ онро дар доираи мусиқии ҳирфавӣ намепазируфт. Дар дифоъи Шашмақом ҳамчун намунаи санъати классикӣ Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва М.Шукуров ва дигарон бархостанд.1 Ба мубоҳисаҳо талошҳои бевосита Б.Ғафуров нуқта гузошт. Ӯ ҳамчун ватандори асил ва донандаи таърихи гузашта мавқеъ ва мақоми Шашмақомро арзанда баҳогузорӣ кард.
Ҷонибеки АСРОРИЁН,
СССР
20.06.2010
