Медонам, хеле мушкил аст. Ин шабу рӯз Тоҷикистон бар коми буҳрони энержӣ рафтаст. Хонаҳо барқ надоранд, вале агар ҳам доранд, барои чанд соат. Шаҳрҳои бузурги кишвар, амсоли Кӯлобу Бохтару Хуҷанду Ҳисору Турсунзода низ имсол бе барқ монданд. Барои нахустин бор Хуҷанд бе барқ монд. Кӯлоб тӯли 7 соли ахир бебарқиро фаромӯш карда буд. Бохтар низ чун маркази маъмурии вилоят, замони ахир барқи фаровон дошт. Ҳисору Турсунзода, ки мунодии Тоҷикистон барои меҳмонони дуру наздиканду низ шаҳрҳои саноатӣ, бо барқ таъмин буданд. Имрӯз дар ин ҷойҳо ҳам барқ камчин, дефитсит шуд. Пас, чора чист? Сабр! Зеро:
-Сабр калиди ҷумла мушкилист!
Ва инро ман нагуфтаам. Инро Худо мефармояд, ки «ассабру мифтоҳул фараҷ»…
Медонам, ки чун ҳамешагӣ хонанда аз ман гуфтани ҳарфи ҳақро интизор аст. Ва онро, яъне ҳақиқатро мегӯям:
-Имрӯз бар асари хушксолии тулоние, ки омад, мо дигар ягон чорае ҷуз сабр надорем.
Бовар кунед, мардум, ҳар шом, ҳар рӯз, ҳар ҳафта бо ширкати худи Президенти ҶТ, маҷлисҳо бахшида ба ҳамин вазъ баргузор мешаванд. Ҳукумати марказӣ, бе муҳобот, ҳар қатра об, ҳар литр об, ҳар каф обро ҳисобу китоб мекунад. Чунки вазъ воқеан ҳам хатарзост.
Бинед, ки дар Эрону Афғонистон хушксол чӣ қадар зиён овардааст? Дастрасӣ ба хабар бештар шудааст. Ба интернет дароед ва вазъи ҳамсоякишварҳоро хонеду дарк кунед, ки маҳз ба вазъи имрӯза ба миён омада, ЯГОН КАС гунаҳкор нест.
Ҳеч кас садди хушксол шуда наметавонад. Ҳатто пайғамбарони Худо пеши ин наҳс оҷиз буданд. Ёд доред, саргузашти ҳазрати Юсуфро, ки ба Фиръавн таъбири хобашро пешгӯӣ намуд, ки хушксол меояду ба он бояд омодагӣ гирифт? Яъне пайғамбари Худо пешгирӣ накард, зеро наметавонист.
Пайғамбари ислом (с.) низ ҳини хушксол танҳо намоз мегузорид, то борон биборад!!! Ин ба чӣ маъност? Яъне зӯри ҳеҷ кас ҷуз Худо ва табиати Худо бар ҳалли ин моҷаро намерасад. Ёд доред, Саъдии Бузургро, ки мегуфт:
Чунон хушксолӣ омад дар Димишқ,
Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ!!!
…Ман ҳамасола Ширкати Барқи Тоҷикро танқид мекардам ва дар оянда низ хоҳам кард, вале агар гуноҳ, иллат, сабаби бебарқӣ онҳо буда бошанд. Имрӯз чунин нест! Ва ман намехоҳам, чун афроде, ки аз зери нохун чирк меҷӯянд, бебарқии фавқро сари Ҳукумат занам.
1 бор андешед, ки чаро Ҳукумат бояд ба мо барқ нафрӯшад? Оре, маҳз надиҳад не, нафурӯшад! Зеро тибқи системаи нави билингии фурӯши барқ, дар ҳолати напардохтани 1 дирам қарз барқамон хомӯш мешавад-ку?!
Яъне мисли солҳои пеш намешавад, барқдуздӣ кард. Пул медиҳӣ – нақд ва барқ мегирӣ – нақд! Зимнан агар хатари воқеӣ сари мо овезон набошад, Ҳукумат барқи боқимондаро ба мо мефурӯшаду кори хирс тамом. Аммо маҳз ба хотири сардиҳои шадиди дар пеш истода, Ҳукумат маҷбур шудааст, ки ин шабу рӯзҳо барқро меъёр, лимит кунад. Ва лимити сахт. Зеро имрӯз агар мо аз барқ фаровон истифода барем, фардо, ки сардиҳо даррасиданд, пушаймон мешавем.
ҲАМДИЁРОНИ АРҶМАНД, ШОЯД ИН СУБҲ ШУМО ҲАМ ЧУНИН ПАЁМАК ГИРИФТЕД?
Паёмаки Шабакаҳои барқи кишвар:
«Мухтарам истифодабарандаи ахоли дорои хисобгираки якфаза (220 В)!
Камшавии резиши об дар дарёхо, ба хачми истехсоли энергияи барк таъсир расонидаистодааст. Лутфан аз истифодаи якборагии асбобхои барки (обгармкунакхо, дарзмол, плитахои барки, печхои барки ва мошинахои чомашуи) худдори намоед.
Агар истеъмоли энергияи барки Шумо аз 4 кВт дар як вакт зиёд шавад, интиколи энергияи барк барои 30 дакика бо тарики худкор катъ мегардад. Дар хол асбобхои баркиро чудо намуда, истеъмолро кам намоед ва мунтазири баркароршавии таъмини энергияи барк шавед.
Ин чорахо муваккати мебошанд, ки ба сарфаи об дар обанборхо мусоидат менамояд.
Барои дарки ин холат сипосгузор мебошем!»
Ҳамкорам, Ҳуриннисо Ализода, басо хуб ин ҳолатро дарёфтаву шарҳ додааст, ки пешкашат мегардад хонанда. Паз аз ироаи матлаби бону Ализода, мехоҳам 1 чиро ман, ту, вай, мо дарк кунем:
– Ин ҳам мегузарад!!!
Бовар кун, хонанда, ин рӯзҳо ҳам мегузаранд ва мо бо сари баланд назди виждону шарафи шаҳрвандии хеш посух хоҳем гуфт, ки Мо Метавонем!
ҲАМДИЁРОНИ АРҶМАНД, ШОЯД ИН СУБҲ ШУМО ҲАМ ЧУНИН ПАЁМАК ГИРИФТЕД?
БИЁЕД, БА ҶИДДИЯТИ МАСЪАЛА САРФАҲМ БИРАВЕМ. ВОҚЕАН ВАЗЪИ БААМАЛОМАДА ХЕЛЕ ХАТАРНОК АСТ. ОНРО КАСЕ Ё ИДОРАЕ НЕ, ТАБИАТ БА МИЁН ОВАРДА.
ПАС МО БО ШУУРНОКИВУ АҚЛАМОН БОЯД БО ВАҲДАТУ ОРОМӢ ОНРО ҚАБУЛ ФАРМОЕМ. МО АЗ ХУДО Ё АЗ ТАБИАТ ЗӮРТАР НЕСТЕМ.
АГАР МАСЪУЛОНИ СОҲА РОҲИ ДИГАРЕ БЕҲТАР АЗ ИН НАЁФТАНД, ПАС ИЛОҶ ҲАМИН АСТ.
ДАР ТАМОМИ ОЛАМ АҲОЛӢ БА ҚОНУНҲО ВА ФАРМОИШОТИ МУВАҚҚАТӢ ИТОАТ МЕКУНАНД, ТО АЗ БУНБАСТ БАРОЯНД.
БА «ПРОВОКАТОРҲО», КИ ИХТИЛОФ АНДОХТАНӢ МЕШАВАНДУ ҶОМЕАРО НООРОМ КАРДАНӢ ҲАСТАНД, ГӮШ НАДИҲЕД. АҚЛИ СОЛИМРО КОР ФАРМОЕД. ИН РӮЗҲО МЕГУЗАРАНД.
МЕБИНЕМ, КИ ТАБИАТ (ЭКОЛОГИЯ) ДАР ҶАҲОН ТАҒЙИР ХӮРДА. МО ИСТИСНО НЕСТЕМ.
ИМРӮЗ ДАР МУҚОБИЛИ ИН КРИЗИСҲОИ ТАБИӢ БАРЪАКС САРҶАМЪУ ИТТИФОҚ БОШЕМ, ТО БА РЕШАИ ХЕШ ТЕША НАЗАНЕМ.
БО ИДРОК БА ИН ТАЛАБОТ НАЗАР СОЗЕМ ВА ОНРО РИОЯ КУНЕМ. САХТ АСТ, МУШКИЛ АСТ, ВАЛЕ МУВАҚҚАТИСТ.
МАРДУМЕ, КИ АЗ ҶАНГ БО СУЛҲ БЕРУН ШУД, ПЕШИ ИН ХАТАРҲОИ ТАБИӢ НИЗ, ИНШОАЛЛОҲ ДАСТБОЛО ХОҲАД БУД.
ХУДОВАНД ЁРУ МАДАДГОРАМОН!
Ҳуриннисо Ализода
(Акс ҳам аз муаллиф)
Аз редаксия: Паёмак ҳамонгуна, ки ирсол шуд, нашр гардид. Хато аз масъулини соҳа аст, на аз мо, илло мо метавонистем онро ислоҳ кунем.
