Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби МИҲД н.Синои ш.Душанбе дар соли 2025 бунёди 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо 165 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.
Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Умед Гуреззода, иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Сино иттилоъ дод, дар доираи ин ҷашн сохтмон ва навсозии 3,8 км роҳҳо, бунёди 2 сардхона ва гармхона, сохтмони 30 бинои баландошёна, рангу бори 93 биною иншоот, навсозии 29 партовгоҳ, 105 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ барои бунёд, навсозӣ ва таъмири ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 11 ададро бунёди биноҳои нави мактабҳои шахсӣ ташкил медиҳад.
– Ҳоло дар ноҳия бунёди 5 муассисаи таълимии миёнаи умумӣ барои беш аз 6380 ҷойи нишаст дар 2 баст ва 14 муассисаи томактабӣ барои 2240 тарбиятгиранда идома дорад. Дар нақша дорем, ки соли 2025 бархе аз онҳоро ба истифода диҳем, – таъкид дошт Умед Гуреззода.
Ҷ. Мақсуд, СССР
