ЧАРО ТАШХИСИ ТИББӢ ГАРОН АСТ?

Дар ҳақиқат ҷамъияти солим ин боиси пешравии тамоми самтҳои афзалиятноки кишварамон мегардад. Маҳз имрӯз дар асри тараққиёти илму техника тамоми соҳаҳо пеш меравад ва ҳатто соҳаи тандурустӣ низ ба дастовардҳои хуб соҳиб гашта, беҳтарин таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурии тиббӣ дар беморхонаҳо муҳайё буда, барои ҳифзи саломатии миллат табибон вазифаи хешро софдилона иҷро мекунанд. Мо хушнуд аз онем, ки қариб ба тамоми бемориҳо табибони мо роҳи шифо ёфтаанд, амсоли ҷарроҳии мағзи сар, дил, гурда, ҳароммағз, чашм, ки дар 20-30 соли пеш ин ғайриимкон буду аксаран беморон мефавтиданд.

Аммо бо вуҷуди пешравӣ боз баъзе камбудиҳо дар сохтори тандурустӣ ба назар мерасад, ки бисёр беморон аз ҳалли он сарсону саргардон мешаванд. Фарзи мисол, чаро дар клиникаҳои шахсии кишварамон арзиши ташхиси тиббӣ хело қимат ва дандоншикан аст? Наход 1 ташхиси тиббии микроб, ки аз хун мегиранду 10 дақиқа вақт сарф мешавад, арзишаш 480-500 сомонӣ бошад? Гӯё,  ки маблағ аз ҳаво мерехта бошад. Ва боз аламовараш он аст, ки баъзе табибон қасдан ва барои манфиати худ ташхиси нолозимаро низ ба сарат бор мекунанд. Аксар ташхисҳои тиббӣ дар клиникаҳои шахсии вилояти Суғд гарон буда, ҷавобгӯ ба ҷайби мардум нест! Охир мо чи гуна фаҳмем, ки бо 1000-2000 сомонӣ музди маоше, ки мегирем, ҳам ташхиси гаронарзиш кунему ҳам табобати қиматбаҳо?!!

Ва боз аламовараш он аст, ки имрӯз нархи доруворӣ дар дорухонаҳо 1 хел нест ва ба мисли мавҷи об фарқ карда меистад. Бояд масъулини раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд назорат аз арзиши доруворӣ ва ташхиси тиббӣ баранд, ки мардуми бемор сарсону саргардон нашавад.

Аз раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки ҳамеша бо халқ асту ҷонфидои арзишҳои миллист, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки сари масъалаи болозикр фикр кунанд, ба нархномаи доруворӣ, ки аз Ҷумҳуриҳои ҳамсоя ворид мешавад, назорат бурда, бештар ташхис ва табобати тиббии клиникаҳои шахсиро назорат баранд ва ба беморон, ки аксарият мардуми камбизоати вилоятанд, андаке сабукӣ оранд.

Эҳром Раҷабов,

ш. Истаравшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube