Фанд…

Матлаби муҳтарам Саймумин Ятимовро бо унвонии “Марде шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ” хондам.  Пурра хондам ва иҷозат додам, ки ин мақола дар газетаи СССР нашр шавад. Ягон дастур, амр, хоҳиш набуд. Хондам ва иҷозат додам. Рӯиҳамрафта, дасти муаллифро мефишорам!!! Зеро ин достонест пур аз алам, дар бораи 1 зиёие, ки ӯро, чун аксарияти моро, дар давроне фиреб дода буданд…

Чаро фанд? Зеро воқеан ҳам зиёиёни хоми мо дар авохири асри ХХ, солҳои 90-уми асри пор, ба доми фанду фиреби муллоҳо уфтода буданд. Инро бояд касе мегуфт!!! Хушбахтона профессор Саймумин Ятимов гуфт!

Агар мо, зиёиён заррае виждон дорем, баъди хондани ин матлаб, бояд иқрор кунем, ки ба доми фанди муллоҳо афтода будем. Агар мо заррае имону инсоф дорем, бояд гӯем, нависем, ки оре, хатоҳо кардаем. Шояд рӯҳи мо минбаъд ором гирад. Шахсан ман медонам, афродеро, ки худро элита-улгуи миллат хондаву ба майдонҳо мерехтанд ва сабабгори хунрезӣ ҳам шудаанд. Мансабу вазифа ҳам доранд. Ном намеорам. На ин ки метарсам. Бояд худашон нависанд ва аз миллат узр пурсанд. Вагарна рӯзе мерасад, ки дар бораашон менависанд. Менависем. Мо Метавонем…

Ман шарафи шогирдии, шояд рақами 1 ҳам набошад, дастпарварди №2 ё 3-уми устод Мусулмонқуловро доштам.  Устод ба ҳадде ҳавохоҳу шодихӯрдаи ман буданд, ки шахсан худашон, то вазорати маориф рафтаву аз Ниёз Сафаров-муовини вақти вазири маорифи РСС Тоҷикистон хоҳиш карда буданд, ки бандаро ба Ленинград ба хондан фиристад. Муаллиф, С. Ятимов бисёр нозук ишорат мекунад, ки дар он даврон мардум аз илму маърифат бархурдор буданду сипас кӯрнамакӣ кардаанд. Банда низ аз дастпарварони ҳамон давронам…

Зи ҷӯе, ки хурдӣ, аз он оби пок,

Нашояд фигандан дар он сангу хок…

Ин шоҳбайти устод С. Аюбӣ ҳоло ҳам маънои хешро кам накардааст. Ҳамаи мо бархоста дар даврони советӣ, шӯравием. Наслҳои баъдӣ шояд бузургтар шаванду ҷамъиятро пештарактар бубаранд. Аммо имрӯз сар аз сарвари давлатамон ҷумлагӣ кадрҳои советием.

Раҳими Мусулмониён аз пештозони ана ҳамун овон буданд, ки мутаассуф фиребу фанди муллоҳоро диданд. Ман ҳамеша дар ҳайрат мебудам, ки чигуна, чаро ва бо кадом роҳ муллоҳои ҷоҳиле ингуна инсонҳоро аз роҳ зада тавонистанд? Шарафмандоне чун Бозор Собир ба доми ин найранг чигуна уфтоданд? О, нек дар хотир дорем, ки адибу шоираву ҳунармандону коргардону зиёиён фавҷ-фавҷ ба гирдбоди бало меҷастанду хешро қаҳрамони даврон тасаввур мекарданд. Воқеан ҳам саргузашти Бозор Собирро низ бояд навишту гуфт. Нафаре вораста, ки бар дом уфтод ва сипас пушаймон шуд. Бозорро бисёр хуб мешинохтам. Боре ҳатто нимашӯхиву нимаҷиддӣ гуфт:

-Сайёф, бачем, дар шинохти ин муллоҳои иғвогар, банда аз Сангак Сафаров ҳам хомтар будаам. Сангак инҳоро шинохт ва зиддашон шӯрид. Мо дер фаҳмидем…

Медонед, усулан матлаби С. Ятимов фоҷеа аст. Фоҷеаи 1 зиёӣ. 1 нафаре, ки воқеан ҳам пушаймон шудаву дигар имкону илоҷи вазъро надорад. Хонед матлабро. Пурра хонед. Ҳарф ба ҳарф. Зеро ҳар ҳарфаш 1 ҷаҳон маънӣ дорад. Хонед ва ин хаторо дигар такрор накунед. Хатои 1 профессорро…

Сиёсат ҷои содадилҳо нест. Дар сиёсат бояд сахтгилу сахтдил буд. Рӯҳи устод Мусулмониён шод. Бовар дорам, бисёр паҳлӯҳои фоҷеаи шахсии ӯ ногуфта мондааст. Минҷумла, ки чун устод ба Душанбе омад, хотираашро куллан шуста буданд. Касеро намешинохт ва чизеро намедонист…

Фикр мекунам, рӯҳи устод ором гирифт, пас аз нашри ин мақола…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube