Ошён гар мегузорӣ дар дили инсон гузор…

Дар яке аз шумораҳои гузаштаи СССР дар бораи аз олам чашм пӯшидани ҳунарпешаи шинохтаи Болливуд Дхармендра Кевал Кришан Деол (1935-2025) машҳур бо номи Дхармендраи 90 – соларо ёд кардем, ки дар зиёда аз 300 филм нақш бозида, дар дили мардуми мо низ ҷо шудааст. Дар бораи филми муштараки СССР ва Ҳиндустон, “Алибобо ва 40 роҳзан”, ки қисме аз он моҳи майи соли 1979 дар шаҳри Душанбе ба навор гирифта шударо хотиррасон кардем. Бубинем, ки ин қадар шоҳкориҳои бадеӣ дар он замон аз куҷо сарчашма гирифта, то кунун пеши мардум шуҳратманд гардида.

Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустон

Соли 1945, хунинтарин ҷанги 2-юми ҷаҳонӣ ба охир расид. Дар қаламрави ҷаҳон мардуми зиёде истиқлолият ба даст оварда, кишварони нав бунёд карданд.  Шаби 14-15 уми августи соли 1947, охирин женерол губернатори Ҳиндустони Бритонӣ, Луис (Луи) Френсис Альберт Виктор Николас Маунтбеттен (1900-1979) Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустони навро эълон кард. Баъди ин, охири моҳи декабри соли 1947, яке аз бузургони Ҳинд, Муҳандис Маҳатма Гиромичанд Гандӣ (1869-1948) ба урдугоҳи Англис омада, мегӯяд, ки: “… Ин кишвари зебоманзарро зиёда аз 1 аср ғорату истисмор доред, куштеду поймол кардед. Акнун замоне расида, ки ҳамагӣ ба зодгоҳи хеш, яъне ба Инглисистон баргардед”. Ҳамин хел, кишвари озодагон, яъне зардуштиёнро ба Ҳинду Покистон тақсим карданд.

Хулоса, ҳамон соли 1948, Иосиф Сталин Истиқлоли Ҳиндро бо тантана тарафдорӣ карда, дар самти гуногун даст ба дӯстӣ дароз мекунад. Дар тараққиёти ин кишвар саҳми бебаҳо гузошта, нақшаи бузурги иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайраро тарҳрезӣ карда буд. Яке аз ин ҷодаҳо равнақи фарҳангист, ки мисл надошт. Хулоса, соли 1953, Сталин аз олам чашм мепӯшад, лекин иқдоми сулҳҷӯёнаи ӯро ходимони барҷастаи Шуравӣ пеш бурда, ба комёбиҳои баланд ноил шудаанд, ки мухтасари онро бароятон пешкаш мекунем.

Моҳи майи соли 1956, роҳбарони ҷумҳурии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон Кумитаи якдилии Осиё ва Африқоро таъсис медиҳанд, ки мардуми ин кишварҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд. То кунун, аз рӯзи таъсис, дафтари Кумита дар шаҳри Қоҳираи Мисри Араб ҷой дорад.  Достони ин Кумита хеле ҷолиб аст, лекин мо дар бораи саҳми бебаҳои устод Мирзо Турсунзода (1911-1977) ривоят хоҳем кард.

То шавӣ дар ҳар ду олам некном…

Достони рӯзгор ва эҷодиёти ин марди сулҳпарвари Тоҷик хеле ҷолиб аст, лекин мо раиси ин Кумита буданашро ёд меоварем.

Мирзо Турсунзода аз соли 1967 то замони фавташ, яъне соли 1977 роҳбари ин Кумита буд. Тахмин 10 соли аввал, яъне то соли 1967 роҳбарони ин Кумита корро хуб ба роҳ монда натавонистанд. Баъди машварати зиёд, Ҳукумати СССР вазифаро ба дасти Турсунзода доданд, ки хато накарданд. Бо супориш ва дурнамои ҳукумати СССР роҳбар, ходими давлатӣ, фарҳангӣ ва бузургони  кишвари Осиё, ба хусус аз Ҳиндустон ба СССР даъват намуда, ҳамкориҳои беназири фарҳангӣ карда буданд, ки то ҳол касе чунин пешравиҳоро карда натавонист. Сабаб он буд, ки дар ин кишвар донандагони забони порсӣ бисёранд, ки барои Турсунзода осонии корро ба миён овард. Хуб, аз тарҷумаи достону назму насри ҳинду ба забонҳои СССР ва баръакси онро дар ягон замони дигар ёд хоҳем кард. Ҳоло ба саҳифаи синамогарони Ҳинду ва СССР назар мекунем, ки барои чӣ дар 1 замони хеле кутоҳ ин қадар машҳури мардуми ҷаҳон гаштанд.

Раҷ Капур. Коргардон, таҳиягар ва машҳуртарин ҳунарпешаи филмҳои ҳунарӣ, иҷтимоӣ ва ошиқонаи ҳинду ва хориҷӣ. Дар Ҳиндустони Бузург тамоми ҷоизаҳои ҳунармандиро сазовор гашта, то ҳол баъди фавташ аҳсан гуфта, гиромӣ доранд.

Ин ҳунарпешаи машҳур соли 1924 дар Пешовари Покистон дар оилаи ҳунармандони театр Капур ва Рамсарни Меҳро ба дунё омадааст. Модараш Меҳро аз табори порсиён буд. Бо забони порсӣ, низ ошноӣ дошт. Дар 100-ҳо филм иштирок карда, номи неки худро дар саҳифаи фарҳанги ҷаҳон бо ҳарфи тилло гузошта, ӯро падари синамогарони ҳинду мегӯянд.

Индира Гандӣ. Дигаре аз муътабарони ходими давлатии Ҳиндустон, хонуми шуҳратдори ҷаҳон, Индира Гандӣ (1917-1984) мебошад. Ҳамсараш муҳандиси киштисоз Фарози Ҷаҳонгир (1912-1960) аз табори порсиёни Фаридуни Ҷаҳонгир буда, дар кори Кумита бо Мирзо Турсунзода хизмати хеле бузург карда буд.

Индира Ганди аз соли 1966 нахуст вазири Ҳиндустон буда, дар кори Кумитаи сулҳи Осиё ва Африқо нақши бебаҳо гузоштааст. Дар шаҳри Москва пайкара ва майдон ба номи ӯст. Солҳои 1966, 1976 ва 1982 ба СССР омада, чандин ҳуҷҷати дӯстонаро бо ҳукумати СССР дастина карда буданд. Шуҳрати ин зани фарзона он қадар боло буд, ки ҳамон шабурӯзи дар СССР буданаш 100-ҳо духтаракони навзодро номи Индира гузоштаанд. Чунин эҳтироми бузург ба ягон бонуи ҷаҳон гузошта нашуда буд, ки мардуми Шуравӣ карда аст. Ана шуҳрати инсони пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори неки порсоӣ дошта. Шахсан ман 3 тан аз он духтаронро дидаам, ки ҳоло бузург шудаанд. Чунон фахр мекунанд, ки сурати хеле зебои Индира Гандиро миёни шиносномаҳошон гузошта, дар пеши сина гарм нигоҳ медоранд.

Дар замони роҳбарӣ Мирзо Турсунзода бо ин шахсони номдор шинос шуда, нақшаҳои зиёди фарҳангии миёни СССР ва Ҳиндустонро дар амал ҷорӣ кардаанд. Масалан, филми “Номи ман масхарабоз”-ро 6 сол дар СССР ва Ҳиндустон ба навор гирифта, соли 1970 пешкаши мардум карданд. Шодравон Дхармендра нақши раиси корхонаи масхарабозонро иҷро карда буд, ки зиёда аз 1 миллиард тамошо кард. Замони ба навор гирифтани ин филм, кори дигар, яъне афсонаи “Алибобо ва 40 роҳзан” ба нақша гирифта буданд, ки бояд онро дар Тоҷикистон ба навор бигиранд. Афсӯс, ки ҳаёти ин марди забардаст, шоири шинохта 24 сентябри соли 1977 канда шуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, соли 1979 синамогарони Шуравӣ орзуву омоли Мирзо Турсунзодаро иҷро намуданд. Бояд гуфт, ки барои ин филм 1 миллиону 200 ҳазор рубли хеле бақурби СССР ҷудо шуда буд. Ҳоло он ки 1 рубли Шуравӣ баробари 500-600 рубли русии имрӯза мебошад.

Яке аз ҳазорон некиҳои Мирзо Турсунзода

Ҳини сафар ба Ҳиндустон, маълум мегардад, ки дар кишвар шароити дорусозӣ ҳасту истеҳсолаш ба роҳ монда нашудааст. Ана ҳамин кор бо ташаббуси Кумита аз ҷониби ҳамшаҳрии мо ба миён гузошта шуда, дар ин кишвар зиёда аз 3,5 ҳазор корхонаҳои калони дорусозӣ аз ҳисоби СССР бино карда мешавад, ки дар 1 замони хеле кутоҳ беҳдошти мардумро таъмин месозанд. Чанд соли дароз, ҳукумати Ҳиндустон барои ҷуброн кардани харҷи ин корхонаҳо, ба СССР маводи зиёди дору ва лавозимоти тиббиро равон карда, қарзи худро адо мекунад. Ин корхонаҳо имрӯзҳо низ кор карда истодаанд.

Хизмати шоёни марди сулҳпарвар

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967). Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1948), «Ҳасани аробакаш» (1954), «Чароғи абадӣ» (1957), «Садои Осиё» (1960), «Ҷони ширин» (соли 1963) соҳиби ҷоизаҳои давлатии СССР ва Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Барои достони «Аз Ганг то Кремл» (1967) – соҳиби Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру.

Бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон (2001) сарфароз гардидааст.

Номи неки ин давлатмард ва ходими барҷастаи сулҳи ҷаҳонро танҳо дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистони бародар мебинему тамом. Саду 1000-рон афсӯси дигар, ки дар шаҳри Москва ва кишвари Ҳиндустон хотираи ин марди накукорро посдорӣ намекунанд. Аз барои чӣ бошад намедонам. Аз ходимони давлатии имрӯзаи Ҳинд, Россия ва Тоҷикистон пурсиданӣ ҳастем, ки кай ин камбудиро ислоҳ мекарда бошанд???

Ёде аз айёми ҷавонӣ

Моҳи майи соли 1979 маро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда, ҳамроҳи 1000-рон аскар ба шаҳри Душанбе оварданд, ки баъд ба дигар минтақаи СССР, ё ба ҷанги Афғонистон равон созанд. Дар вокзали роҳи оҳан интизори қатора шудем. Фаҳмидем, ки тахминан 10-12 соат вақт дорем. Пештар ман дар пойтахт будаму каме роҳу рави онро медонистам. Борхалтаҳоро дар канори иморат гузошта, ҳамроҳи 2 аскари дигар таксӣ гирифта, баромадем ба шаҳр. Дар боғи ба номи Ленин, ҳозираи Боғи Рӯдакӣ даромадем. Ҳангоми дохил шудан аз тарафи чапи боғ садои одамонро шунида, пеш рафтем. Ҳеҷ интизор набудем, ки актёру дигар кормандони филми “Алибобо”-ро мебинем.

Назди остонаи меҳмонхонаи хеле зебои “Тоҷикистон” расидем. Мошину крану дигар таҷҳизоти зиёд пеши он истода.  Ногаҳон аз дохили иморат, “Абуҳасан”-Ролан Быков роҳбари роҳзанон ва “Мустафо”-и Фрунзик Мкртчяни корвонбоширо дидем, ки бо шаст чизе гуфта, аз назди мо гузашта, тарафи маркази шаҳр рафтанд. Дар паси тирезаи меҳмонхона сари курсӣ, “Марҷона”-и Хема Малини ва худи “Алибобо”- Дхармендраро дидем, ки суҳбат доштанд.

Шоми ҳамон рӯз дар 12 вагон, ки тахмин 6-7-тои онро аскарон ташкил мекард, ба қисмҳои ҳарбӣ бурданд. Раҳми Парвардигор буд, ки танҳо вагони моро, ки тахмин 40-45 аскар дошт, ба полигони Байконур бурданд. Дигар тахмини 300-350 нафарро ба ҷанги Афғонистон.

Баъди адои хизмат, соли 1983 ба Донишгоҳ дохил шудам. Аз байн қариб 5 сол сипарӣ шуда буд. Дар шаҳр 2 нафар аз он аскаронро дидам. Дар чойхонаи машҳури назди Донишгоҳ нишаста, суҳбат кардем. Гуфтанд, ки аз он 350 нафар, нисф зиёдашон дар ҷанг кушта шудаву дигарон маҷруҳ ба хонаҳо баргаштем.

Хуб ҷавон будем. Бисёр чизро намефаҳмидем. Каме мушкилии он замонро дида бошем ҳам, лекин лаҳзаҳои дидор бо ҳунарпешагони кинои “Алибобо” ҳеҷ гоҳ аз ёд нарафта. Ҳар замоне, ки ин филмро мебинам, бо дилхушии хеле зиёд мегӯям, ки лаҳзае бо қаҳрамонони “40 роҳзан” каме ҳам бошад ошнойӣ доштам.   

Шамсиддини Муқим,

СССР,

Москва

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube