36 сол пеш, 24 – уми феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон митинги мардумӣ барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ ва рӯзи истироҳат зълон намудани Иди Наврӯз баргузор гардид.
Тибқи иттилои нашрияи “Вечерний Душанбе” намоиши эътирозии 24 – уми феврал бо талошҳои 3-нафар: омӯзгорони УДТ ба номи В. И. Ленин Барот Мақсудов ва Ҷумъахон Исоев, ҳамчунин коргари фабрикаи пойафзолбарории ш.Душанбе Сафар Мастонзод созмон ёфта, аз ҷониби онҳо раҳбарӣ гашт.
Мақомот ба баргузории митинг иҷозат надод, аммо бо вуҷуди ин митинг доир гашт ва дар он зиёда аз 5000 нафар ширкат карданд.
Митингчиён бе зӯргӯӣ хосту далелҳои худро гуфта, посухи намояндагони давлат (дар асл Раиси Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев)-ро шунида, ваъда гирифтанд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода хоҳад шуд ва ҳамчунин рӯзи истироҳат эълон гардидани Иди Наврӯз ҳам, вобаста ба имконият дар сатҳи Ҳукумат баррасӣ хоҳад гардид.
Нашрия оид ба баргузории митинг маълумот дода, ҳамчунин навишт, ки баъд аз як рӯзи доиршудани митинг созмондиҳандагони онро ба мақомоти дахлдор даъват намуда, барои амали ғайриқонуниашон сахт огоҳонда шуданд.
Митинги сирф студентӣ
Агар ба таърихи навини Тоҷикистон назар афканем, оғози тамомии гирдиҳамоиҳо маншаъ мегирад аз як митинг-гирдиҳамоии сирф студентие, ки бе ягон иҷозатнома рӯзи 24 – уми феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Субҳи зимистони қаҳратуни 24 – уми феврали соли 1989 беист барф меборид, вале ҳавои хунук ҳам пеши роҳи студентонро нагирифт.
Мо дар бинои нави Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира ДМТ), мусаммо бо “Ҷазира” мехондему аз тирезаи
аудитория ба назар мерасид, ки донишҷӯён фавҷ-фавҷ дар даст шиору лозунгҳо аз болои пули зебое, ки Донишгоҳро ба хиёбони Путовский мепайваст, оромона қадам зада, сӯи маркази шаҳри Душанбе – майдони ба номи Ленин ҳаракат мекарданд. Пешакӣ овоза шуда буд, ки маршрути донишҷӯён то он ҷост.
Барои мардуми Тоҷикистон гирдиҳамоӣ ба ин шева падидаи нави ба таври стихиявӣ тарҳрезӣ шуда буд ва ба авзои ҷомеа таъсири манфӣ расонида, ким-чӣ хел воҳима менамуд. Аслан, роҳандозии чунин митингҳо ба мардуми кишварҳои Европа хос буду мардуми тоҷик барои баргузории чунин гирдиҳамоиҳо омода набуду таҷриба ҳам надошт.
Сарчашмаи ҳамаи ин митингбозиҳо барои мардуми шуравӣ “Бозсозии Горбачёвӣ” (солҳои 1985-1991) буд ва ин митингбозиҳо ба мардуми шуроӣ, аз он ҷумла ба Тоҷикистон оқибатҳои фалокатбор овард.
Қариби нисфирӯзӣ, баъди анҷоми дарс ҳамроҳи якчанд нафар ҳамкурсон роҳ гирифтем ба сӯи майдони Ленин, то бубинем, ки он ҷо чӣ гап аст. Донишҷӯёни зиёде дар майдон ҷамъ омада, сафи онҳо торафт меафзуд. Дар ҳар ду роҳи ба самти майдон ҳаракати нақлиёт қатъ шуда буд. Донишҷӯён дар даст чунин шиорҳо доштанд: “Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад!”, “Рӯзи Наврӯз истироҳатӣ гардад!”, “Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил дода шавад!”, “Студентон тарафдори тараққиёти республикаанд!”, “Коркарди пахта дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад!”, “Тоҷикистон – Ватани ҳамаи мост!”…
Ҳамроҳи ҳамкурсон ба митингчиён наздик нашуда, аз каноре истода, ҳамчун тамошобин рафтору гуфтори донишҷӯёнро назора мекардем. Дар ҳамин ҷо сари роҳ Маҳмад Машрабов – донишҷӯи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро, ки дар як мактаби миёна таҳсил намуда будем, вохӯрдам, ки дар даст шиоре дошту бо виқор иброз намуд: “якчанд рӯз ба ин митинг тайёрӣ дидем”.
“Лаббайк” – и Паллаев
Митингро бачаҳои курсҳои болоии макотиби олӣ идора карда, мудом донишҷӯёнро ба тифоқию бародарӣ ва оромӣ даъват менамуданд.
Ин митинги сирф донишҷӯён ягона митинге буд, ки иштирокдорони он куллан аз ҳамаи минтақаҳои кишвар буданд. Дигар дар ҷумҳурӣ чунин митинге, ки фарогири кулли манотиқи кишвар бошад, доир нагардидааст! Донишҷӯдухтарони зиёде низ миёни митингчиён буданд. Дар майдон ҷавонони кӯлобӣ, хуҷандӣ, бадахшӣ, зарафшонӣ, ҳисорӣ, ғармӣ, умуман аз ҳамаи минтақаҳо бо ҳам омада буданд.
Ҷавонон дар майдон бо ҳам зичтар мешуданд. Милисаҳо ягон-ягон дар майдон буданду ба касе кордор намешуданд, чунки рафтори митингчиён оромона буд.
Дар таърихи навини Тоҷикистон чунин тазоҳуроти ҷавонон рӯйдоди нав буд. Ҷавонон ба минбари назди ҳайкали Ленин баромада, роҳбари ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамовро ба майдон мехонданд. Аммо касе аз роҳбарияти ҷумҳурӣ ба назди онҳо намебаромад. Ҳаво хунук буд ва барф беист меборид.
Оҳиста-оҳиста шеваи баромадкунандагони митинг тундтар шуд. Яке аз донишҷӯён дар баромадаш ошуфтаангез ва аз сари эҳсос дод зад:
“Мо ҳамчу фарзанд ба назди роҳбарони Ватани худ омадаему чаро онҳо ба назди мо намеоянд, то дарди дили моро шунаванд!?”.
Донишҷӯёни калонсол ба сабру таҳаммулу оромӣ даъват менамуданд. Вазъият ҳассосу хатарнок мешуд. Касе аз роҳбарияти ҷумҳурӣ тайи ин чанд соати тазоҳуркунандагон ба қавле “лаббай” нагуфт.
Дар ин вазъи ҳассос Раиси Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев ғайрат намуда, аз бинои Шурои Олӣ ба назди донишҷӯён баромад ва сӯи минбар рафт. Донишҷӯён бо кафкӯбӣ истиқболаш намуданд. Дар як замон воситаҳои тақвияти овозу баландгӯякро барои суханронии ӯ омода карданд.
Ғ. Паллаев боз ҳам хиради сиёсӣ нишон дода гуфт:
“Қаҳҳор Маҳкамович дар Москва ҳастанду ман бо шумо гуфтушунид мекунам”.
Ин суханон гирдиҳамомадагонро хеле ором гардонд. Ҳарчанд маълум набуд, ки Қаҳҳор Маҳкамов дар Москва буд ё на ва ё ин ки дар Душанбе буду ҷуръати ба майдон баромадан накард?
Ба қавли сиёсатмадори шинохта, собиқ муовини Сарвазири СССР Биҳоҷал Раҳимова “Ба Қаҳҳор Маҳкамов ҳушёрӣ ва ҷасорати сиёсӣ намерасид, то ин ки баъзе ҳолатҳоро ба таври дипломатӣ ва сиёсӣ ҳал кунад” (Ҳафтаномаи “СССР, №29, 21.07.2022”).
Ғ. Паллаев ҳамчунин иброз намуд, ки ба ҳамаи шиорҳои навишташуда албатта диққати ҷиддӣ хоҳанд дод ва ба ҳамроҳонаш фармуд, ки суханони баромадкунандагонро навишта гиранду ба ӯ пешниҳод кунанд.
Донишҷӯён як-як дарди дили худро баён ва аз вазъи ногувори хобгоҳҳо, аз ҳаракати номунтазами нақлиёт, аз болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ошхонаҳои студентӣ шикоят менамуданд.
Намояндагони макотиби олии кишвар бо навбат сухан ронданд…
Паллаев: Вазифаи шумо хондан аст
Ғоибназар Паллаев оромона ба суханони донишҷӯён гӯш карда, дар дафтараш қайд менамуд. Митинг зиёд тул кашид, аммо тулонӣ гаштани онро касе пайхас накард. Чунки ҳама донишҷӯён дарди дили худро доштанд. Митингро Ғ. Паллаев бо насиҳат ҷамъбаст карда, донишҷӯёнро ба донишандӯзӣ ва хизмат ба Ватан даъват намуд:
“ – Фаромӯш накунед, ки вазифаи асосии шумо хондан ва хизмати содиқона ба Ватан аст. Падару модари шумо бо ҳамин ниятҳои нек шуморо ба Душанбе равон намудаанд”…
Ҳадафи митинг: Ислоҳот!
Ҷавонон аз Ғ. Паллаев хоҳиш карданд, ки митингчиён зери фишор қарор нагиранд, зеро ки онҳо бо ниятҳои нек ва баҳри ободии Ватани азизи худ ба майдон омада буданд. Онҳо на ягон ултиматум ба Ҳукумат пешниҳод карданду на зидди Иттифоқи Шӯроӣ, на зидди Партияи Коммунистӣ сухане нагуфтанд.
Ҳадафи асосии митинг ислоҳи камбудиҳо ва бартарафу ҳал намудани проблемаҳои ҷойдошта дар ҷомеа ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангии қадимаи ниёгон буду халос…
Митинг ҳам ба анҷом расид. Митингчиён бо қаноатмандӣ, орому хушҳол ва дар рӯҳияи ватандорию хештаншиносӣ майдонро тарк намуданд. Агар Ғ. Паллаев ҷасорат намекарду назди ҷавонон намебаромад, оқибати ин митинг чӣ мешуд, касе гуфта наметавонист.
Митинги 24 – уми феврали соли 1989-и донишҷӯён боз аз он ҷиҳат фарқ дошт, ки дар байни онҳо ашхоси ришдор, экстремисту ифротию иғвогар набуд. Дар ташкили митингҳои минбаъда наҳзатиён – руҳониёни экстремист ва ашхоси олами ҷиноӣ даст доштанду барои мақсаду манфиатҳои хеш онҳо мӯйсафедон, занон ва ҳатто наврасонро ҷалб намуда, ба дассисаҳо даст мезаданд.
Оид ба гирдиҳамоии ҷавонон танҳо газетаи шаҳрии “Вечерний Душанбе” (25.02.1989, саҳ. 1) ҷуръат намуда (чунки сензураи давлатӣ буд) хабари мукаммал бо як акс чоп намуду халос…
Ҷалолиддин Сафарзод,
муаррих
