ШАДУНС (САВУМИН) КОТИБИ ЯКУМИ КМ ВКП(б) ТОҶИКИСТОН

Инак бори саввум аст, ки тибқи нақшаи идораи рӯзномаи мардумии «СССР» дар муаррифии котибони Партияи коммунистии Тоҷикистон хома менигорам. Пас аз Гусейнов Мирзо Довуд Боғир уғли (1930-1933) ва Бройдо Григорий Исаакович (1933-1934) савумин котиби якуми КМ ПК (болшевикон) Тоҷикистонро ному насаб Шадунс Сурен Константинович (1934-1937) аст.

 

Шадунс

Сурен Константинович 126 сол қабл, соли 1898 дар деҳаи Ҷабраил, губернияи Елизаветополск (ҳозира шаҳри Шуша), салтанати (империяи) Россия ба дунё омадааст. Миллаташ арманӣ. Узви РСДРП, (ВКП(б) аз соли 1917. Маълумот – хатмкардаи омӯзишгоҳи реалии Шуша.

Фаъолияти меҳнатиаш баъди ғалабаи Револютсияи Октябр оғоз шуд. То моҳи майи соли 1920 инструктори комитети вилоятии партия, баъд муовини раиси ЧК-и Қариябоғ ва Зангезур, намояндаи КМ ПК(б) Озарбойҷон оид ба тоза кардани ташкилотҳои партиявии Ганҷа буд.

Моҳи марти соли 1921 Шадунсро ба Арманистон мегузаронанд. Аввал ба вазифаи муовини раиси Совети таъминоти ҷумҳурӣ, баъдан котиби комитети уездии ПК(б) Арманистон.

Шадунс аз моҳи июни соли 1923 то январи соли 1927 сардори Раёсати хоҷагии оби Комиссариати халқии замин, муовини Наркоми Арманистон, аз феврали соли 1927 то феврали соли 1928 дар Тифлис муовини сардори Раёсати хоҷагии оби Закавказйе буд.

Сурен Константиновичро моҳи феврали соли 1928 ба Москва, ба кор дар дастгоҳи КМ ВКП(б) хонданд ва ӯ то моҳи январи соли 1931 – гурӯҳи пахтакории КМ ВКП(б) буд.

Аз моҳи феврали соли 1931 то моҳи феврали соли 1932 ҳамчун Раиси Иттиҳодияи Осиёимиёнагии пахтакорон фаъолият кард. Соли 1932 Шадунс котиби Средазбюрои КМ ВКП(б) Тоҷикистон таъин шуд.

6-уми ноябри соли 1934 пленуми КМ ПК(б) Тоҷикистон Сурен Константинович Шадунсро котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон интихоб намуд. Фаъолияти ӯ дар ин вазифа ба давраи басо муҳими тағйирот дар роҳбарияти ҳизбӣ ва хоҷагии ҷумҳурӣ рост омад. Ташкилотҳои партиявии Тоҷикистон дилпурона ба иҷрои вазифаҳои дар пешгузошта даст заданд. Дар ин самт натанҳо корҳои мушкили хоҷагидорӣ, балки норасоии кадрҳои тайёрбуда, набудани таҷрибаи худӣ ҳалли худро ёфтанд.

Моҳи декабри соли 1936 Шадунсро ба Москва ба кори масъули партиявӣ бозхонданд. Ӯ роҳбари гурӯҳи молиявии комиссияи назорати партиявӣ таъин гардид.

Халқ ва коммунистони Тоҷикистон Шадунсро ёд доранд. Мавсуф дар ташаккул ва мустаҳкам кардани ҷумҳурӣ ва ПК Тоҷикистон саҳми хешро гузошт.

 

Револютсионер

Шарҳи ҳоли Шадунс, солҳои пеш маъмулӣ зикр мешуд. Албатта бо истиснои солҳои 30-юми асри XX, ки он вақт ҳар он чизе, ки зарур медонистанд, менавиштанду мегуфтанд. Чунин тарзи рафтор дар солҳои охири 80-90-ум дар Россия, албатта бо рӯғанрезиҳои мамолики ғарб ва дастандаркорони онҳо – либералҳо (нафарони бепарво ва мусолиҳакорон) такрор шуданд.

Инак бо паст шудани шиддати бемулоҳиза сухан ронданҳову андешаҳо ба мавзӯи солҳои 30-юми асри XX возеҳтару саҳеҳтар сухан гуфтанҳо зиёд гашт. Акнун қоиланд, ки аксар гуфтаҳо – бофтаҳову тофтаҳо дар бораи роҳбарияти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва давлати советӣ дурӯғ будаанд. Хок бар сари душманони Ватани як замон паҳновари СССР…

Шадунс Сурен Константинович марди далер, револютсионери матин буд. Дар зарфи 18 сол (1920-1938) барои ҳокимияти советӣ бурдборона заҳмат кашид. Воқеан шахсият буд. Дар муборизаҳои сиёсӣ фаъолона иштирок мекард. Дар ин ё он масоил андешаи худро дошт. Рост ва рӯ ба рӯ мегуфт. Масалан, ӯ дашнакиҳоро (аъзои партияи зиддиреволютсионии миллатчиёни буржуазии арман, ки дар аввали солҳои 90-уми асри XIX пайдо шуда буданд)-ро сахт нағз намедид.

Баъдан, Шадунс зид буд, ки Қариябоғи Кӯҳӣ ва Зангезурро ба ҳайати РСС Арманистон шомил кунанд. Вай ҷонибдори ба онҳо додани статуси автономия ва тобеият ба Заккрайком буд. Сари ин мавзуъ, пархошҳо, баҳсу мунозираҳо, андешаҳо гуногун ва мураккаб буданд. Ва ин масъала, бо доду ғиреви афзун сар аз солҳои 20-уми асри XX беш аз 100 сол боз идома дорад. Бо ҳамин гуфтаҳо, дар ин хусус иктифо менамоем.

 

«Буҳрони пахта»

Шадунс солҳои 1928-1931 дар дастгоҳи марказии КМ ВКП(б) фаъолият мекард. Дар ин давра, дар Осиёи Миёна масъалаи «буҳрони пахта» рӯ зад. 21-уми августи соли 1929 котиби генералии КМ ВКП(б) Иосиф Сталин ба котиби якуми комитети партиявии шаҳри Москва В.М. Молотов чунин менависад:

«По сведениям, как хлопкомовцы, так и госплановцы (особенно хлопкомовцы) не верят в правильность решения ПБ насчет расширения хлопковой пятилетки и хотят его провалить на практике, чтобы доказать свою правоту.  Если это верно (я думаю, что большая доза вероятия ест в этом), надо признать, что такая «идея» хлопкомовцев есть наиболее гнусный вид вредительства, заслуживающий самого жестокого наказания (…). Поэтому вполне правильно, что ЦК задумал сейчас же снабдить Главхлопком новыми крупными работниками (…). Щадунц был бы очень хорош, но Серго решительно возражает. Поэтому было бы лучше Рейнгольда отдать Главхлопкому вместо Щадунца…».

Аммо, сарфи назар аз эътирози Серго Орҷоникидзе, Комитети Марказӣ Шадунсро барои кор ба Осиёи Миёна сафарбар намуд. Ӯ дар вазифаи Раиси Иттиҳодияи пахзтакории Осиёи Миёна, баҳори соли 1931 ҳамчун намояндаи бюрои Осиёимиёнагии ВКП (б) шахсан дар торумор кардани дастаҳои босмачиёне, ки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сар халонда буданд, роҳбарӣ кард. Соли 1932 Шадунс котиби бюрои Осиёимиёнагии ВКП(б) интихоб гардид. Ҳамзамон аз 13-уми июли соли 1930 то 26 январи соли 1934 узви Комитети Марказии комиссияи КМ ВКП(б) буд. 10-уми феврали соли 1934 узви Комиссияи назорати партиявии КМ таъин шуд.

 

Аз қадршиносӣ то асорат

Дар зарфи 17 соли ҷоннисориҳо – заҳматҳои шаборӯзӣ Сурен Шадунс шояд ягона нафаре аз элита (баргузидагон)-и Ҳокимияти Советӣ бошад, ки танҳо бо як мукофоти олии СССР-ордени Ленин сарфароз гаштааст.

Сурен Константинович ин орденро 20-уми декабри соли 1935 барои барори кор дар хоҷагии қишлоқ ва барои барзиёд иҷро кардани нақшаҳои давлатӣ қадр шудааст.

Шадунс аз соли 1937 дар корҳои роҳбарикунандаи дастгоҳи КМ ВКП(б), роҳбари гурӯҳи молиявии Комиссияи марказии револютсионии ВКП(б) буд. Дар ин давра аз ташкилоти партиявии Тоҷикистон вакили съезди XVII ВКП(б) интихоб шуд.

5-уми марти соли 1937 мудири шуъбаи роҳбарикунандаи мақомоти ҳизбии КМ ВКП(б) Г. Маленков дар ҷаласаи пагоҳирӯзии пленуми февралӣ-мартӣ дар бораи фаъолияти ташкилотҳои партиявии Тоҷикистон (аз моҳи январи соли 1935 то соли 1937) изҳори андеша кард, ки он баробар ба ҳукмнома гардид…

Ва ҳамин хел ҳам шуд. 11-уми ноябри соли 1937 Сурен Шадунсро дар Москва, дар хонааш, бо нишонии тангкӯчаи Староконюшений, бинои 19, ҳуҷраи 74 ҳабс намуданд. Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР Шадунсро ба иштирок дар ташкилоти контрреволютсионии террористӣ айбдор намуда, ба ҷазои олӣ-ҳукми қатл қарор бароварданд.

21-уми апрели соли 1938 Сурен Шадунсро дар шаҳраки Коммунаркаи вилояти Москва парронданд ва дар гӯристони ҳамон ҷо дафн карданд.

Моҳи сентябри соли 1956 Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР Шадунсро (пас аз марг) сафед кард.

Таърихи рӯзгори аскари содиқи гвардияи ленинӣ таассуфангез ва ҳамчунон ибратбахш мебошад…

 

Умар АЛӢ 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube