Чаро Ғамзатов аз пешонаи Рабиев бӯсид?

Пеши назари худи ман пешонаи ӯро бӯсид Расул Ғамзатов – адиби беҳамтои он аср дар солҳои 1980-ум ва ба Абдурофеъ Рабиев гуфт:

– Агар Мирзо (Турсунзода) зинда мебуд, албатта, ҳамин тавр мекард, аз пешониат бӯсаи шукрона ва падарона мезад.

Баъд суҳбати онҳо, дар утоқи кории ман, дар иттифоқи нависандагони СССР, ки ман низ ширкат доштам, Расул Ғамзатов боз таъкид намуд:

– Дӯсти ман Мирзо (Турсунзода) мехост аз бачаҳои диёри шумо ягон адиби тозафикру ғаюр пайдо бигардад, ки доири мардуми тоҷик ба мисли «Доғистони ман» асар ба миён биоварад, яъне масалан бо номи «Тоҷикони ман» ё ба ин монанде. Ва гумон мекунам инро ту тавонӣ, Абдурофӣ…

Баъди ҷониби вай синча кардан илова намуд:

– Яъне ин орзую васияти Мирзоро (Турсунзодаро) амалӣ кардан шояд ба ӯҳдаи ту бошад, а?..- ва хандид.

– Ин кори осон нест…- пичиррос зад Абдурофеъ бо ҳаяҷони зиёд.

– Медонам осон не-ест, – мад кашида, ҳамчунин ба андеша рафта буд Расул Ғамзатов. – Ба ҳамаи одамони баистеъдод ҳамеша душвор. Хосатан қаламкашони ҳамкасб зиёд бархезанд алайҳи истеъдод, хоса зидди ту, ки баистеъдод бошӣ. Яъне хоҳанд туро фитондаву барои пеш гузаштани худашон имкони бештар пайдо бикунанд. Хуллас, медонам, бароят душвор мешавад… Вале боз медонам ин корро ту анҷом дода метавонӣ, Абдурофӣ… Яъне аз паси амалӣ шудани васияти Мирзо (Турсунзода) шуданатро дар назар дорам…

Ҳамин хел суҳбат шуда буд дар он замона…

Коллапси СССР ва ғорати асар

Баъдтар тӯфонҳо шурӯъ гардид дар саросари Иттифоқи Шӯравӣ ва ин мулки азим чанд пораю чанд ҳисса шуд. Ба сари Абдурофеъ низ, дар ватанаш, балоҳои азим омад, силоҳбадастон хонаю бӯстонсарои варо бо тариқи зӯрӣ ғасб карданд, дар ин шӯру балво баъзе нависандагон ҳамроҳ буданд, ки силоҳбадастонро борҳо алайҳи вай мешӯрониданд. Дастнависҳои Абдурофеъро бо ҷиҳози хонааш ва тамоми мебелҳояш бурданд (ба деҳаи Искичи дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор). Варианти аввали дастнависи китоби «Тоҷикони ман» ҳамчунин ҳамроҳи мебелу ҷиҳози бурдаи силоҳбадастон нопайдо гардид.

Гумон кардем орзуи Расул Ғамзатов (ва орзуи ман низ ва васияти устод Мирзо Турсунзода ҳам), ки китобе доири худшиносии миллати тоҷик бо тарзи таҳлилӣ-бадеӣ арзи ҳастӣ кунад, аз байн рафт. Афсӯс мехӯрдем дар ин бора.

Расул Ғамзатов боре ба ман гуфт: «Ба мисли Садриддин Айнӣ азоби зиёд бидид Абдурофӣ Рабиев…- ва афзуд. – Вале халқи тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон дар даҳсолаи охири умри Айнӣ ба қадри вай расида буданд. Пас Абдурофӣ барин соҳибистеъдодҳоро низ қадр карданашон зарур мешавад дер, ё зуде…

Баробари ин Ғамзатов афсӯс мехӯрд, аз гум шудани дастнависи асари «Тоҷикони ман» – и Рабиев, зеро худаш яке аз роҳбаладон ва илҳомбахши иншо гардидани ин тур китоб буд.

Миллате мезист дар рӯи замин

Аммо баъди даҳсолаҳои гум гаштани чунин китоби муҳим, ниҳоятан, варианти электронии он ба ман расид. Ин мӯъҷиза барин буд! Бале ба ҷои китоби гумшудааш Абдурофеъ Рабиев (Шераки Ориён) асари нав навиштааст. Яъне асари нав доири шинохти миллат ва худшиносии ҳар фарди миллат. Ва «Миллате мезист дар рӯи замин» ном ниҳодааст бар он. Ва акнун чанд муддат боз аз пайи маблағ ёфтан буда, то ин асарро ба чоп расонида тавонад.

Ман бошам варианти электронии ин китобро аз назар мегузаронидаму басо пораҳояшро гаштаю баргашта мутолиа менамудам ва фикр мекардам, агар Расул Ғамзатов зинда мебуд аз пешонаи Абдурофеъ бо эътиқоду ихлос ва меҳри хоса аз нав бӯса мезад. Итминон дорам, агар устод Мирзо Турсунзода низ мебуданд, ҳамчунин аз пешонаи Абдурофеъ бӯса мезаданд ва хурсандию хуррамии зиёд зоҳир мекарданд вобастаи иншои ин тур китобе…

…Хулосаи гуфтаҳои ман ҳамин аст, ки ҷараёнҳо – процесҳои эҷодӣ гардишҳои зиёд дорад, ки якеашро дар мисоли тақдири Абдурофеъ Рабиеви тоҷик (Шераки Ориён) ва осори ӯ ва хосатан охиркитобаш «Миллате мезист дар рӯи замин» ёд овардем.  Яъне муҳимаш, ки ҷараёнҳои эҷодӣ бор оварда, асарҳои арзандаро пешкаши хонандаи дақиқназар сохта тавонанд…

 ШАВКАТ НИЁЗӢ

намояндаи адабиёти тоҷик дар Маскав,

аз маҷаллаи «Ностальгия», Русия

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube