ХАРИДИ РАМАЗОНӢ…

Барои мардуми мусалмон чанде баъд моҳи мубораки Рамазон дармерасад. Моҳе, ки пур аз баракату фаровонӣ ва файзу нусрат аст. Мусалмони асил дар ин моҳ мағфиратро интизорӣ дорад. Аммо Ҷаҳон (шикам+нафс)-парастон парвои на ин моҳи Худо доранду на парвои дигар моҳҳо. Ҳафтаи гузашта хонандагони сершумори рӯзномаи мардумии СССР ба идора занг зада, санаи аниқи фарорасии моҳи мубораки Рамазонро пурсон шуданд. Бо мувофиқаи Маркази Исломшиносии ҷумҳурӣ бо олимони астрофизика оғози ин моҳи мӯътабар ба 01.03.2025  рост меояд. Ва дар робита ба ин пурсукови хонандагон тасмим гирифтем, ки хариди Рамазонӣ анҷом диҳем. Ку бубинем, нархҳо сар аз арафа то хатми Рамазон дар куҷо қарор мегиранду тоҷирони мо, ки на кам аз 90% ҷумла ҳоҷиянд, то куҷо инсофу имонро бар деви нафс иваз мекунанд.

 

Иди Артиш ва бозор

23.02.2025. Соат ба вақти Бохтар 11: 10 дақиқа. Рӯзи хариди мо ба Иди Артиши миллӣ рост омад. Ва маълум, ки бозорҳо аз пештара дида серодамтар мешаванд. Яъне ҳама мехоҳад барои нафари наздикаш туҳфа бихараду табрикаш намояд. Дар бозор дар ин рӯз ба қавле ҷойи сӯзанпартоӣ намеёбӣ. Бояд гуфт, ки нархи туҳфаҳо назар ба чанд рӯзе пеш боло рафтаанд. Лекин мо барои тӯҳфа наомадаем. Тӯҳфаро бигзор янгатон интихоб намояд. Зеро дар интихобаш салиқаи бештар аз манро соҳиб аст. Мо бошем шурӯъ аз аввали бозор нархҳоро назорату мушоҳида карда, бо рӯйхати дар даст доштаамон сӯйи маҳсулоти ғизовор равон шудем.

Аз рӯйхат берун равам?

Дар рӯйхати дар даст доштаам нахуст маҳсулоти ширӣ меистод. Дигаронро намедонам, аммо ман давоми солҳое, ки Рамазонро медоштам, дар хонаи волидон бо ширчой ва дигар анвои ширӣ рӯза медоштам. Ҳоло ҳам ин одатро ман дорам. Нархи 1 литр шири гов дар бозори «Фаровон» 6 сомонӣ арзиш дорад.  Баъдан паниру хурмо, мевагӣ ва боз чанд навъ аз пухтупазҳои хонагӣ ҳам дар ин рӯйхат шомил буданд. Бамаззахуракҳои хонавода таъриф карданд, ки панири навъи «Ҳолландӣ” бештар фоидаовар аст. Барои ҳамин 1 чашмамро пӯшидаму аз ин навъ ба нархи 50 сомонӣ сари 1 кг харидорӣ кардам. Чун барои кушодани рӯза бештар хурмо истифода мешавад, ман ҳам дар 25 сомонӣ хурмо гирифтам. Имрӯз бо шарофати Истиқлолият дар Ватанамон ҳама намуди мевагиҳо мерӯянду маззаашонро ягон навъи хориҷа иваз намекунад. Аз себу нок ва лимую афлесун ҳам каме барои зеби дастархон харидам, ки маҷмӯан 60 сомониро ташкил дод. Хостам каме аз рӯйхат берун бароям, аммо боз “Обро дида мӯза каш”-  гуфтаи гузаштагон ёд омаду рӯйхати даст бударо варақ задам.

 

Моҳӣ фоиданок аст?

Дар оилаи мо баъзе анъанаҳост, ки онро ман манъ карда наметавонам. Яъне дар 1 моҳ 1 бор ҳатман хонавода гӯшти моҳиро ба қавле шикамсерӣ мехӯранд. Ин на ба он хотир аст, ки хурданашро баъзе аз муллоҳо савоб медонанду ба гуфтаи эшон истеъмоли моҳӣ давоми 40 рӯз даҳонро покиза медорад. Ба он хотир аст, ки моҳӣ организмро бо моддаҳои зарурӣ таъмин менамояд. Оилаамон ҳам ҳам хурданашро писанд доранд. Дарвоқеъ магар дуруст аст, ки моҳиро хӯрда гуноҳат мерезад? Ё ин андешаи баъзе неомуллоҳост?! Аммо нархи моҳӣ ба таҳқиқ ба ҳамён зиён дораду баробари шунавиданаш ба зӯр худро ба даст мегирӣ, то сӯи моҳифурӯшон «салавот» фиристода, гуноҳ нагирӣ… Ман имрӯз дар 70 сомонӣ 1 кг моҳии «сазан» гирифтам, ки сук ё устухонаш камтар аст.

 

Нархҳо ҳамонанд

Одамон бар он назаранд, ки нархҳо бо фарорасии Рамазон тағйир ёфта, дастрасии одамони одӣ ба он кам мегардад. Аммо рузе, ки ман барои харид пакети калонро дар даст доштаму БОЗОР баромадам, нархҳоро ҳамонгунае, ки пештар дида будам, дарёфтам. Шояд дар моҳи Рамазон нархро боло бардоранд. Аммо дар ин рӯз ман хушбахтона бо чунин фурӯшандаҳо вонахурдам. Аз ин лиҳоз боз гӯшт гирифтаму дар рӯйхат ин номгуйро хат задам. 1 кг гӯшти лаҳми гов баробари 90 сомонист. Рӯзгордидагон мегуфтанд, ки агар ба хӯрок 1 бурида гӯшт илова кунем, обро ҳам лаззат мебахшад. Иқрор мешавам, ки ҳар рӯз гӯштбирён намехӯрам. Аммо бо даст додани имконият ҳатман мехарам. 1 чизи хубе, ки бароям ҳангоми хариди маҳсулоти гӯштӣ писанд афтод, ин дар болои маҳсулот кашидани докаву матоъҳои сафед буд, ки онҳоро аз ҳар гуна чангу ифлосиҳо покиза нигоҳ медорад. Оилаам начандон бузург аст, барои ҳамин барои даҳаи нахусти Рамазон 2 кг гӯшти гӯсфандро, бо қимати 100 сомонӣ барои 1 кг низ гирифтам.

 

Рамазон моҳи сарҷамъии ҳамсояҳост

Агар хонандаи азиз мушоҳида карда бошӣ, Рамазон моҳи сарҷамъиву фаровонист. Зеро мардуме, ки аз субҳи содиқ рӯза медоранд, бегоҳ сари хон ҷамъ меоянд, фаровонию баракат дар ин хонадон мерезад. Дар деҳот ин гуна расмҳое ҳаст, ки ҳар бегоҳ аз хонаи ҳамсоя табақи хӯрок ва ё ягон хурдание ба хонаи шумо мерасад. Ва ин ҳам бошад барои савоб. Агар оилае боз бо полезиҳо ва ё сабзавоткорӣ машғул бошад, ба ҳамсояҳо ҳатман аз заминаш ҳадя мефиристад. Мардуми деҳа савоби Рамазонро аслан дар тақсимоти хӯрок ба бечораҳолон ва камбағалон медонад. Зеро тӯли рӯзи дароз онҳо ҳам рӯзадорӣ мекунанду ниёз ба кумаки ҳамсояҳо доранд. Дар шаҳр, ки чандест маскунам, ин муомила кам ба назар мерасад.

 

Рамазон меояд….

Бо пакетҳои харидаам, назди мошин рафтанӣ шудам, ки наврасе берун аз бозор наздам омада, аз ман хоҳиш намуд, то ба ман кӯмак кунад.  Ростӣ, ба ҳолаш дилам сӯхт. Ва борҳо баҳонаву садақа радди бало гӯён, гуфтам, ки бардор пакетро ва бо ӯ сӯҳбат намудам. Худро Абдулло ном гирифт. Маълум шуд, ки ба гуфтаи худаш бо тақдири бад рӯ ба рӯст. Модари бемораш дар хона танҳосту мӯҳтоҷи кӯмак ва нигоҳдорӣ.  Абдулло аз омадани моҳи Рамазон хушҳолӣ мекарду мегуфт, дар ин моҳ ба ӯ зиёд хайру садақа ва кумак мекунанд. Аммо 11 моҳи дигар ҳолаш табоҳ аст…

Харҷи умумӣ

Дар он рӯйхате, ки ман доштаму барои 1 ҳафтаи аввали Рамазон харид кардам, 400 сомонӣ харҷ гардид. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар Рамазон таври маълум ҳатман нархномаҳо иваз мешаванду мисли пор ба мушкили ҳалталаби хонандагон табдил меёбанд. Аммо барои ҳоло ва 10 рӯзи баъдӣ ман бозор рафтанро ба худам танаффус эълон мекунам. Бо хариди кардаам Рамазонро пешвоз мегираму супоришҳои навбатии редаксияро интизор мешавам. Аз уҳдааш баромадам ё не, муфтии беминнат худи ту ҳастӣ, хонандаи азиз.

Рамазони мӯътабар ба ҳамаамон муборак! Мо Метавонем!

Нуриддин Қосимзода,

махсус барои рӯзадорони СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube