Дар олам динҳо, мазҳабҳо, равияҳо ақидаҳо хеле ва хеле зиёданд. Ба фикри банда аз ҳамаи онҳо беҳтарину олитаринаш дини ислом аст. Исломе, ки ба зоти худ ҳеҷ айбе надорад. Ва мо онро исломиёни носипос хатчадор, ифроту тундгаро ва ваҳим кардаем. Ба қавле, мардуми кофир дар дилу ҷигарашон, дар диёру манзилашон ба исломиён иҷозати масҷидсозию намозхонӣ доданд. Вале онҳо ба ҷойи тоату ибодат шолу руймолҳо кашол-кашол аз масҷид баромада роҳравон бо доду фарёд, ғиреву чириғ «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» гӯён қадам мезананд. Ин дар дили кофирон ваҳму ҳарос, тарзу ларзро ба амал меораду аз ҳукуматҳояшон талаб ва дуруст ҳам мекунад, ки инҳоро аз мулкашон депорт кунанд. Ҳол он, ки мардум ин мардуми қашоқу камбағалро ҷою ғизо, хонаю дар, пулу пайса, сару либосу дигар воситаҳои рӯзгор медиҳанд.
Аз вақте ки мо ба ислом гаравидем хатибу махсум, муллою домулло, эшону шайхҳо, авлиёю анбиёямон ба он бо номҳои гуногун либоси хурофотро дарбеҳ кардан гирифтанд. Ҳамин қадар ба он дарбеҳу дуруғҳои танпарастию танбалӣ, дунёбезорӣ, тавакал ба Худо, ҷодую фолбинӣ, арвоҳпарастӣ, ишкампарастӣ часпонданду часпанда, ки ҳисобаш гум. Ва аз нуру зиё, ҷилою дурахши ислом чизе намонда. Бесабаб ҳам шоир Собири Ҳамадонӣ нагуфта:
Накуҳида ғоратгар онро шумор,
Ки дар ҷомаи дин барояд ба кор.
Мо бояд аз ҳеҷ кас нанолем, домангир нашавем ва иқрор шавем, ки «Ҳар ай беҳаст дар мусалмонии мост». Ҳеҷ гоҳ шиори аҷдодонамон «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек амали нек»-ро фаромӯш насозем.
Мехоҳам дар охир ба якчанд таъбиру калимаҳо равшанӣ андозам, ки донистани онҳо аз манфиат холӣ нест.
Аз номи Худо, Яздони пок суиистифодабарӣ (ҳиллагарӣ) манупулятсия маънидод карда мешавад. Истифодаи ормонҳои башарӣ барои соҳиб шудани манфиатҳои сиёсӣ спекулятсия (қалобӣ) маънидод мешавад.
Таасуб, таасуби динӣ – боло донистани дини худ аз динҳои дигарон, нишонаи холигии маълумот, дониш, бехирадист – Хурофот хурофотгароӣ – сафсата, гапи бепоя, беасос, бемаънӣ, фикру ақидаҳои ботил, мавҳуми бепоя.
Таасубу хурофот аз канораҷуии сохторҳои салоҳиятдор қисме, аз аҳли зиё, таъсири шабакаҳои зиёди иҷтимоӣ сарчашма мегирад.
Набояд ба ҳар касу нокас ба муҳоҷирати меҳнатӣ иҷозати рафтан дода шавад. Чунки махсусан ҷавонон, занон, нохондаҳо, ноогоҳон аз олами дину сиёсат, вазъи ҷаҳон бехабар ба зери таъсири гуруҳҳои тундгаро, ифротӣ, террористӣ, экстремистӣ афтода ба онҳо беихтиёр дохил мешаванд.
Бегонапарастӣ, тақлидкорӣ ба мисли пушидани сару либоси бегона ба устувории фарҳанги миллӣ рахна ворид месозад. Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ этногрофӣ (мардумшиносӣ) халқи тоҷик аз бунёдаш либосҳои зебои миллӣ кушоду дилангез, мунақаш доштанд. Ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ мардуми мо сиёҳпуш набуданд. Танҳо азодорон мардҳо ҷомаи кабудранг ва занон дока ё сарбанди кабуд мепӯшиданд.
Ҳеҷ як қозӣ, мулло, муфтӣ, хатиб толибон ҳуқуқи мулҳид, кофир эълон кардану задании тозиёна, ба дор овехтан, қатл кардани шахси дигарро надоранд.
Нурулло Ҳасанов,
рӯзноманигор
