Чаро собиқадорон баъди нафақа фаромӯш мешаванд?

Ҳафтаи гузашта ба идораи рӯзномаи “СССР” занге шуд, ки мисли тир буд ва моро ба андеша водор сохт. Аз он сӯи гӯшӣ садои марди дар дил аламдоре, нафаре, ки умрашро ба хизмати мардуму пойдории давлат бахшидааст, вале имрӯз худро танҳо дарёфтааст, ба гӯш мерасид. Он шахс Мамедов Тошмат Раҷабович, сокини шаҳри Бохтар, собиқ хизматчии давлатӣ аз соли 1990 то 2016 мебошад.

Хизматкарда ва фаромӯшшуда

Бо супориши сармуҳаррири редаксияи СССР роҳ сӯи манзили ин пири рӯзгордида пеш гирифтем, ки дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, бинои чорошёнаи кӯҳна умр ба сар мебурдааст. Ӯро бемор дарёфтем. Бо вуҷуд ончунон муносибату суҳбаташ гарму меҳрубонона буд, ки ҳаловат бурдем. Дар рафти суҳбат пири кор таъкид кард, ки собиқадорони меҳнатро фаромӯш накунед. Умр боқӣ бошад, рӯзе шумо ҳам ба давлати пирӣ мерасед. Ба насли мо душвортарин рӯзҳои мамлакат рост омад. Мушкилиҳо моро шикаста натавонист. Кори аз дастамон омадаро ба нафъи миллату давлат кардем миннат намекунем, зеро ин қарзи фарзандии мо буд. Аз касе чизе тамаъ надорем, аммо қадрношиносию бетаваҷҷуҳӣ ба насли калонсол, амал мекунад.

Барои насли ҷавон, ки имрӯз дар фазои орому амн ба воя мерасад, дарки вазъи солҳои 90-уми асри гузашта, саҳл нест. Аввало, дуогӯем, ки дигар он рӯзҳо такрор нашаванд. Чунки мо медонему дидаем ва аз сар гузаронидаем он рӯзҳои пуртаҳлукаро. Ватан дар хатар, миллат дар вартаи нобудӣ қарор дошт, одитарин шароити амну зиндагию кор набуд. Аммо истодагарӣ кардем, мубориза бурдему пирӯз шудем. Гумон накунед, ки ин рӯзгори тинҷу осуда худ аз худ фароҳам омадааст.

 Дар он солҳои сангин, садҳо хизматчии давлатӣ аз корманди мақомоти иҷроия то омӯзгор, аз духтур то корманди маъмурӣ гушнаю ташна, беғаразона ба умеди рӯзҳои нек, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, заҳмат кашиданд. Чӣ қадар рӯзҳою шабҳо бе нон, бе маош, истироҳат, бо тарсу нигаронӣ ба кор рафтаву омадем!  Ҳамааш ба хотири бақои миллату Ватан, имрӯзиёну ояндагон буд…

-Мутаассифона, – давом дод пири кору зиндагӣ, – дард мекунад, ки он ҳама ба зудӣ дар хотираи насли имрӯз, онҳое, ки падару бародарон барояшон ҷонбозиҳо карда будан, хеле осон ба фаромӯшӣ рафта истодааст. Аслан, барои худ намегӯем, балки хавотиру ташвиш аз он ҳастем, ин раванди номатлуб ба оқибатҳои хуб барои ҷомеа оварда наметавонад. Ҳозир анъана шудааст, ки баробари ба синни нафақар расидан, роҳбарони ҷавони баъзан ҳанӯз корро наомӯхта, ҳавобаландонаю худписандона мутахассисони собиқадори ҳанӯз тавоноии кор доштаро ҳам аз кор озод мекунанду бо ҳамин гӯё ҷонашон аз онҳо халос. Ин тоифа роҳбарони ҷавону кӯтоҳандеш на корхонаеро обод карда метавонанд, на соҳаеро пешрафт дода метавонанд ва на худ ба ҷое мерасанд. Дар бораи собиқадорони дардманду бемори кунҷи хонаҳо бошад, аз таваҷҷуҳи онҳо ҳоҷати гап нест.

Собиқадорон – Китобхонаи зиндаи миллатанд!

Бадбахтона, ин дарди дили на танҳо 1 нафар, балки кулли бознишастаҳост, ки бо истифода аз фурсати пешомада, тавассути ман мехост, ки ба тамоми ҷумҳурӣ расонам. Ин суханҳо асосан, на ба давлат, балки мақомоту роҳбарони онҳо бештар дахл дорад, ки тибқи таъкиду супоришҳои ҳамешагии Президенти маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаи бевоситаи ҷонию инсонии онҳо мебошад! Иҷро накардани он, иҷро накардани супориши Сарвари давлат мебошад. Чаро ки бо ҳама серкорӣ Президенти кишвар вақт ёфта, аз ҳама қишрҳои ҷомеа ёдрас мешаваду роҳбари корхона, идора ё муассисае фурсат намеёбад? Ё гумон мекунанд, ки ҳамин хел як умр, ҷавон, бардам, болои курсӣ мемонанд? Танҳо дар рӯзҳои ҷашнӣ ёдовар гардидан аз собиқадорон аслан, барои худнамоишдиҳисту бас. Нишон додан, ки мо кор карда истодаем.

 Пирони кор – китобхонаи зиндаанд! Кадоме аз роҳбарҳои ҷавони имрӯзаи дилхоҳ идорае бо дили пур гуфта метавонад, ки аз донишу таҷрибаи собиқадорони соҳа самаранок истифода менамояд? Онҳоро зуд – зуд гирд оварда, мулоқоту суҳбатҳо бо аҳли корхонаю муассисааш ташкил менамояд? Аз ҳоли онҳо дар хонаҳояшон хабар мегирад?

Ҳоло ҳам фурсат аст, ки ин анъанаи неки аздастрафтаистодаро ҳифз намоем. Барои ин мебояд, таҷрибаи даврони шӯравӣ дар ин маврид омӯхта шудаю паҳн гардад. Дар идораю корхонаҳо гӯшаи собиқадорон ташкил карда шавад. Суҳбатҳои муҳиму ҷолиби онҳо сабт гардад. Сардорони идораю ташкилотҳо, ҷамоатҳо вазифадор карда шаванд, ки аз ҳоли собиқадорон ба таври ҳамешагӣ бохабар бошанд. Дар он сурат насли наврасу ҷавон бо дидани чунин муносибати гуманистона назару ихлосашон ба ҳукумату давлат меафзояд…

Собиқадоронро фаромӯш кардан маънои фаромӯш кардани анъанаҳои нек, одаму одамгарӣ, арзишҳои наҷиби садсолаҳо ташкил ва сайқалёфта, таъкиду ҳидоятҳои бузургони гузашта, умуман, рӯтобӣ аз муқадассоти миллист:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

То азизи дигарон бошӣ ту низ.

Қосимзода Нуриддин,

СССР ш. Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube