Чаро муҳоҷирони Ҳинду Куриё ҷойгузини муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Россия мешаванд?

Мусалмон – шаҳрвандони Россия 15 – 20 млн, 30 соли охир беш аз 5 млн мусалмон-шаҳрвандони Осиёи Марказӣ низ шаҳрвандӣ гирифтаанд. Ҳамасола 10 млн мусулмонони собиқ Шуравӣ ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аз ин ҳисоб миллиони дигар (ВНЖ) ҳаққи истиқомат гирифтаанд.

Оморшиносҳову демографҳо ва миллатгароёни рус ба хулосае омаданд, ки шумораи мусалмон – шаҳрвандони ФР то соли 2050 тақрибан 40 млн хоҳанд шуд. Бо назардошти он ки таваллуд ё зоиш дар оилаҳои мусалмону насрониҳо 5 бар 1 аст дар ин зуҳурот стратегҳои рус таҳдид ба амнияти миллӣ мебинанд. Маҳз ба ин хотир чандин қарор ва қонунҳо ба тасвиб расонида шуд то аз ин қазия пешгирӣ намоянд.

Маҳз аз ин рӯ Россия ба муҳоҷирони будоиойини Ҳиндустон ва Корея рӯ овардан дорад.

Ин таҳлил ва андешаи ман. Шумо чӣ назар доред?

Абдулқодир Талбаков,

ш. Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube