1 ҳафта беш, ки таҳаввулоти ахирии ҷаҳон, ба вежа мушкили Аврупову Украина ва Россияро мушоҳида мекардаму матлаб навиштанӣ будам, ҷуз ин масали нави неотоҷикӣ сарлавҳае дарнаёфтам, ки мағзи проблемаро ифшо карда тавонад. Зеро ба таҳқиқ «кидат разбор надоштааст!». Сухан сари «кидати Трамп намеравад, ки Украинаву Иттиҳоди Аврупоро ҳайратзада кард». Суҳбат сари он меравад, ки Трамп «кидат по европейский»-ро дар соли 2020, дар интихоботи қаблӣ ва дар маъракаи пешазинтихоботии соли 2024, ки ИА зиддаш шӯрида буд, фаромӯш накардааст.
Оҳ, Трампеееее…
Хотиррас мешавем, Доналд Трамп ва ин имрӯз аз касе пӯшида нест, дар соли 2020 бар ҳарифаш Ҷо Байден (воқеан ту намедонӣ хонанда ӯ ҳоло дар куҷост? Аууу Байден???) ғалаба карда буд. Аммо ин пирӯзиро аз ӯ дуздиданд. Зеро барои империализми ҷаҳонӣ ҷанги нави ҷаҳонӣ бо хараҷу мараҷи ним триллион доллара лозим буд. Ҳоло сухан танҳо сари хариду фурӯши силоҳ аст. Хулласи калом Трампро якнима карданд ва барои Аврупо «Черчилли нав» дар симои 1 артист кашф. Ёдат ҳаст хонанда, ки дар соли 2022 Зеленский баякборагӣ аз 1 «комик» бар бузургтарин чеҳраи сиёсии асри ХХ, сэр Уинстон Черчилл табдил ёфт?
Банда ҳаргиз зидди президенте, лидере, артисте, чеҳраи наве набудаму нестам. Аммо Черчилл, хизмататон арз кунам, чеҳраи дӯстдори ман дар арсаи сиёсат аст. Ман ҳатто хона-музейи ин Шахсиятро зиёрат кардаам, бо асарҳояш, корҳояш, зиндагиномааш ошноям ва ин қиёс, ин баробаркунии Черчилли наву куҳнаро ҳамон даврон низ напазируфта будам. Зеро касе Черчиллро медонад, пас медонад, ки Уинстон хизмати ҳарбиро аз аскари қаторӣ сар карда, то сарвазирии Англия расида, ин давлатро аз ҷангҳо наҷот дода буд.
Зеленский бошад…, ҳатто хизмати сарбозӣ накардааст (4 бор даъватномаи комиссари ҳарбиро гирифтаву ба хизмат ҳозир нашудааст) …
Воқеан ҳам, Аврупо аз ҳамон соате ба шикасту рехт мувоҷеҳ гардид, ки аксарияти “хизматнакардаҳо” сари кори давлат омадаву наполеонҳои ҷадид шуданд. Баякборагӣ қариб дар тамомии кишварҳои ИА вазирони мудофиа занҳо, нимамарду нимазанҳо ва усулан ашхоси мулкӣ таъин шуданд. Ин нонсенс аст, ки нафаре бӯи борутро нашамидаву аз котёли сарбозӣ каша нахӯрда бошаду вазири мудофиа шавад ва ба Армия сарварӣ намояд. Зимнан вақте, фарзи мисол бону Урсула фон дер Ляйен, садри Иттиҳоди Аврупо мегӯяд:
“Россияро бояд дар майдони ҷанг шикаст дод, на майдони гуфтушунид, хандаи кас меояд”.
Сипас сари қудрат дар ИА нафароне омаданд, ки аз сиёсат фарсахҳо дур буданд. Чеҳраҳои синамоӣ, театрӣ, артистон, популистон ва ғ. ва ҳ. Барои инҳо ҳатто афзалият шуд, агар онҳо, шодихӯрдаи ҳамҷинсгароӣ, яъне ЛГБТ будандӣ ва ин камбуди башарӣ, ки дар ҳама кутуби Худованд маҳкум аст, боиси шарафашон шудӣ…
Ва ана ҳамин пиракии интихоботро дуздида (ибораи Трамп), артисти Черчилл гардида ва сарфармондеҳони борутро нашамида, ҷанг карданд. Хуб, дар ин ҷанг 350 миллиард доллари амрикоӣ харҷ шуд. 100 миллиард доллари ИА. Вале пирӯзӣ 1 тараф, Армияи укроинӣ 1 қадам пеш нарафт. Миллионҳо нафар кушта шуданд. Ва Трамп боз сари кор омад ва гуфт:
– Ман ба Украина сулҳ меорам!!!
Сулҳ агар ояд, Киев маҷбур аст, тибқи дастури Трамп, “заминҳои корам ва сарватҳои зеризаминии худро бар қиболи 300 млрд доллари қарзи амрикоӣ ба Вашингтон диҳад”. А, то ин рӯз шумо фикр доштед, ки силоҳу муҳимоти ҷангӣ, “ҳамтушба меоянд мӣ?.
Ҳафтаи пор, ки ҳама занги Трампро ба Зеленский интизор буд, Трамп гирифту ба Путин занг зад! Зеро нуқтаи назари ин 2 лидер, ақаллан дар мавриди «ҳамҷинсгароӣ» ва ЛГБТ 1 аст. Ёд доред, рӯзи аввали кор Трамп зери қонуне имзо гузоштаву эълон намуд:
– Дар Амрико 2 ҷинс ҳаст: Мард ва Зан!!!
Ин амрро аз рӯи талаботи мазҳаби католикӣ имзо гузошт. Қаблан Путин низ зи рӯи талаботи мазҳаби православӣ ҳамингуна амреро имзо кардаву ҳатто «ҳамҷинсгароӣ»-ро гуноҳ ва ба он ҷазо эълон кард.
Аврупо… Аврупое, ки сар аз соли 1991, воқеан ҳам баъди шикасти давлати абарқудрати СССР комилан истиқлолияти хешро аз даст дода буд, дар ким-куҷои дил умед дошт, Трамп ақаллан ба Париж, Лондон, Рим, Бон мувофиқа намуда, сипас ба Маскав занг мезанад. Мегӯянд Зеленский шабу рӯз пеши телефон менишаст. Аммо ин тавр нашуд. Трамп ба ВВП занг заду атрофии сулҳ бо ҷонибе суҳбат кард, ки «тарафдори сулҳ аст!» (иддаои Трамп).
Ба забони дигар, вақте Доналд Трамп ҳамтои русашро «ягона ҷонибдори сулҳ дар ин конфликт» хонд, автоматӣ тамомии Иттиҳоди Аврупоро бо шумули Киеви расмӣ «тарафгири ҷанг» номид! Ин масали тоҷикии «Дар гуфтам, девор шунав-келин гуфтам, сунҳор шунав» нест, инро забони расмии политикаи бузург меноманд! Ва ҳамин ҳоло, ки ту, хонандаи ин сутур бо ин матлаб ошно мешавӣ, намояндагони Маскаву Вашингтон дар сатҳи баландтарин, дар Ар-Риёзи Саъудӣ атрофии сулҳ дар Украина суҳбат доранд. Хотиррас мешавем, ба ин гуфтумонҳо Трамп Зеленскийро ҳатто даъват накард!!!
Трамп, албатта суханҳои дар арафаи маъракаи интихоботии қаблӣ гуфтаи Зеленский ва лидерони Иттиҳоди Аврупоро бар зидди кандидатии худ ва тарафгирии ишон аз Камила Ҳаррисро фаромӯш накардааст. Ҳатто мо фаромӯш накардаем, ки аз лидерони ИА ин танҳо Виктор Орбан-президенти Маҷористон (Венгрия) будӣ, ки ба Амрико рафт ва бо Трамп во хӯрду ба компанияи президентияш даромехт. Орбанро тамомии ИА маҳкум кард. Аммо Орбан, ки ба фикри компанияи интихоботии Трамп «ягона мардак дар Аврупост», то охир ба 2 ақидааш содиқ монд:
- Ҷанг бояд дар Украина хатм ёбад ва:
- Трамп бояд барои ин сари қудрат ояд…
Ҳам ин шуду ҳам он…
Занги Трамп ба ВВП табиист Аврупоро ба таҳлука дароварду ҳафтаи пор «Нишасти Мюнхен» роҳандозӣ шуд. Ба ин нишаст ноиби президенти ИМА Ҷей Вэнсро даъват карданд. Эй, кош, намекарданд! Вэнс дар рӯбарӯи лидерони ИА ба онҳое суханҳое гуфт, ки 7 пушташон на шунидаву на хоҳад шунавид. Ӯ минҷумла, Аврупоро ба диктатура, қатли демократия ва яккатозии якҷониба муттаҳам кард. Аз ҷумла гуфт:
– Вақте дар Руминия халқ назари худро дар интихобот мегӯяду қудратеро сари кор меорад, кӣ ҳуқуқ додааст ба шумо, ки ин интихоботи халқи Руминияро бекор кунед???
Хотиррас мешавем, дар интихоботи Руминия қувваҳои ростгаро ё худ миллатпарастон пирӯз шуданд ва ИА ин интихоботро лағв кард. Ҳамонгуна ки дар Италия, Фаронса, Германия низ ростгароҳо сари кор меоянду Бруссел бо ҳар роҳу восита онҳоро садд мегузорад. Назари Вэнс ин нест, ки бояд миллатгароён сари қудрат оянд. Ӯ мехоҳад ба раъйи мардум, интихоби халқ арҷ гузошта шавад. Ин ҷо албатта, боз ҳам пардапӯшона, Ҷей Вэнс ба интихоботи соли 2020 дар Амрико ишора мекард. Ҳам дар Руминия ва низ дар Амрико оппонентҳо бе ҳеҷ далел «дасти русӣ дар интихобот»-ро баҳона оварда буданд. Яъне ҳар гоҳе мардум на бар хостаҳои Иттиҳоди Аврупо овоз дод, пас кори дасти беруна асту, хостаҳои Бруссел бароварда шаванд, кори дасти халқ?
Рӯиҳамрафта, витсе-президенти Амрико бо Олаф Шолтс-канслери Германия ҳатто салом накард!!! Ин аллакай силлии сиёсӣ не, ки ба гуфтаи Бобои Ғулом «шапалоқи деҳқонӣ» бар рӯи Бонни расмӣ шуд.
Гузориши мо нокомил мемонд, агар мо сари нишасти дигари оҷилии дар Фаронса баргузоркардаи Эмануэл Макрон ва муттафиқинаш суҳбат накунем. Баъди нокомии комили ҳамоиши Мюнхен ва суханони тезу тунди Ҷей Вэнс, дар Париж нишасти изтирории ҷонибдорӣ аз Украина, хонда шавад «тарафгирони идомаи ҷанг» (ибораи Скотт Риттер, низоъшиноси амрикоӣ), баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш тавре интизор мерафт, боз ҳам намояндагони кишварҳои кӯчаки Прибалтика, Фаронса, Олмон, Лаҳистон ва ғ. тунду тез сухан карда, аз Черчилли аллакай хеле куҳнашудаи аврупоӣ шуниданд, ки «Путинро бояд суд кард, Россияро бояд нест кард» ва «Армияи ягонаи аврупоӣ дар рӯи артиши ҷангозмудаи укроинӣ бояд таъсис дод». Расидем! Ин иддаои ахир ҳатто худи аврупоиҳоро тӯронид…
Ва аз ҳама охир, ки метавонад нуқтаи таммат бар даҳони муддаиён гардад, ин нуктаи бисёр муҳим будӣ, ки зикри хайрашро аз газетаи The Express Tribune мекорам, то мабодо фикр накунӣ, хонанда, ки ман, роқими ин сутури ҳақир, тарафгири ин ё он ҷонибам:
17.02.2025. Соат ба вақти Мюнхен 09:15 дақиқа. Баъди суханронии Ҷей Вэнс, витсе-президенти Амрико, ба саҳна Кристоф Ҳойсген-сардори Ҳамоиши Мюнхен оид ба амнияти Трансатлантикӣ баромада, 1 шикамсер бигирист ва канда-канда гуфт:
– Дареғо, баъди баромади Ҷей Вэнс дигар амнияти мо ун қадар умумиатлантикӣ нест, ки нест…
Мантиқи матлаб медонед куҷо ниҳон аст? Дар ин масал:
– Вақте филҳо меҷанганд, магасон қурбон мешаванд!
Яъне соате абарқудратҳо байни ҳам баҳс мекунанд, давлатҳои карлик, хурд, майдатар бояд андеша кунанд ва ба ҳар киш-кишу пиш-пиш қӯш нашаванд. Зеро инҳо боз бо ҳам меоянд ва войи мову шумо:
Низоъ байни 2 тан чу оташ аст,
Хабаркаши бадбахт ҳезумкаш аст!!!
Мо Метавонем!
