Алия Молдагулова: СНАЙПЕРИ 18 – СОЛА

Ба шарафи 100 – солагии қаҳрамони қазоқ

 Барои нишон додани далерию матонат дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 11.000 нафар аскарони ғаюр ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадр шуданд. Дар

байни лётчикҳо, тӯпчиён, танкчиён, маллоҳон, фармондеҳон ва ғайра мерган (снайпер) –ҳои моҳири марду зан низ ба ин унвони олӣ мушарраф гардидаанд.

Ин бор дар хусуси қаҳрамонии қазоқдухтари 18-сола, снайпери беҳамто Алия Молдагулова қисса хоҳем кард. Шоёни зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати Қазоқистон соли равон дар ҳудуди кишвар 100-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Иттифоқи

Советӣ Алия Молдагулова бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

 

САҒИРА

Алия Молдагулова 25 –уми октябри соли 1925 дар авули Булак, ҳозира ноҳияи Хобдинск, вилояти Актюбински Қазоқистон ба дунё омадааст. Миллаташ қазоқ. Алия аз хурдӣ, аз меҳру муҳаббати волидон маҳрум мемонад. Падараш Нурмухамбет (Нурмуҳаммад) Сарқулов дигар ҷо мезист. Эҳтимол меравад, ки вай аз тарафи ҳукумати нав ҳамчун зурёти сарватманд-кулак ба таъқиб гирифтор

шуда бошад. Модари Алия – Маржон (Марҷон) Молдагуловаро дар давраи гуруснагии соли 1933 посбоне барои “дуздӣ”- и чанд дона картошка мепаронад.

Алия андаке дар мактаби миёнаи №11-и шаҳри Аулие –Ата таҳсил мекунад. Пас аз ятим мондан ӯро ба тарбияи мома (бибӣ) –аш, хонаводаи бобои модариаш Аубакир Молдагулов месупоранд. Алия аз 8 – солагӣ дар хонаводаи тағояш, дар шаҳри Алма-ато зиндагӣ ихтиёр мекунад.

Соли 1935 тағоии Алия ба Академияи ҳарбӣ – нақлиётӣ дохил мешавад ва  хонаводаи Молдагуловҳо ба шаҳри Москва мекӯчанд. Чанд сол пас Ҳуқумати вақт Академияро ба шаҳри Ленинград мекӯчонад. Оилаи онҳо ба ин сабаб ба шаҳри Ленинград кӯч мебанданд.  Тирамоҳи соли 1939 вобаста ба шароити оилавӣ тағояш Алияро ба мактаб –интернати №46-и Ленинград ҷо мекунад. Ва ӯ ҳамин хел таҳсилро дар “гаҳвораи револютсия”, дар мактаби миёнаи №9-ум (ҳозира мактаби №140) идома мебахшад.

 

ЭВАКУАТСИЯ

Моҳи июни соли 1941, баробари сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ хонаводаи Молдагуловҳоро эвакуатсия мекунанд. Аммо ин карат, Алия бо онҳо нарафта, дар Ленинград монданро афзал медонад. Сар аз 8.9.1941 мудофиа (блокада) –и Ленинград сар мешавад. Моҳи марти соли 1942 фармон омад, ки хонаи кӯдаконро кӯчонанд. Алия ва дигар кӯдаконро аз Ленингради дар муҳосира афтода, бо азобе ба деҳаи Вятски вилояти Ярослав оварданд.

 

Снайпер

21.12.1942. Алия Молдагулова ба ҷанг ихтиёран меравад. Ҳанӯз 20-уми марти соли 1942 бо фармони Комитети халқии мудофиаи СССР дар назди сарраёсати Всевобуч (таълими умумии ҳарбӣ) мактаби инструкторон –снайперҳо созмон ёфт, ки 21- уми ноябри соли 1942 он бо фармони КХМ СССР ба мактаби марказии инструкторон, омодагии снайперҳо аз нав ташкил карда шуд. Алия Молдагулова ба қабули якуми мактаби мазкур, дар шаҳраки наздимосквагии Вешняк (ҳудуди ҳозираи Унирверситети гуманитарии Москва) ғалтид.

 

 

КАМОНИ ИНЪОМӢ

Таҳсил, машқу тамрин тез мегузашт. Байни курсантдухтарон аз ҳама нишонзани беҳтарин Алия буд. Аз ин рӯ дар мактаби снайперӣ Алия Молдагуловаро бо милтиқи хосаи инъомӣ, бо навиштаҷоти “Аз КМ ВЛКСМ барои тирандози олӣ” сазовор гардониданд. 23-юми феврали соли 1943 курсантдухтарони снайпер савганди ҳарбӣ ёд карда, июли соли 1943 ба бригадаи 54- уми тирандози армияи 22-юми фронти Прибалтика фиристода шуданд.

 

Дар 3 моҳ 32 фашистро кушт

Порае аз ёддошти ҳамхизмати Алия – Я.К. Прокопенкова:

“Моҳи августи соли 1943 ба бригадаи мо снайпер Алия Молдагулова пайваст.  Духтараки нозуки ситорагарми хурдҷусса аз Қазоқистон. Ҳамагӣ 18 сол дошт, аммо дар фосилаи начандон зиёд, возеҳтараш дар се – моҳ то моҳи октябри

ҳамон сол аллакай 32 аскару афсари фашистро маҳв намуда буд. Ва бо қобилияти мерганӣ ҳайати фармондеҳӣ ва ҳамхизматонро қоил кард.

 

ТИРАНДОЗИ МОҲИР

Аммо то ба хатти пеши фронт расидан, Алия ба гуфтае чанд машк оби дида рехт. Сабаб ҳамон яке буд, синну сол ва хурдҷуссагӣ, қади пасташ. Аз ин рӯ, фармондеҳи мерганҳо –духтаракони қадпастро ба ротаи чорум таъин намуданд. Аз рӯи қоида снайперҳо ҷуфт (дукаса) ба “шикор” мебаромаданд. Барои онҳо пешакӣ мавқеи муайян омода мегардид. Дар он макон, то ба лаҳзаи нишон гирифтани душман ва маҳви онҳо соатҳо камин гирифтан рост меомад. Пас аз маҳви фритсҳо сар мешуд рӯзи маҳшар. Болои сари мерганҳо снаряду минаҳои фашистон бедарак партоб мешуд. Лаҳзаҳои хатарзо Алия гӯё, ки неруи тоза мегирифт. Сари мӯе тарс надошт. Дар чунин ҳолатҳои фавқулода нотарсии ӯ зоҳир мегадид. Вай натанҳо фашистонро қир мекард, балки ба аскарони захмдоршуда ёрӣ расонда, ҷароҳатбардоштагонро аз майдони ҷанг

берун мебаровард…

 

МАТОНАТИ АЛИЯ

Яке аз лаҳзаҳои ҷангии Алия ва снайпердухтарони советӣ басо хотирмон аст. Панҷ нафар аскарони немис мергандухтарони дар минтақаи бетарафро дида, камин гирифта, хавфро эҳсос намуда, хостанд онҳоро асир гиранд. Аммо Алия Молдагулова якумин шуда, барқасо тир кушода, немиси якумиро безарар гардонд. 2 фашисти дигарро мергандухтарон Зина ва Надя нобуд карданд. 2 немиси зиндамондаро духтарон асир гирифта, ба нуқтаи фармондеҳӣ пешандоз карда оварданд.

 

“БАРОДАРОН, САРБОЗОН, АЗ ПАСИ МАН!”

Дар рафти амалиёти Ленинград – Новгорад, аввали моҳи январи соли 1944 бригадаи 54-уми тирандоз қад-қади фронт бо низоми маршӣ ҷониби шаҳри Новосоколникии вилояти Псков, ба хатти пеш ҳаракат карда, мудофиаи душманро аз шимоли шаҳр рахна заданд. Аз нақли политрук (роҳбари сиёсӣ)- и баталёни 4-ум Г.В. Варшавский, ки дар он мергани номвар Алия Молдагулова хизмат мекард, қисми бригада ба роҳи оҳани стансияи Насва баромад. Душман онҳоро бо

тирборони шадид пешвоз гирифтанд.

Аскарони советӣ шабона ҳудуди аввалро ишғол намуда, субҳидами рӯзи 14- уми январи соли 1944 ба ҳуҷум гузаштанд. Снайперҳо баталёнро муҳофизат мекарданд. Дар назди баталён вазифа гузошта буданд, то роҳи оҳани Новосоколники – Дноро дар маҳали стансияи Насва убур намуда,

деҳаи Казачихаро ишғол намоянд. Ба он нигоҳ накарда, ки аскарони советӣ хатти аввали мудофиаи душманро рахна заданд, ҳуҷум зери оташи пулемётҳои фашистон барор намегирифт. Дар чунин лаҳзаҳои дигаргуншавии қатъӣ Алия Молдагулова аз ҷо бархоста, бонг зад:

“Бародарон, сарбозон, аз пушти ман!”. Ва худ ба пеш ҳаракат кард. Он рӯз Алия дар зада гардондани 3 ҳуҷуми гитлерчиён ширкат варзид…

 

ҶАНГИ ДАСТ БА ГИРЕБОН

Моҳи январи соли 1944 Алия дар задухӯрд барои деҳаи Казачиха-ноҳияи Новосоколникии вилояти Псков аз худ далерию матонат нишон дод. Баталён субҳидам ба ҳуҷум гузашт. Вақте то хандақҳои душман якчанд метр монда буд, пулемёти душман ба кор даромад. Алия бо маҳорати том бо 1 норинҷақ, “дами пулемёти намесҳоро фурӯ нишонд”.

Хатти аввали душман фатҳ гардид. Дар як рӯз баталён ду ҳуҷуми ҷавобии фашистонро зада гардонд. Субҳи рӯзи дигар аскарони советӣ боз ба ҳуҷум гузаштанд. Болои барф дароз кашида, Алия бо милтиқи снайпериаш хунсардона ва ҳадафрас сӯи душман оташ мекушод…

Рӯзи сеюми ҳуҷум. Алия бо автомат кор гирифт, зеро тири душман нишонгираки оптикии милтиқашро шикаста буданд. Ҳини корзор тикапораи минае дасти росташро захмдор карда буд, аммо Алия майдони набардро тарк накард. Дар хандақи фашистон ҷанги даст ба гиребон авҷ гирифт. Афсари фашист ба қафаси синаи мергандухтар тир холӣ кард. Алия тамоми қувваашро мушт карда, бо тири бехато афсари немисро маҳв намуд. Ин ҳарби охирини қаҳрамондухтари

советӣ – қазоқ Алия Молдагулова дар таърихи 14-уми январи соли 1944 буд.

1 рӯз қабл аз ҳалок шуданаш Алия тавонист ба хоҳараш Сапура нома нависад. Ҷасади Алия Молдагуловаро дар қабристони бародарӣ, дар деҳаи Монаково, ноҳияи Новосоколники, вилояти Псков ба хок супориданд…

4-уми июни соли 1944 бо фармони Президиуми Совети Олии СССР барои иҷрои намунавии супориши ҷангии фармондеҳӣ дар ҷабҳа бар зидди немисҳои истилогар ва нишон додани далерию матонат ба ефрейтор Молдагулова Алия Нурмухамбетовна унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дида шуд (пас аз март). Ҳамчунин бо ордени Ленин (4.6.1944) сарфароз гардид.

 

ГИРОМИДОШТ

Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Қазоқистон номи фарзанди қаҳрамони худро бо тамоми санъат гиромӣ медоранд. Ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Алия Молдагулова авул дар Хобдинск, кӯча дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Остона, Қарағанда ва Актобе, ҳайкал дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Алма-ато, Астана, Актобе, Чимкент ва зодгоҳаш гузоштаанд. Ба шарафи Алия Молдагулова соли 1978 дар Театри опера ва балети Қазоқистон балети “Алия”–ро саҳнавӣ гардонданд.

Соли 1944 баъди ҳалок шудани Алия шеъри шоир Яков Хелемский, ки ба шарафи қаҳрамонии А. Молдагулова эҷод шуда буд, ба табъ расид. Сарояндаи маъруф ва хушноми қазоқ Роза Римбаева суруди “Алия”- (композитор С. Байтереков, матни Б. Тоҷибоев) -ро бо маҳорати том суруд. Дар таърихи эстрадаи советӣ кам иттифоқ уфтода, ки суруд ба забони дигар миллат (бе

матни русӣ), машҳур гардад. Соли 1977 барои иҷрои ин суруд Роза Римбаева дар фестивали “Золотой Орфей” соҳиби Гран-при шуд. Ҳамчунин суруди болозикр дар иҷрои Роза Римбаева дар фестивали телевизионии “Песня-77” баранда гашт. Дар бораи Алияи қаҳрамон он овон филми ҳуҷҷатии “Алия” (1970, режиссёр Юрий Пискунов) ва филми ҳунарии “Снайперҳо” (1985, режиссёр Болотбек Шамшиев) бардошта шудааст…

 

ЭПИЛОГ

Як духтараки розапайкари қадпасти 18-солаи қазоқ дар зарфи қариб 6 моҳ, ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Армияи Сурх, дар солҳои 1943-1944 (то рӯзи ҳалок шудан) бо як милтиқи снайперӣ 78 аскару афсари душмани ғосибро нобуд сохт. Ин духтараки далер Алия Молдагулова, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовори ҳама гуна таърифу таҳсин мебошад.

 

 

Умари ШЕРХОН

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube