То охири соли 2024 шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 836 ҳазору 690 нафарро ташкил дода, теъдоди маъюбон 167 ҳазору 108 нафарро ташкил кардааст…
Маъюбият барои тамоми умр аст ё 1 сол?
Алихон Шарипов, ҷанговари башардӯст, муаллиф ва мухлиси доимии газетаи СССР аз ш.Кӯлоб, зимни амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон мисли аксарияти ширкатдорони ин набарди хунин, контузия (қисман аз кор мондани бадан, ё майнаи сар, шунавоӣ, биниш ва гуиш) ва ҷарроҳӣ гирифтааст. Контузия табобатнашаванда ва барои тамоми умр аст, вале масъулони Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, яъне ҳамон ВТЭК-ҳои пешина ҳар сол аз Алихон Шарипов ва ҳамхизматонаш даъват ба амал меоранд, ки аз комиссияи тиббӣ гузарад…
Л.Ш., писари 1 дӯсти мо аз н.Данғара низ модарзод маъюб аст ва ақлаш ба бисёр чизҳо намерасад. Зимни суолу ҷавоб ва ташхиси тиббӣ ҳарчӣ ба забонаш омад, ҳамонро такрор ба такрор мегӯяд. Ӯро низ табибон маҷбур месозанд, ки ҳар сол аз муоина гузарад, вале маъюбияташ, ки нуқсони модарзодӣ аст, ҳеҷ гоҳ табобат намешавад, вале ӯ маҷбур аст, ҳар сол омада, аз комиссияи ВТЭК гузарад. Наздикон қисса мекунанд, ки ҳини гузаштан аз комиссия духтуре аз ӯ суол мекунад, ки «5х5» чанд мешавад? Л. рақами ба даҳон омадаашро мегӯяд ва мутаассуф барои бемору хушбахтона барои духтур ин рақам 25 будӣ. Комиссия 2 поро дар 1 мӯза медозад, ки ин нафар сиҳҳат аст! Ва вақте бо пофишории наздикон ба ӯ 4х4 ва 9х9 мегӯянду ӯ ҳамингуна 25 мегӯяд, «комиссия дарк мекунад», ки ин бечора ноқисулақл аст.
Бюрократия! Зеро ба гуфтаи Алихон Шарипов чигуна 1 ҷавонмарди дар 20 солагӣ захмӣ шудаву маъюбият гирифта, ё маъюби модарзод, бо мурури сол, пир шуда, «шифо меёфтааст»?!. Вале ба кӣ мегӯй! Тибқи супориш ин афрод бояд ҳамасола садҳо сомонӣ харҷ кардаву аз сартосари кишвар ба Душанбе омада, ташхис гузаранд, наоянд нафақаи маъюбӣ намегиранд…
Чунин ҳолатҳо кам нестанд ва шумораи зиёде хонандагони газетаи мардумӣ аз редаксия пайваста хоҳиш менамоянд, ки дар бораи маъюбият ва маъюбон дар Тоҷикистон, шумора, нафақа ва имтиёзи барои ин табақаи ҷомеа ҷудошуда, муоинаҳои тиббии маъюбон бештар нависем.
Ногуфта намонад, ки дар байни мухлисони ашадӣ ва ҳаводорони газета ҳастанд нафароне, ки бо амри қисмат имконияти маҳдуд доранд, аммо ҳеҷ гоҳ аз ин рӯҳафтода нагашта, баҳри рушду пешрафти илму фарҳанг, матбуот ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ саҳмгузоранд, ки офаринашон бод.
Маъюб кист?
— маъюб – шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад.
Ташхиси тиббию иҷтимоӣ
Маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии он, дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд будани шахс бо роҳи гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.
Ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо назардошти арзёбии умумии ҳолати организм дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои клиникии функсионалӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, меҳнатӣ ва равонии шахси муоинашаванда амалӣ карда мешавад.
Бо назардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ ба шахси маъюб эътирофгардида гурӯҳи маъюбӣ ва ба шахси то синни 18 – сола категорияи «кӯдаки маъюб» муқаррар карда мешавад.
Ташхиси тиббию иҷтимоиро мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳад. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдори ташхиси тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
167.108 маъюб дар кишвар
Тавре Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 10 феврал гуфт, шумораи маъюбон дар кишвар дар соли сипаригашта 167 108 нафарро ташкил дод. Дар ин давра ҳамагӣ 11456 нафар, аз ҷумла кӯдакон 4064 нафар, чун шахсони маъюбиятдошта бори нахуст расман ба қайд гирифта ва 7195 нафар аз маъюбӣ бароварда шудаанд.
– Тамоюли зиёдшавии теъдоди маъюбон дар соли 2024 – 4282 нафарро ташкил дода, он асосан аз ҳисоби нуқсонҳои модарзодӣ ва иллатҳои генетикӣ ташаккул ёфтааст, – афзуд Ҷамолиддини Абдуллозода.
Нафақаҳо афзуданд
Тавре Абдураҳмон Ҳалимзод, директори нави Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар иттилоъ дод, дар соли 2024 шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 836 ҳазору 690 нафарро ташкил дода, теъдоди умумии нафақагирони маъюб 167 ҳазору 108 нафарро ташкил кардааст.
Аз ҷумла, маъюбони гурӯҳи 1-ум – 17 965 нафар,
гурӯҳи 2- юм – 82 068 нафар,
гурӯҳи 3-юм – 33 041 нафар,
маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18 – сола – 34 034 нафар,
шумораи кӯдакони ятими кулл -1168 нафар,
шумораи кӯдакони нимятим – 77 502 нафар,
шумораи маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ (1941-1945) – 21 нафар ва шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ – 140 нафарро ташкил медиҳад.
– Соли 2024 бо мақсади таъмини татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2024 аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30% аз андозаи муқарраршуда индексатсия (зиёд) карда шуд. Дар натиҷаи амалисозии фармон андозаи нафақаи 775 008 нафар, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, мавриди индексатсия қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёна нафақа ба чунин нишондиҳандаҳои хуб баробар гардид:
– нафақаҳои суғуртавии 290244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ баробар карда шуд.
– нафақаҳои меҳнатии 294530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ баробар карда шуд.
– нафақаҳои иҷтимоии 190234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар карда шуд.
Андозаи нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ 106,17 сомонӣ зиёд гардида, аз 368,9 сомонӣ ба 475,07 сомонӣ баробар карда шуд, – гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод.
Нафақаи маъюбӣ чанд сомонист?
Тавре ба мухбири мо аз Раёсати сиёсати нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар иттилоъ доданд, ҳаҷми миёнаи нафақаи маъюбони гуруҳи 1-ум дар соли 2024 беш аз 596,63 сомониро ташкил додааст.
Ҳаҷми миёнаи нафақаи маъюбони гурӯҳи 2-юм – 486,85 сомонӣ,
ҳаҷми миёнаи нафақаи маъюбони гурӯҳи 3-юм – 444,59 сомонӣ,
ҳаҷми нафақаи маъюбони кӯдакони то синни 18 сола – 485,70 сомонӣ.
Дар робита ба кӯдакони хурд, ки нуқсонҳои модарзодӣ ва маъюбият доранд танҳо баъди расидан ба синни 18 – солагӣ гурӯҳи маъюбият (1, 2 ё 3-юм) дода мешавад.
Муроҷиат коҳиш меёбад?
Бояд гуфт, ки дар мамлакат барои муайян намудани маъюбият Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, яъне ҳамон ВТЭК-ҳои пешина фаъолият дорад, ки зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ мебошад.
Дар соли 2024 ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ 31 590 нафар беморон ва шахсони маъюбиятдошта муроҷиат намуда, ба 30 355 нафар маъюбӣ муқаррар ва такроран тасдиқ шудааст. Инчунин, 320 нафар муҳтоҷон барои гирифтани воситаҳои техникӣ муроҷиат намудаанд.
Тавре дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гуфта шуд, муроҷиат нисбат ба соли 2023 (34787) – 3197 нафар коҳиш ёфтааст, ки ин аз ҳисоби маъюбони такрорӣ мебошад. Аз 31590 нафар муроҷиаткунанда 21480 нафарашон калонсолон ва 10110 нафар кӯдакон мебошанд.
Имтиёзҳо
Кӣ ҳуқуқи гирифтани ёрии тиббиро дорад?
Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», таҳти №675 аз 29.12.2010 ин қишри осебпазири ҷомеа аз гурӯҳи калони имтиёзҳо, қариб, ки дар тамомии соҳаҳо бархӯрдоранд. Мо ба он имтиёзҳое таваҷҷуҳ кардем, ки хонандагони СССР бештар суол мекунанд.
Кумаки тиббию санитарӣ
Маъюбони гуруҳи 1, 2 ва 3 ба кумаки тиббию санитарии зерини ройгон имтиёз доранд:
-кумаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;
-кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
-кумаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ;
-таъминот бо доруворӣ, ваксинаҳо ва тадбирҳои ташхиси лабараторӣ дар шароити дармонгоҳ;
-кумаки тиббӣ дар шароити беморхона;
-кумаки стоматологӣ;
-чорабиниҳои санитарӣ-гигиенӣ.
Санатория ва курорти маъюбон
Маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ, бе навбат гирифтани роҳхат ва рафтуомади ройгон ба маҳалли табобат бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
-Ба маъюбоне, ки кор намекунанд, аз ҷумла ба маъюбони дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ) иқоматдошта, барои табобати санаторию курортӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ё аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба онҳо зарари расонидаро талофӣ мекунанд, роҳхати ройгон дода мешавад.
-Маъюбоне, ки кор мекунанд, ҳуқуқ доранд роҳхати табобати санаторию курортиро аз ҷои корашон ройгон ё бо пардохти 50 %-и арзиши он гиранд.
-Маъюбон ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва байнишаҳрии истифодаи ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ба тариқи ройгон истифода баранд. Ҳамчунин маъюбон ҳуқуқи истифодаи имтиёзноки нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоиро доранд.
Тартиби аз нақлиёт ройгон ва имтиёзнок истифода бурдани маъюбонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҳуқуқи маъюбон ба таъминоти иҷтимоӣ
Маъюбон ба гирифтани нафақа, кӯмакпулӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Маъюбоне, ки кор мекунанд, новобаста ба гирифтани нафақа, ба тамоми намудҳои кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, ҳуқуқ доранд.
Маъюбон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафтуомади ройгон ё имтиёзнок ба ҷои табобат вобаста ба протезмонӣ ва тавонбахшӣ ҳуқуқ доранд.
Ба оилаҳое, ки 2 ва зиёда маъюб доранд, инчунин ба падар ё модари танҳои маъюб, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии иловагии иҷтимоӣ расонида мешавад.
Таҳсилоти касбии маъюбон
Таҳсилоти касбии маъюбон (ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) дар муассисаҳои таълимии умумӣ амалӣ гардонида мешавад. Барои маъюбоне, ки ба шароити махсуси таҳсилоти касбӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои махсуси таълимии касбии шаклу намудҳои гуногун ё дар муассисаҳои умумии таълимии касбӣ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.
Маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки ба онҳо аз рӯи хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳсил намудан манъ карда нашудааст, ба муассисаҳои мазкур бидуни озмун бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Тайёрии касбӣ ва таҳсилоти касбии маъюбон дар муассисаҳои махсуси таълимии касбии маъюбон мутобиқи стандартҳои давлатии таълимӣ, дар асоси барномаҳои таълимие, ки барои омӯзонидани маъюбон мувофиқ гардонида шудаанд, сурат мегирад.
Қоидаҳои қабули маъюбон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ва тартиби маблағгузории онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Имтиёзи маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва андозҳо
Маъюбон ба имтиёзҳо, аз ҷумла андозбандии имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ доранд.
-Маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳуқуқи пардохти имтиёзноки ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 % ва ҳуқуқи бенавбат ва ройгон гузаронидани хати телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд.
-Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ, андозҳои маҳаллӣ ва дигар пардохтҳо имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намоянд.
Экспертизаи такрории тиббию иҷтимоӣ
Ҳангоми муайян намудани дараҷаи гум кардан қобилияти касбии меҳнатӣ муоинаи такрории маъюб пас аз 6 моҳ, 1 сол ё ин ки 2 сол вобаста аз оқибати осебҳо ва имконияти қисман ё пурра барқароршавии қобилияти меҳнатӣ, дар натиҷаи табобат ё тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ дида баромада мешавад.
Агар ҳангоми муоинаи такрорӣ дар маъюб тағйири ҳолати қобилиятнокии меҳнатӣ бо сабаби оқибатҳои маъюбии меҳнатӣ муайян шавад, Хадамот фоизи нави аз даст додани қобилияти касбии меҳнатиро муқаррар менамояд.
Дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатии дар мавриди бе бозгашт будани оқибатҳои маъюбии меҳнатӣ бе муҳлат муайн карда мешавад.
PS: Алихон Шарипов-хонандаи доимии мо ва дигар маъюбон бояд донанд, ки ҳангоми гузаронидани ташхиси иловагӣ онҳо ҳуқуқ доранд, аз комиссия талаб кунанд, то дараҷаи шиддати маризии онҳо, контузия ва маъюбияташон мушаххас гардида, ба онҳо иловапулии нафақа ва имтиёз муқаррар карда шавад. Зеро ин ташхисҳо танҳо ба хотири аз феҳристи маъюбон хат задани нафақагирон нест. Балки комиссия бояд маъюбият ва осори конфузия ва ғайраро низ мушаххасан муайян намояд.
Ва аз ҳама охир: маъюбон ва нафақагирон бояд донанд, ки Ҳукумати марказӣ, ба вежа Президенти ҶТ онҳоро ҳеҷ вақт хору зоршавӣ намемонад ва пайваста маошашонро боло бардошта, имтиёзҳояшонро зиёд мекунад.
Мо пайгири мавзуъ мемонем. Зимнан суоле агар дар ин маврид доред, ба редаксия муроҷиат кунед. Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
