Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам…

Салом «СССР» ва хонандагони муҳтарами он!

Устод Садриддин Айнӣ, ки дар ҳодисоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии аввалҳои асри ХХ, таҳавуллоту дигаргуниҳои он айём шоҳид ва иштирокчии бевосита буд. Ӯ оид ба масъалаи тақсимоти миллӣ – ҳудудӣ дар Осиёи Миёна ва раванди ташкилшавии РАССТ ва РССТ зикр кардаанд: «фарзандони миллати тоҷик, ки пеш аз Инқилоби халқии Бухоро дар Туркия таҳсили илм гирифта, ба Бухоро баргашта буданд, аксарияташон мубталои ҷараёни иртиҷоию миллатгароии пантуркистӣ гардида буданду мубаллиғи ин ҷараён дар Бухоро шуда, миллати тоҷикро эрониҳои мусофиру муҳоҷир ва туркони форсигӯй хонда Осиёи Миёнаро диёри Турон мехонданд».

Тоҷикони бегонагашта: Абдурауфи Фитрат (1886-1938) шоир ва нависанда, ҷавонбухорӣ. Баъди инқилоби Бухоро (с 1920) вазири корҳои хориҷӣ (1922), нозири маориф (1923) – нозири молия, муовини раиси Шурои меҳнат (1923)-и ҶШХБ кор кардааст. Барои азонихудкунии маблағҳои давлатӣ аз кор гирифта шуда, аз Бухоро ронда шудааст.

Хоҷаев Файзулло (1896-1938) – арбоби давлатии советӣ ва ПК. Дар Бухоро, дар оилаи савдогари давлатманд таваллуд шуда, дар Москва таҳсил кардааст. Яке аз роҳбарони ҷавонбухориён, соли 1918 дар Тошкент партияи ҷавонбухориёнро ташкил кардааст. Баъди Инқилоби халқии Бухоро раиси Шурои нозирони Бухоро буд. Пас аз гузаронидани тақсимоти миллӣ – ҳудудӣ дар Осиёи Миёна ҳамчун раиси Совети комиссарони халқии Ӯзбекистон ва аз соли 1925 узви Президиум ва раиси КИМ СССР кор кардааст.

Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев – раиси Комитети иҷроияи Шуроҳои Марказии Бухоро, баъди Инқилоби халқии Бухоро ба ин вазифа таъин гардида, дар Душанбе зимни сафари корию хизматӣ буданаш хиёнат карда, ба сафи босмачиён пайваста, ба Афғонистон ба хизмати собиқ амири Бухоро амир Олимхон гурехта рафтааст.

Файзуллохоҷа Пӯлодхоҷаев – амакбачаи Усмонхоҷа, Раиси Шурои нозирони халқии Бухоро. Тули фаъолияти кориаш, кормандонро аз рӯи муносибатҳои хешутаборчигӣ ва ошнобозӣ интихоб карда, ба кор мегирифт. Дар ин хусус С.К. Орҷоникидзе моҳи майи соли 1922 дар маҷлиси фаъолони Бухоро сухан карда, барои бартараф кардани ин гуна камбудиҳо ва роҳ надодан ба унсурҳои аксулинқилобӣ дар кори давлатӣ супоришҳо додааст.

Абдулло Раҳимбоев (1986-1938) ва ин нафарони номбурда ҳатто мавҷудияти миллати тоҷикро инкор карда, аз тоҷик будани худ рӯй гардонданд ва ин кирдору амал ва гуфтору ақидаҳои миллаткуши онҳо кори худро карданд.

«Ду ҳафта баъд аз вафоти В.И Ленин (21.01.1924) вақте ки аввалин бор масъалаи барҳам додани Ҷумҳурии халқии Бухоро, ки дар он давра сотсиалистӣ эълон карда шуда буд ва гузаронидани тақсимоти ҳудудҳои миллӣ – давлатӣ дар Осиёи Миёна ба майдон гузошта шуда буд, Пленуми васеи Партияи Коммунистии Бухоро (бо иштироки ҳамин мансабдорон бидуни Раҳимбоев А.Р.) дар бораи дар таркиби республикаи иттифоқии Ӯзбекистон, дар хоки Бухорои Шарқӣ ва вуҷуд овардани вилояти мухтори тоҷикон қарор қабул кард.

Вале Коммиссияи КМ РКП(б) таҳти роҳбарии В. В. Куйбишев ин таклифро қатъиян рад карда, таъсиси Ҷумҳурии автономии сотсиалистии Тоҷикистонро масъалагузорӣ намуданд».

Фарзандони фарзонаву сарсупурдаи миллат Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва садҳову ҳазорҳо нафари дигар дар ин роҳ муборизаро идома дода, сараввал РАССТ (с 1924) ва баъдан РССТ (с 1929)-ро ташкил доданд.

Дар роҳи амалӣ гардидани ин масъалаҳои тақдирсоз онҳо ҳисси баланди миллатдӯстӣ, нангу номуси миллӣ, донишу маърифати баланд, ҷаҳонбинии фаррох, шуҷоату матонат баҳри манфиатҳои умумимиллӣ ва аз худ гузаштанҳо зоҳир намуданд ва комёб ҳам шуданд.

Маҳз ба шарофати ҷонбозиҳои онҳо дар заминаи РСС Тоҷикистон баъди пошхӯрии СССР Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, имрӯз ҳамчун давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр аъзои созмонҳои бонуфӯзи байналмиллалӣ, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯйи ҳаёти дурахшон дилпуронаю собитқадамона гомҳои устувор мегузоранд.

Ному пайкори фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон арҷгузорӣ ва абадзинда гардонда шудаанд. Номи мубораки қаҳрамонони миллат дар саҳифаи таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.

С. Ҳайдаров, н. Темурмалик

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube