Дар шумораи СССР№ 798 хонандагони зиёде доир ба ҳолати антисанитарии ошхонаву нуқтаҳои савдои сарироҳӣ шиква карданд. Тасмим гирифтем, дар мувофиқа бо мақомоти шаҳр, ҳолатро пайгир ва назорат барем. Вале мутаассуф масъулон соҳа, сар аз раиси дастгоҳ Маҳмадсабури С., муовини соҳавӣ Қурбонзода Наргис, муовини аввал Вализода Қурбон ва куратори соҳа Аминзода Тоҷиддин бо баҳонаи мухталиф нахостанд, дар ҳаллу асли ин мушкилот ба мо мусоидат намоянд. Маҷбуран ба раиси тозаинтихоби шаҳр Муъминзода Абдулмаҷид дар тамос шуда, хостем дар якҷоягӣ ба ин қазия равшанӣ андозем. Лекин раис низ вохӯриро ба рӯзи шанбе, яъне ба рӯзи қабули шаҳрвандон мавқуф гузошт. Ҳарчанд гуфтем ки мо бо масъалаҳои шахсӣ муроҷиат надорем. Аммо мӯҳтарам раис соате бароямон ҷудо накард!
Фурӯшгоҳҳои худрӯйи Қурғонтеппа
22.02.2024. Соат ба вақти Бохтар 10:30 дақиқа. Ҳамчун шаҳрванди қаторӣ саре задем ба нуқтаҳои нонпазию нонфурушӣ, маҳсулоти тезтайёр, бозорчаҳои лаби роҳ, самбӯсахонаҳои номии ” Уйғурӣ”, ки мардум бар замми ин қадар ҳолати бади санитарӣ боз харидораш ҳастанду саридастӣ тановул мекунанд. Ба фикри мо, мардум агар тарзи тайёр намудани онро бо чашми сар бубинанд, аз гушнагӣ муранд ҳам, ҳеҷ гоҳ намехаранд. Чунки дар ошхонаҳои лаби роҳҳо на тозагӣ дида мешаваду на хизматрасонӣ. Он нуқтаҳои нонпазие, ки дар шаҳр фаолият доранд, ба ҳолатҳои гуногуни сӯхтор омода нестанд. Чанде аз коргоҳҳои нонпазиро нонвойчиҳо ҳуҷраи иқомат қарор додаанду онҷо шабро рӯз мекунанд. Оиди коргоҳҳои хурди хусусие, ки дар дохили шаҳр фаолият доранд, мисоли истеҳсоли макарони Роллтон, сақичбарорӣ, сехҳои маҳсулоти ҳасибу мурғ бигзор ман нагӯяму шумо нашнавед (ин мавзӯъро мо алоҳида пайгирӣ месозем. Мо Метавонем!).
Ошхонаҳои стихиявӣ
22.02.2024. Соат ба вақти Бохтар 13:20 дақиқа. ОшхонаИ «Нилуфар» меравем, то гуруснагиамонро бартараф созем. Лекин аз чунин ошхонаҳои канори роҳҳо нахостам чизе истеъмол созам. Дар сари роҳ, байни чангу ғубори садҳо мошин магар хӯроки хушсифат метавон хӯрд? Албатта неъ! Ҳаво з- ин пас гармтар мешавад ва аз саломатии сокинон андеша бояд кард мӯҳтарам масулони шаҳрдорӣ!
Дар чанд шумора рӯзномаи СССР оид ба ободонии шаҳр, тамбашавӣ, ифлосӣ масъалагузорӣ намуда буд. Лекин то ҷое мушоҳида мешавад, касеро парвое нест, ки нест! Нақлиёти ҷамъиятӣ коҳил, Идораи роҳ кашолкор буда, аз хатҳои уфуқӣ дараке нест!
Қосимзода Нуриддин,
Бохтар
