Одатан ба ин ҳама корҳои тайёрӣ ба зимистон занҳо машғул мешаванд. Аммо тавре мо зимни иҷрои супориш ҳисоб кардем харҷи дохили бонкаҳои мо ба 13 сомонӣ баробар шуд. Чуноне дар матлаби аввал, дар шуомри СССР№36-37 таъкид доштем, мо қисман маҳсулотро аз бозор харидем. Зимни харид мо банкаи 2 литраро барои пур кардани дохилаш ҳисобӣ намудем. Худи бонка 4 сомонӣ арзиш дошт. Ҷамъ 1 бонкаи 2 литра 17 сомонӣ.
Банка ё хум?
Ёд дорам замоне, ки наврас будам, ҳамин гуна консерваҳоро мо дар хонаи бибикалонамон дар хумҳо омода мекардем. Баъди батамом пур карданаш даҳонашро баста, дар таги хок пинҳон месохтанд.
То салқин истаду ҳангоми даркор шуданаш безарар истифода баранд. Аммо ҳоло зарфҳои шишагин дар бозорҳо пур шудаасту мардум дигар кам ба хумҳо таваҷҷӯҳ доранд. Аснои иҷрои супориш фаҳмидам, ки дар бонкаҳо мувофиқи меъёр сирко ва дигар намуд омехтагиҳо илова мекунанд. Помидору бодиринги кишти дубора, ки барзгарони кордон онро барои нимаи аввали тирамоҳ кишту парвариш менамоянд, назар ба ҳосили аввалӣ хубтар будааст. Чунки дар ин вақт ҳаво салқин шуда, нигоҳдории он осонтар мегардад. Бонкаҳои омодакардаи мо бошад аз шакаробӣ ва консерваи сабзавоти бутун иборат буд, ки бо риояи тамоми нозукиҳои очагӣ то ба ҷойи салқин расиданд. Мӯҳлати нигоҳдории баъзе аз маҳсулоти консервакунонидашуда, то 2 сол нишон дода мешавад. Лек ба гумони фардии ман дар хонаи тоҷик ягон бонка то соли 2 – юм намерасад!
Нигоҳдошти безарар
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан вақт кадбонуҳои навшогирд аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки бонкаҳои омодакардаи онҳо то мӯҳлати муайяншуда намеистад. Яъне зуд вайрон шуда, сабаби асабӣ шуданашон мегардад. Лек барои нигоҳ доштани бонкаҳои безарар ҷойи мувофиқ асоси кор будааст. Тасаввур кунед, ки баъди дар назди оташ соатҳо истодан, меҳнати Шумо барбод меравад. Ҳоло он ки баъди иҷрои супориши мазкур садҳо офарин гуфтам бар сабру тоқати зани тоҷик, ки ин қадар меҳнаткаш аст! Гумонам дар баробари меҳнат, онҳо ҳамон вақт хушнуд аз кор мешаванд, ки консерваи онҳо безарар нигоҳдорӣ гардад. Ва аз ҳама лаҳзаи дигари фараҳбахш ин будаст, ки коми аҳли оила ширину тар гардад! Имрӯз дар аксарият хонаводаҳо таҳхонаҳо ҳаст. Бонувони мо ин гуна таҳхонаҳои салқинро барои нигоҳдории бонкаҳо истифода мебаранд.
Нигоҳе ба меҳнати деҳқон
Деҳқонони мо агар гуем, ки дар минтақа яке аз пешсафтаринҳоянд, хато нахоҳем кард. Ин маҳз кори онҳост, ки дасту обила мекунанд, то дастурхони мо дар тамоми фасли сол пурнозу неъмат бошад! Ҳоло дар зимистон низ полезиҳои тару тоза дорем! Ҳамаи ин натиҷаи Истиқлол аст, ки мардуми шарафманди тоҷик ҳафтае пеш 34 – солагии онро таҷлил намуд. Ҳоло бо истифода аз имконот, деҳқони тоҷик чи полезӣ ва чи меваю сабзавоти худро ба тамоми кишварҳои ҷаҳон баровард дорад. Содироти дилхоҳ меваю сабзавотро омӯхта барои таъмини бозори дохилӣ ранҷ мекашанд, ки дар қатраи арақи ҷабини онҳо нишон аз заҳматқарин будани онҳост.
Ҳама чи дорем!
Ин супориш маро бори дигар водор кард, то ба қадри меҳнати бонувон бирасам. Дар аксар маврид ҳамин гуна маҳсулоти тайёрро сокинон аз бозор мехаранд, ки дар коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ омода шудааст. Дар бозорҳо имрӯз арзиши 1 литр консерваи бодиринг 20 сомонӣ меистад, ки истеҳсоли воридотист. Аммо 1 кг бодиринги ватанӣ 4 сомонӣ аст. Дар дохилаш ҳамон чизе, ки мо дорем, ҳамон аст! Пас мо соҳиби ҳама чӣ ҳастем! Лекин бовар кун, хонандаи азиз, ки он чи кӣ бо дасти худ тайёр мегардад, лаззати тамоман дигар дорад. Мисле, ки нони хонагӣ ба ҳама писанд аст.
Барои пурра таҳлили мавзӯъ ва ҳисобу китоби пурраи маҳсулоти тайёрнамудаам ба дӯсти соҳибкорам дар тамос шуда, аз нархи консерваҳои дар бозор, ки аз хориҷа меоянд, огаҳ шудам.
Бонкаи 1 литраи консерваи бодиринг 20 сомонӣ;
Бонкаи 1литраи консерваи помидор 18 сомонӣ;
Бонкаи 2 литраи консерваи хоч 40 сомонӣ;
Зимни фаҳмидани нархнома ба хулосае омадам, он чи ки бонувони мо дар хонаҳо омода менамоянд ҳам арзон ва ҳам бобаракаттар аст. Раҳматӣ бобоям мегуфт, он чизе, ки дар хона тановул ва тайёр карда мешавад, баракат дорад. Пас ман низ бонкаҳои шакароб ва помидору бодирингро дар ҷойи муносиб гузоштам, то дар фасли зимистон ҳам меҳмонон ҳам аҳли оила аз дастпухти ман, ки ин қадар заҳмату машаққатҳо дошт, лаззат баранд! Муҳим баъди ин қадар меҳнатҳо метавонам бигӯям, ки супориши навбатӣ иҷро шуд Редаксия! Мо метавонем!
Нуриддин Қосимзода
Бохтар, махсус барои рӯзномаи мардумии СССР
Аз редаксия: Бо ин ҷонат халос нест, Нуриддин. 6 моҳ пас интизор бош:
-Редаксия супориш дод, хӯр ё хӯрон ё беҳтараш мехӯрем консерваҳоятро. Мо Метавонем!
