ЗОҒПАРАСТОН

Мефаҳмонам ин пробема барои чӣ барои давлатдории мо №№№001 шудааст.  Вале пеш аз ин 1 аниқ…дот (СССР таври маълум рубрикаи Аниқ…дот дорад дар саҳ-7. Фарқаш аз аникдоти маъмул ин аст, ки ин корҳо бофташуда не, аниқ рухдода мебошанд):

«Дар Афғонистон чанде аз тоҷикистониён нишаставу 1 бузро забҳ карданианд. Тоҷикон аз кордро ба гулӯи бузичаи сафедаки хушрӯяк мондан сар тофта, мегӯянд:

– Диламон намешавад…

Афғоне кордро ба гардани буз давонда, мегӯяд:

-150 ҳазор ҳамватанро куштед, дилтон шуду ба 1 буз дилтон намешавад???»

Хандидӣ хонанда? Хуб кардӣ. Ин воқеа солҳои ҷанги гражданӣ рух додааст. Вале моҳияти масъала чист? Мефаҳонам:

Соли 2004 Душанберо каламуш зер кард, ки насли миёнасол нек дар хотир доранд. Куҷое шикоят мебурдем, мегуфтанд:

– О, муш ҳам ҷонвари Худост. Диламон намешавад!

Худо баракат диҳад Раҷаби Мирзоро, ки ҳамон сол газетаи «Рӯзи Нав»-ро таъсис доду банда, 1 фелетон бо номи «Мушотон ҷанг мекунад?» навиштам ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз амалиёти маҳви каламуш даст гирифт ва ҷони мардум раҳид.

Чанде ба баъд дар 1 маҷлиси шаҳрӣ шахсан ман гуфтам, ки;

– Аз ҷабри магасу хомӯшакҳо сокинони пойтахт нигарону сайёҳон гурезонанд!

Ва он дам низ масъуле бархесту гуфт:

– Мушу пишаку сагҳои кӯчагардро маҳз бо шикояти Шумо куштем. Худо моро бубахшад. Акнун мехоҳед пашаву магасҳоро нест кунем?

Ҳайратзада гуфтам, о, ин пашаву магасу сагу пишаку каламуш агар маҳву ликвид нашаванд, барангезандаи ҷамиъи маразу эпидемияҳо мешаванд…

Ва ана акнун имрӯз ба масъулини тозакории шаҳр бонги изтироби нав мезанам:

Мо ЗОҒПАРАСТ шудаему МАЙНАҲАРОС!!!

Воқеан ҳам маро, чун сокини пойтахт аз ситами зоғу майнаҳо кӣ халос мекунад? Ва оё танҳо Маро? А, туро чӣ хонандаи ин сутур? Магар ту, вай, мо метавонем дар поркҳои воқеан зебову барное чун гулгашти Рӯдакӣ, Ҷомӣ ва Навоӣ, порки Куруши Кабир, парки Айнӣ, порки Фирдавсиву Хайём ва умуман дар кӯчаҳои марказии пойтахт шаб гаштугузор намоем?

Оре, метавонем! Вале оқибаташ дардолуд мегардад. Зеро тамомии сокинону сайёҳони Душанбе ҳама шаб то субҳи содиқ зери борони… (чи хел малеҳ карда, нависам-а?) … зери саргини тари зоғу майнаҳо мемонем!!!

Ин парандагони сархӯр (дар таоруфи мо зоғу майна сархӯранд!!!) онгуна Душанберо фарогир забт кардаанд, ки ту гӯӣ шаҳрамон зоғхона аст ва майнабозор!

Садои ғиреву қар-қару ҷеғ-ҷағашон 1 сӯ, саргинашон намегузорад 1 одам бе полудагӣ, фарзи мисол, аз кӯчаи марказии шаҳр, хиёбони Рӯдакӣ убур намояд. Кор то ҳаддест, ки шаб дигар бе чатр намешавад аз хиёбону кӯчабоғҳо гом зад. Ҳайронам, ки ин порку гулгаштҳоро барои зоғон сохтаем ё одамон?

Ҳар нафаре ҳамин сутурро мехонад, барои дарки Проблемаи №№№001 гираду барояд ҳамин шаб ба кӯча. Фарқаш нест кадомин кӯча! Фарқе ҳам нест кадом порку боғу гулгашт. Танҳо 1 соат қадам занад. Агар, ба гуфти Бобои Ғулом дар г… бубахшед саргини зоғу майна тар нашавад, ман расман аз ҳама зоғу зағану майнаҳои ҳокими шабҳои поркҳои пойтахт узр мепурсам. Расман узр мепурсам!!! Типа, «акаи Зоғу апаи Майнамо мебахшӣ, извини, кечирасиз, сори».

Ҳоли зори мошинҳоро намегӯед? Агар ин мошинҳо забон медоштанд, ҷои сигнал садо дармедоданд, ки «ҳой масъулини поккори шаҳр, эй шербачаҳои КЖКП, эй Санэпидемстансия, моро аз саргини тари зоғу заған наҷот диҳед. Чунки моро дар 1 рӯз 2 бор ҳам шӯед, шаб дар г… бубахшед, саргини тар ғариқаи гуноҳ мешавему тариқаи ғусл!».

Шахсан банда, шаби 24.02.2024. Соати расо 20:17 дақиқа мошинамро дар рӯбарӯи тарабхонаи «Швилӣ» ҳамагӣ барои 1 соат мондаму шом хӯрдам. Баромада аввал мошинамро ҷустам. Талхакаф ҳам шудам. Зеро мошинам наменамуд!!! Фикр кардам, онро дуздидаанд. Зеро дар ҷои мошини сап-сафеди ман 1 автомобили рангобаранге меистод. Хайрийят аз рақамҳои қайди давлатӣ онро, яъне мошинамро ёфтам. Худи худаш, вале садранга. Дуруст зеҳн монам, болои сари мошинам, гуфти Суҳробшои Фаррухшо, ягон 2 миллиард майнаву зоғ нишаста, тантанаи наҷосат доранд. Барои ин зоғамаку майнамоҳҳо фаҳмондан душвор буд, ки о, ин мошин аст, ҳоҷатхона нест. Вале дарк кардам, ки агар зуд нагурезам худам низ мавриди хушунат қарор мегирам.  Зеро зоғе бо қар-қараш, мисле, ки мегуфт:

– Э ман…т…задагиям шикояти туву садҳо ҳазор меҳмону сокини пойтахтро… Куҷое хоҳам ҳамон ҷо туалети ман асту зану фарзанду аҳли аёлам. Бо ягон гап дорӣ?

Садои оватсияи майнаҳо ба ин гуфтаи зоғ-амак, мисле, ки мувофиқ шудаву мегуфт:

– Куҷое хоҳем ме…шинему куҷое хоҳем мер…авем!!!

Ва аммо баъд… Хонандаи азиз! Оё айни ҳамин ҳолро тамомии шаҳрҳои бузургу кӯчаки Тоҷикистон надоранд? Хуҷанди бостонӣ наметавон шаб баромаду дар порки Камолу Чумчуқарал гашт. Бохтар-ку рӯзона мушкил аст гаштугузор, чӣ расад ба шаб. Кӯлобшаҳр кайҳо порки зоғон гардидааст. Ва ин ҳама бетарибиву бенизомӣ пушти «мабодо гуноҳ нашавад, мабодо Худо назанад, мабодо хуни зоғ фардо рӯзи қиёмат ба гарданамон бор нашавад ва боз мабодоҳои дигар».                    Эй буродарон фанатикҳои ҳукуматӣ!!! Дуруст аст, ки қатлу кушт гуноҳ аст. Вале аксарият-ку шикор мераведу парандаву чарандаву дарандаи бегуноҳро дар хонааш мекушед, оё ун гуноҳ нест? Вале нестсозӣ, кам кардан ва ликвиди сагу пишаку мушу магасу зоғу зағани барзиёдатӣ, ки шаҳрҳоро ба партовгоҳ табдил додаанд, гуноҳ не, айни савоб аст!

Барои анҷоми чунин кор дар тамомии дунё хизматрасонии «стрелок-орнитолог» – ҳо фаъол аст. Фарзи мисол, дар фурудгоҳи марказии Душанбе, зоғу зағану майнаҳоро нест мекунанд, то ҳавопаймоҳо чаппагардон нашаванд. Магар гуноҳи кабираву сағира мекунанд онҳо?

Ҷег занед инҳоро, агар хидматрасонӣ надоред, шербачаҳои тирандоз 3 шаб 4 тири сочма зананд пайиҳам, зоғу зағану майнаҳо мегурезанд, мераванд ба кӯҳу пушта, ба ватани аслияшон ва ҷони мо ватандорон аз зулми онон раҳо меёбад.

Ё ягон амри болоро интизоред?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube