Солҳои ҷангу баъдиҷангии 1992- 2000 –ум Тоҷикистони мо дар вазъияти душвори иқтисодӣ қарор дошт. Аҳволи зиндагӣ ва кори санъаткорон, коркунони маданият дар қатори дигар меҳнаткашони ҷумҳурӣ на он қадар хуб буд. Сабаб ҳамин буд, ки дар ҳамон давра санъаткорони касбии халқӣ, устодони санъат аз назар дур монданд. Дар ҷумҳурӣ, хусусан дар пойтахти ватанамон – шаҳри Душанбе гуруҳҳои нави эстрадӣ бо санъаткорони ҷавон ҳунармандӣ мекарданд, ки на суруди дуруст доштанду на оҳанги дуруст. Суруду таронаҳо, ғазалҳои халқӣ қариб ба нестӣ расиданд. Буҳрони фарҳангӣ ҳукмрон буд…
Шикваи санъаткорон
Боре дар телевизони марказӣ санъаткорони халқӣ, устодони санъат Нуқра Раҳматова, Дона Баҳромов дар баромадашон бо изтироб аз мадди назар дур монданашон сухан гуфтанд, хаставу руҳафтода намуданд, ки раҳми бинандаро меовард. Бешубҳа таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ба аксарияти санъаткорон расида буд. Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Давлатманд Холов, Нигина Раупова руҳашон шод бод, Афзалшоҳ Шодиев, Ҷурабек Муродов, Файзалӣ Ҳасанов ва дигарон ҳама дар ҳолати баде қарор доштанд.
Бо ин сабаб ман қалам ба даст гирифта, 1 мақолае ба номи Ҳукумат оиди ёрӣ ва дастгирии санъаткорон, сохтани мактаби касбии онҳо навишта, ба редаксияи газетаҳои он вақтаи вазорати маданият овардам. Аммо муҳаррирони газетаҳои номбурда барои чопи мақолаи ман розигӣ надоданд. Куҷо равам, ба кӣ муроҷиат намоям гуфта, фикр кардаму журналисти ҷавони ботаҷриба Сайёфи Мизроб ба ёдам омаду кофта – кофта ӯро ёфтам. Ӯ маро нағз қабул карда, дасти ёрӣ расонд. Ба муҳаррири редаксияи газетаи «Тоҷикистон»-устод Мазҳабшо Муҳаббатшоев занг зада, хоҳиш кард, ки маро қабул намояд. Ҳамин тавр мақолаи ман рӯи чоп баромад, ки ба Сайёфи Мизроб ва муҳарири вақти газетаи «Тоҷикистон» миннатдории худро баён мекунам. Агар ман ба ин амалам кори некеро барои дастгирии санъаткорон карда бошам, худро хушбахтарин кас ҳисоб менамоям.
Охирон нобиға ҳам рафт…
18.02.2024. Расо 1 сол пеш, хабари даргузашти нобаҳангоми устод Давлатманди хол, ҳунарманди мардумӣ, Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон маро нороҳат кард. Имрӯз ёди устод маро маҷбур сохт, ки боз ба даст қалам бигирам.
…Соли 1978 мо делегатҳои Съезди комсомолу ҷавонони ҷумҳуриамонро барои вохӯрӣ ба Институти санъати ба номи Мирзо Турсунзода оварда, барои мо консерт ташкил карданд, ки дар он студенти ҷавон Давлатманд Холов бо сурудҳои дилпазири худ хотири моро шод гардонд. Баъди хатми Институти санъат ӯ ба театри драмавии шаҳри Кӯлоб ба кор омад. Дар он давра дар театр беҳтарин сарояндагон, устодони санъат, Одина Ҳошимов, Қурбон Зардаков, Сурайё Қосимова, Мирзоватан Миров ва дигарон фаъолият мекарданд. Санъаткори ҷавон шабу рӯз меҳнат карда, ҳунарашро сайқал медод. Натиҷаи меҳнатҳояш буд, ки ӯ асбобҳои нави халқӣ ба монанди чанг, аврупоӣ – пианино, кларнет ва ғайраро омӯхта, аввалин шуда, дар баромадҳои консертиаш ин асбобҳоро якҷоя истифода бурда, ном баровард
Устод бори аввал дар Даҳаи маданияти Тоҷикистон дар республикаи бародарии Ӯзбекистон дар дастаи ҳунарӣ бо ҳамроҳии устоди санъат Ҷӯрабек Муродов ва дигар ҳунармандон иштирок варзид. Дар консерти ҷамъбастӣ, ки устодони санъати 2 кишвари бародар иштирок мекарданд, номи Давлатманд набуд. Вале аз тарафи устодони санъати Ӯзбекистон таклиф мешавад, ки дар зал 1 санъаткори ҷавоне ҳаст, ки мо мехоҳем садои ӯро низ бишунавем ва ба ӯ навбат доданд. Аз сабаби кам будани вақт ба ҳама 1 суруд таин шуда буд. Вақте, ки Давлатманд рӯи саҳна омаду аввалин сурудашро сароид, одамони зиёде қарсак зада, талаб карданд, ки боз 1 суруди дигареро замзама кунад. Ва ӯ бо камоли майл суруди дуюминашро ба дараҷаи олӣ зери қарсакҳои бардавом ба иҷро расонд.
Хизматгори санъати халқӣ
Сурудҳои ӯ пур аз маънӣ, рафоқат, дӯстӣ, панду аҳлоқ, ишқу муҳаббат, ватандӯстӣ буда, пайваста аз ашъори клоссикон Ҳофиз, Бедил, Саъдӣ, Камол, Ҷомӣ, Мавлоно ва шоирони муосир Лоиқу Гулрухсор сурудҳо эҷод мекард. Санъати баланд ва маҳорати волояшро ба назар гирифта, ӯро ба консерту симпозиумҳо, ҷашнвораҳо, ба давлатҳои Осиё, Европа, Америка даъват менамуданд. Давлати Фаронса новобаста аз надонистани забон, санъати волои сарояндагӣ ва навозандагии устодро қадр карда, ӯро бо мукофоти олии Порис сарфароз гардонд.
Садопардаи овози ӯ дар ҷаҳон яке аз баландтарин садо буда, аз садопардаи беҳтарин овозхони операи итолиёӣ Лучано Поваротти, аз овозхони операи испанӣ марҳум Монсерат Кабале, аз садопардаи овозхони тиллоии Россия Николай Басков 2 парда боло буд!!! Давлатман Холов ба қатори 20 санъаткори беҳтарини дунё дохил шудааст. Санъатшиносони дунё ӯро эҳтиром ва қадр мекарданд. Яке аз беҳтарин сарояндаи мумтози Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, ки ман ӯро бисёр ҳурмат мекунам, боре дар баромади телевизиониаш мардонавор гуфта буд:
-Мо бо амри тақдир ҳамроҳи Давлатманд якҷоя ба сафари ҳунарӣ ба давлати ҳамсояву ҳамзабон Афғонистон рафта будем. Дар консерти шаби якум, ки дар шаҳри Мазори Шариф шуда гузашт, маълум шуд, ки мухлисони ӯ нисбати ман бисёранд. Ман рӯзи дигар ба Ватан баргаштаму Давлатманд сафари ҳунариашро давом дод.
Оре, Давлатманд Холов бо ҳунари волои худ дар вохӯриҳо, консертҳо, симпозиумҳо баромадҳо карда, номи миллати тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ маълуму машҳур гардонда, бо дигар миллатҳо дӯсту бародар сохт. Ҳамчун мухлис ман аз он хурсандам, ки кадом сайёҳи форсизабоне, аз гӯшаҳои гуногуни дунё ба давлати мо наояд, пеш аз ҳама номи Давлатмандро мегираду суроғаш мекунад.
Ман аз он боз ифтихор мекунам, ки дар ҳар баромадаш дар Туркия, Афғонистон, Эрон, Покистон, Фаронса, Амрико одамони дар толор нишаста, аз ҷо бархеста, ба устод эҳтиром зоҳир менамуданд, ки барои мо тоҷикон шарафи бузург аст.
Борбади сонӣ
Гарчанде устод Давлатманд Холов дар давлати СССР маълуму машҳур буд, вале баъди Истиқлолият бо мададу дастгириҳои Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, устод Давлатманд Холов дар ҷаҳони мусиқӣ ба муваффақиятҳои калонтарин ноил шуд. Ӯ мисли табиб Луқмони Ҳаким, ки ба ӯ растаниҳо роз мегуфтанд, асбобҳои мусиқӣ бо Давлатманд роз мегуфтанд. Ӯ худ Борбади Марвазии зинда буд, ки Худованд ба мо доду бозпас гирифт.
Мисли ӯ сароянда, санъаткори нотакрор, навозандаи мумтоз боз кай пайдо мешавад? 100 афсус, ки ҷои ӯ имрӯз холист:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро!
Гарчанде устод имрӯз дар бари мо набошад ҳам, номаш вирди забони тамоми мухлисонаш аст. Ӯ барои мо зинда аст ва ҳамеша ӯро ёд мекунем ва дӯсташ медорем. Бинобар хизматҳои шоёни беназираш дар санъати миллии халқи Тоҷикистон ва дунёи форисгӯён, ман ба Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ТВ ва Радио пешниҳод мекунам, ки барои абадӣ гардондани номи устод Давлатманд Холов ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода ва Ансамбли “Фалак” – и назди Кумитаи ТВ ва радио, ки устод солҳои зиёд дар ин ансамбл фаъолият кардааст, ба номаш гузошта шавад.
Рустам Шеров,
дорандаи нишонаи Нуқра ва Тилои гвардиячии панҷсолаи IX-X ВЛКСМ, лауреати Комсомолии Ленинӣ дар соли 1979 дар Москва
