ДАР ЯК САТР

19.02.2025. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид.

21.02.2025. Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар ш. Бишкек Созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карданд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз дар сатҳи олӣ матраҳ мегардад: мубораки халқи Тоҷику Қирғиз бод!

  Федератсияҳои футболи 3 кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон тасмим гирифтанд мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар соли 2031 бошанд.

Аз 01.04.2025 дар Федератсияи Россия санҷиши ҳатмии дониши забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷир ҷорӣ мешавад, ки бар асоси он, фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан ба мактабҳои ин кишвар бояд имтиҳон супоранд.

 02.03.2025. Рӯзи якшанбе, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад: ҳама ба интихобот!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube