Марде, ки ӯро иқбол ҳамраҳ аст

Ба устод Мирализода Абдусалом Мустафо ғоибона аз соли 2015 шинос будаму дар мавридаш зиёд мешунидам. Дар борааш ҳамагӣ хотироти нек доштанду аз эшон ба некӣ ёд мекарданд. Ҳама аз адолатпарварӣ, дастгириҳо ва инсонгароиву инсондӯстияш ҳарф мезаданд. Асрори муваффақияти хубгуфторӣ ва тавсиф нисбати устод Мирализода А.М. баъди гузашти як давраи ниҳоят кӯтоҳ, яъне ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин гардиданашон бароям рӯшан шуд.

Вақте устод Мирализода А.М. ба симати ректори донишгоҳи номбурда таъйин гардид, баъди як ҳафтаи фаъолият, ки он замон ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият доштам, даъватам намуда, расо 40 дақиқа суҳбат кардем. Эшон шоҳид аст, ки ягон вазифа нахостам, ғайр аз котиби матбуотӣ ва ё котиби шурои олимон, аниқтараш ҷое, ки танҳо масъулияти навиштану таълиф дошта бошад. Албатта, ин ҷо сабабҳои объективӣ мавҷуд буд. Чун бо устод суҳбат кардам, ба хулосае омадам, ки бо эшон кор кардан мумкин аст. Ҳамон лаҳза таъҷилан фармоишро омода намуда, маро декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика таъйин намуданд.

Воқеан, баъди ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таъйин гардидани Мирализода А.М. дар як муддати кӯтоҳ дар муассиса пешравиҳои чашмрас рӯи кор омаданд. Эшон дар мансаби роҳбарикунанда масъулияти баландро эҳсос карда, даст ба иқдомҳои ободкорӣ заданд, ки боиси пешрафти кор дар донишгоҳ гардид. Устод дар як муддати кӯтоҳ дар сохтори донишгоҳ ободиву бунёдкориҳо, тақвият бахшидани заминаи моддӣ-техникӣ ва илмии факултетҳо ва ҳавасманд гардонидани заҳмати устодон корҳоеро анҷом дод, ки дар таърихи мавҷудияти муассиса беназир буд.

Пуштибони зиндагии шоиста

Аз рӯзи ба маснад нишастан устод Мирализода А.М. дар мадди аввал дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, иброз медоштанд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум кӯшиш намоед. Пас, мо вазифадорем, ки ин дастури Пешвои муаззами миллатро амалӣ намоем…». Дар ин муддати корӣ (2 сол) новобаста аз вазъи мушкили буҳронӣ дар ду марҳила: марҳилаи аввал 15% ва марҳилаи дуюм аз 1.09.2021 дар ҳаҷми 10% музди маоши тамоми кормандони донишгоҳро баланд бардоштанд. Музди маоши деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо як баробар баланд карда шуд. Ин иқдоми наҷиби ректори муҳтарамро идомаи корҳои шоиста ва дастгириҳои қаблии ӯ муаррифӣ намуданд. Аз эҳсонкорӣ ва дастгириҳои пайваста ва ба қавле ҷавонмардии муҳтарам Мирализода А.М. шунидаҳо хеле зиёд буданд, лекин он ҳамаро он рӯзҳо амалан бо чашми сар дидем ё ба қавле дубора исботи худро ёфтанд.

Маромаш созандагӣ, бунёдкорӣ ва хизмат ба мардуми буд ва ҳамеша таъкид мекард: «Ҳадафи асосии ман софдилона, бо дилу нияти нек хизмат кардан ба Ватан ва халқу миллатам аст. Кӯшиш менамоям, ки як коллективи муттаҳид созам ва Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ба мақоми солҳои 70-80-ум баргардонам. Агар мо коллектив сохта натавонем, як коллектив набошем ҳеҷ гоҳ муваффақ шуда наметавонад ва ин даргоҳи муқаддас рушд нахоҳад кард. Мо аҳли зиё ҳамеша бояд талош намоем, то мушт бошем, на ангушт. Ба андешаи якдигар эҳтиром гузорем, якдигарро дастгирӣ намоем…».

Дар арафаи таҷлили 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи азизам, ки устод Мирализода А.М., узви як қаноте аз ду боли ин боргоҳи илму маърифат маҳсуб меёбад ва хидмату пайкораш дар рушди он беназир хаттотӣ гардидааст, барояш сиҳатмандӣ, бурдборӣ, иқболи наку ва дар рӯзгораш хушиҳои рӯзафзунро таманно дорам. Хидмату заҳамоти Шумо, устоди азиз аз ёду хотири коллективи намакшиносу посдори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд, зеро ҳар нафаре маҳбуби дилҳо шуд, эҳтиромаш абадӣ хоҳад буд.

Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, н.и.ф., дотсент, муовини ректор оид ба таълими

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube