Шореҳони футболи тоҷик

– Милан бо Наполи бозӣ кард. Милан мусбӣ ва Наполи бозиро бохт.

– Истиқлол дар ин бозӣ бар Хуҷанд дастболо шуд. Хуҷанд тавонист бо ғалабаи навбатиаш ҷояшро дар зинаҳои аввали ҷадвал мустаҳкам кунад.

***

-Дарвозабон тӯбро дошта гирифт. Сад афсӯс, ки гол шуд.

***

– Бозӣ ба давраи ниҳоиаш расида истодааст. Мухлисон ягон голзанию муштзанию ғаврак – ҷавраки ҳарифонро дида натавониста, зиқу сархам, афсурдаҳолу ба асабоният аз варзишгоҳ бо суръати кайҳонӣ парида-парида, баъзеяш ҷаҳида-ҷаҳида гурехта рафта истодааст.

***

– Вазъияти хавфнок дар назди дарвозаи ҳариф. Акаи Ҷамил тӯбро оҳиста ба пеши пои бозингари ҳариф равона сохт. Ӯ чолокона, бо як маҳорати хоса, олиҷанобона, устокорона тӯбро ба тӯри дарвозаашон дохил кард. Гол! Ана маҳорату ана истеъдод!

***

– Робинио ҳамин хел зарбаи сахт зад, ки он рост ба дарвоза ворид шуд. Маъзарат, маъзарат, тӯб аз болочӯби дарвоза гузашта, ба дасти мухлисон бархӯрд.

***

– Бо либоси сафед соҳибони майдон-вахшиҳо, бо либоси гелосмонанд меҳмон-ҳулбукиҳо. Ҳам дар суръат, нигоҳдории тӯб, фанду фиребу найранг, зарбаҳои зиёд задан соҳибони майдон пешсафанд. Ба ин нигоҳ накарда ҳулбукиҳо дар дақиқаи 95-ум ғалаба ба даст оварданд. Офарин бозингарони сафедпӯш-вахшиҳо!

***

-Бозӣ чунон шавқовар, тезу тунд, аҷибу дилписанд, диданӣ, ҳаловатбахш гузашта истодааст, ки…лекин аз чи бошад тамошобинон саросемавор баромада рафта истодаанд.

 Нурулло Ҳасанов,

рӯзноманигор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube