ЧАРОҒИ МАЪРИФАТРО ХОМӮШ НАКУНЕД!

Дуруд СССР! Нависандаи машҳури Доғистон Расул Ғамзатов гуфтааст: «барои худро шинохтан китоб лозим аст, барои дигаронро шинохтан ҳам китоб лозим аст». Аммо дар рӯзномаи «СССР дар шумораи №6 (854) аз 6.02.2025 таҳти сарлавҳаи «Хуҷанд: ягона дӯкони китобфурӯшӣ баста мешавад?» -ро хонда, нигарон шудам. Зеро бастани дӯкони китоб ба бастани роҳи илму фарҳангу дониш баробар аст.

Биёед таърихи гузаштаамонро варақгардон кунем, дар асрҳои гузашта мардуми одию қаторӣ, ки нимбараҳнаю нимгурусна дар хонаҳои нимторику нимравшан умр ба сар мебурданд, боз ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи махсус медоданду завқи баланди дониш доштанд. Ҳол он ки дӯконҳои китоб он замонҳо хеле кам буд. Ба ҳар ҳол мардуми тоҷик аз азал бо илму бомаърифат буд, махсусан китобро қадр мекарданд. Ҳаёти одами китобхон бомаънӣ мегузарад, аз китоб ақли одам зиёд шуда, зиндагӣ меомӯзад ва корашро дониста мекунад. Аз ин рӯ, тамоми мутафаккирони олам бузургии китобро ситоиш намуда, аз ҷумла гуфтаанд:

«Ганҷ магир китоб гир», «1 китоби хуб беҳ аз 1 хазинаи бузург», «Хонаи бекитоб ба хонаи бетиреза монанд аст, ки рӯшноӣ дар он нест».

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки шоирони форсу тоҷик назми ҳазорсолаи онҳо то ба имрӯз тавассути китобҳо омада расидааст.

Ба ҳар инсони солимфикр сарфи назар аз он ки дар кадом вазъу шароит қарор дорад, баробари ғизои хӯрданӣ ғизои маънавӣ низ зурур аст. Буқрот гуфтааст: «Рӯҳи қавӣ ҷисми заифро наҷот медиҳад». Вале аз чӣ сабаб бошад, ки дар замони пешрафти илму маориф ба ҷои боз ҳам пешрафт кардан баръакс масъулони шаҳри Хуҷанди бостонӣ ягона мағозаи китобфурӯшии «Ганҷина»-ро бастанияд???

Таваралӣ АВСАҚОЛОВ,

н. Фархор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube