ТАКСИҲО БЕ НАЗОРАТ МОНДААНД…

Наҷибуллои Ҳомидҷон, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, сокини ш.Душанбе бо идора тамос гирифта, дар бораи фаъолияти таксиҳои пойтахт изҳори нигаронӣ кард.

– Дуруд ҳамватанони азизу гиромӣ! Аз дирӯз то ин дам даҳҳо сокинону меҳмонони пойтахт аз фаъолияти нодуруст ва дағалонаи ронандагони таксиҳои пойтахт нигаронӣ карда, яке менависад: “Санаи 24.02.2025, ҳаво каме боронӣ буд тақрибан 7 ё 8 таксиро манъ кардам, то ба маҳаллаи Зарафшон равам ва ҷавоби рад гирифтам ва 4 таксӣ, ки воқеан холӣ буд, нигоҳ накарда, рӯяшонро тофта, ҳаракаташонро идома доданд. Бештари таксиҳо аз ширкати 6161 ва баъзеяшон аз 1111 ва 3333 буд”.

Хуллас дар умум, воқеан аксар ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахти кишвар, бештар ронандагони таксиҳо бисёр ҳавобаланду дағал шудаанд! Чаро? Сабаб дар чист? Муроҷиати муштариён, мусофирон меҳмонон ва сокинони пойтахт ба масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва роҳбарони ширкатҳои таксиҳои мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube