Аз Гитлери мурда, то гитлерҳои зинда

 Айби Йоҳан, ки Адолф Гитлерро дар кӯдакиаш аз ғарқшавӣ наҷот дод ва миллионҳоро кушт…

Бадтарин кори нек дар таърихи инсоният

Соли 1912 дар бойгониҳо рӯзномаи немисӣ аз соли январи 1894 мақолаеро дарёфт намуданд, ки он дар бораи аз марги яқин наҷот додани писарбачае писарбачаи дигарро, ки аз беэҳтиётӣ ба таги яхи дарёи Ин дар шаҳри Пассао рафта буд, сухан мерафт. Ин аз бадтарину фоҷеабортарин амали хайрхоҳона дар таърихи инсоният мебошад, ки натиҷаи акс дод. Номи наҷотбахш Йоҳан Кюлберген буд, ки баъди калон шудан, рӯҳонӣ шуд. Писарбачарое, ки Йоҳан наҷот дод, Адолф Гитлер меномиданд. Акнун ёбеду гиред! Агар ҳамон вақт дар хурдӣ Гитлер наҷот ёфта мемурд, миллионҳо одамон зинда мемонданд. Ё агар аз тасодуф Йоҳани замоне наҷотдиҳандаи Гитлер дар ҷӯшу хурӯши ҷанг чун одами аз тарафи муқобил ба дасти Гитлер меафтид, шубҳае нест, ки аз 1 ҷонаш 100 ҷонаш халос намехӯрд. Мисли дар масали “Сангпушт ва каждум, ки сангпушти раҳмдилу беозор ба ҳоли каждум раҳмаш омада, бо зорию илтиҷои зиёдаш  ба пушташ савор карда, аз об гузаронданӣ мешавад, ки дар ними дарё тик – тики чизеро дар пушти сангинаш хис мекунад ва аз каждум чӣ будани онро пурсон шуд ва ҷавоб гирифт, ки неши каждум будааст. Сангпушти хайркор сахт дар тааҷҷуб шуда, пурсид, ки аввал ин ки аз неши ту ба пушти сангини ман ҳеҷ зараре буда наметавонад, дигар ин ки ҳайронам, барои он ки ман туро ба пуштам савор карда, ба он тарафи соҳил мегузаронам, магар подоши некӣ ҳамин аст? Каждум мегӯяд, ки чӣ кор кунам, ки одати модарзодии ман ҳамин аст:

Неши ақраб на аз рӯи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Инро шунида, сангпушт бо нафрат худро таги об мебарад ва каждуми шум аз пушташ раҳо ёфта, ба об меравад. Мутаассифона, он замон дар муқоиса бо ин нақл Адолф аз табиати худ ошкор накард ва барои Йоган ҳам чун ин иттифоқ пеш наомад.

Агарро бо Магар тазвиҷ карданд,

Аз онҳо баччае шуд, Кошкӣ ном.

-гуфтагӣ ворӣ асрори кори ҷаҳон фаҳмиданӣ нест ва дар ин қазия чӣ ҳикматест, номаълум. Вагарна бе ҳамин ҳодиса дар кӯдакӣ ҳам дар ҷараёни Ҷанги 2 – и ҷаҳонӣ хусусан, бо кӯшиши худи немисҳо ба ҷони Адолф Гитлер анқариб 50 маротиба суиқасд ташкил карда шуд, ки чун дар мақоли тоҷикии “Ганда мурдан надорад”, ҳеҷ балояш назад. Фақат ҳамин қадар ки дар яке аз сӯиқасдҳои қариб натиҷадиҳанда дар маҷлисгоҳи Рейхстаг аз таркиши бомба ба як даст ва  саломатиаш андак зиён расиду халос.

1 кас ҳам дар майдон ҷанговар аст

Агар аз нуқтаи назари нақши шахс дар таърих баҳогузорӣ кунем, 1 шахс ҳам дар майдони ҷанг ҷанговар аст, чуноне Гитлер ва пеш аз ӯ ва баъди ӯ будагону омадагон. На танҳо ғояҳои Адолф Гитлер, роҳбари Германияи фашистӣ, ки солҳои 40 – уми асри гузашта сабабгори оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва кушта шудани мииллионҳо одамони бегуноҳ, дар давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон, аз ҷумла, СССР, ҷабрдидатарин давлат гардидааст. Имрӯз фаъол шудани миллатгароёни фашистии рус бо истифода аз идеяҳо, рамзу шиорҳои фашистони гитлерӣ беш аз ҳарвақта фаъол шуда истодаанд. Дар гуруҳи радикалии “Русская обшина” мутаҳҳид гардида, ба ҳама муҳоҷирони ғайрирус, аз ҷумла, шаҳрвандони дигар минтақаҳои Россия фишору таҳқиру мушкилиҳо  пеш меоранд.

Адолф Гитлер боз пирӯз омад

Албатта, на он Адолф Гитлере, ки замоне роҳбарии Германияро дошт. Гап сари он аст, ки баъди шикаст, кишварҳои алоҳидаи африқоӣ макони мустақар ва буду боши гитлерчиён шуданд. Марде ҳабаш бо ихлос ба Адолф Гитлер, ба писари навзодаш ному насаби пурраи ӯро дод, ки он кас ҳоло сиёсатмадори 59 – солаи намибиягӣ мебошад. Адолф Гитлер Уунона 5 маротиба пайи ҳам дар интихоботи минтақавии ҳавзаи Омпунджа дастболо гардид. Адолф Гитлери сиёҳпӯст аз соли 2004 кишварро роҳбарӣ менамояд. Сиёсатмадор  бо фахр мегӯяд, ки ин ному насабаро ба ӯ падараш додааст.

Пирӯзиҳою шикасти Адолф Гитлер

Адолф Гитлер давлатҳои Аврупоро бо хеле осонӣ ишғол намуда, мағрурона мегуфт, ки бо нақшаи “Барбарос” СССР – ро ҳам забту тобеъ менамояд. Ҳатто мегӯянд, ки ба ошпазаш ба хотири якбора дар ш. Москва хӯроки нисфирӯзӣ хурдан, тайёр кардани таомро рад кардааст. Вале кор чунин ранг гирифт, ки Гитлери аз пирӯзиҳо азхудрафта, Москваро надида, аз фарзияе заҳр хӯрда, худкушӣ карда буд, ба фарзияе дар Аргентина бо ҷарроҳии  пӯсти рӯ то мурдан зист.

 Гуфтем-ку асрори кори ҷаҳон фаҳмиданӣ нест. Лашкари пурзӯру ба ҷанг солҳо омодагӣ гирифтаю ҳамаҷиҳата тавонои фашизми гитлерӣ, бар хилофи бовари худ аз СССР шармандавор шикаст хӯрд. Гитлереро, ки дар 50 суиқасд ба ҷонаш балое назада буд, ин дафъа чизе наҷот дода натавонист. Мутаассифона, авзои муташанниҷи сиёсии имрӯза, боло гирифтани сиёсати миллигароёнаи фашистӣ дар давлатҳои замоне қурбонии фашизм, алалхусус Германияи имрӯза ва умуман, кулли мамолики Аврупо касро ба ҳайрат меорад, ки дарси таърих ба онҳо сабақ нагардидаасту ҷаҳонро ба ҷанги даҳшати нав тела додан доранд, ки Худо нигаҳ дорад!

 Мирзо Рустамзода,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube