Лаҳзаи беҳтарин ва муҳаббати ҳақиқӣ
– Инсон дар умри худ лаҳзаҳои зиёди талху ширинро аз сар мегузаронад. Маҳз, лаҳзаҳои нек дили инсонро ба зиндагиву меҳнат гарм месозанд, ба некӯкориву созандагӣ раҳнамо мекунанд, ҳатто ба қаҳрамониҳо ҳидоят менамоянд…
Шукр, ки дар ҳаёти ман ин гуна лаҳзаҳои неку хуш хеле зиёданд. Дохил шудан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо духтари дӯстдоштаам хонадор шуданам, таваллуди фарзандонам, рӯзе, ки нахуст ба вазорати иқтисод ва савдо ба кор омадам, меҳрубониҳои модару падарам, лаҳзаҳоеро, ки меҳнатамро кадрдонӣ кардаанд, лаҳзаҳои беҳтарини умрам меҳисобам.
Боз лаҳзаеро мехоҳам алоҳида зикр кунам, ки он ҳам бошад, бори нахуст шунидам, ки бо Фармони Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти баланди Ватан – ордени «Шараф», дараҷаи 2 сарфароз гардидаам. Аз дасти Пешвои муаззами миллат гирифтани чунин мукофот ба ҳар кас насиб намегардад. Он лаҳза шукр мекардаму розӣ аз зиндагиам будам ва дар дил мегуфтам: агар ҳар кас ба Ватан – Модар хидмати арзанда кунад, албатта ба қадраш мерасанд… Хидмати содиқонаву софдилона кардан ба халқу Ватанро рисолати инсонии худ медонам.
Месазад, ки ҳар яки мо ватанпарастӣ ва муҳаббат ба Ватан доштанро бояд, ки аз сарвари оқилу беҳамтоямон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биомӯзем, чун он кас Ватанро дӯст дорем. Ба бахти халқи тоҷик худованд чунин инсони бузургро ба арсаи сиёсӣ, роҳбарии давлат овард. Вагарна чӣ мешуд, хулоса кардан мушкил нест, -мегӯяд Додоҷон Ғоибов.
Мавсуф соли 1966 ба факултаи иқтисодии Донишгохи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Шаҳри тозаҷавони Душанбе ӯро модарвор ба канор гирифт ва ӯ хам ба ин шаҳри зебо дил баст.
Дадоҷон Ғоибов соли 1971 донишгоҳро хатм намуду дониш ва маҳорату малакаи касбиашро ба эътибор гирифта, ӯро барои кор ба яке аз сохторҳои Вазорати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристоданд.
Ҳамин тавр, Дадоҷон то соли 1994 дар шаҳри Душанбе, дар сохторҳои мухталифи Вазорати савдо, аз ҷумла дар Раёсати савдои шаҳри Душанбе фаъолият карда, дар таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо молҳои ниёзи мардум, беҳтар ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумӣ саҳми амиқу арзанда гузошт.
-Аслан дӯстӣ мафҳуми муқаддасест, ки ҳамсони Ишқ, Ватан, Замин, Модар, Хуршед аст. Дар ҳар куҷо будам, то тавонистам дӯстони нек пайдо кардам ва оини дӯстӣ ба ҷо овардам. Дӯстонам зиёданд. Ман бо фахр номи баъзеи онҳо, аз ҷумла номи устодони ҳунар, ҳофизони хунёгар Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Абдуҷалил Ҳошимов, Алиҷон Солиев, Ӯрунбек Ҳамдамов, Тулқин Тоҷибоев, Аҳмадҷон Оқилов, Абдуқодир Ҷабборов, Дадоҷон Ҳобиловро ба забон меорам, ки дӯстони холису қарини ман ҳастанд.
Хушбахтам, ки дар тӯли фаъолияти меҳнатиам аз устодоне чун Назарова Нина Семёновна, Абдуллоев Зафар, Ашӯров Серго Шерматович, Солиев Ҳаким, Каттаев Оппохон, Сангинов Абдуҳаким, Ҳобилов Қодир, Билолов Исмонқул, Ҳотамов Давлаталӣ, Арслонбек Ғозибеков ва бисёр ашхоси мӯътабару баландмақом, ки аксар вазиру раиси идораву ташкилотҳои бонуфуз буданд, сабақу таҷриба андӯхтаам. Дар масири ҳаёт онҳо маро дилсӯзона роҳнамоӣ кардаанду беғаразона дарси ҳаёт омӯзонидаанд, ки умре миннатдор ҳастам. Дар ҷодаи кор, бахусус маслиҳатҳо, раҳнамоиҳои собиқ вазири савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодам Солиев Ҳаким Ҳусейнович маро ба тавфиқ расонидаанд…
«Хидмати мардум ва Ватани азиз шарафи бузургест», – ин аст шиори зиндагии қарамони мо.
Оре, зар касе, ки содиқона ва бо амри дил ба халқу Ватан хизмат мекунад, албатта шарафманд мегардад.
Зеро:
Ҳар, ки симои ростон дорад,
Сари хидмат бар остон дорад.
Мухтори Абдулло,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
