ХОҶА МАШҲАДРО НАҶОТ БОЯД ДОД!

Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеи Хоҷа Машҳад таҷдиду таъмир гашт, аммо бо вуҷуди он имрӯз боз ҳам хатарзо мебошад. Заҳбури аз зери мадрасаи Хоҷа Машҳад гузаранда хавфи калон ба миён оварда истода, қариб 3 метр заҳ деворҳои ин ёдгории муҳташамро фаро гирифтааст. Хиштҳои хурду калон аз девор ҷудо шуда меафтанд. Борҳо гуфтаем, ки оби заҳбурро бо қубур аз зери канали Сайёд ба дарёи Кофарниҳон партоянд, заҳ аз девор фуромада нобуд мегардад. Ҳанӯз дар айёми шӯравӣ ин масъала ба миён гузошта шуда, то ҳанӯз ҳал намегардад. Наход раҳбарони 3 ноҳия ва мардумони таҳҷоӣ ба қадри чунин ёдгории муҳташами беш аз ҳазорсола нарасанд?

Қисми болои манораҳои 2 ҷониби Хоҷа Машҳад ҳамчунин носохт мондааст. Ин кор андак ҳунармандӣ мехоҳад, бо устоҳои забардасту соҳибзавқ онҳоро созондан мумкин аст. Резишгоҳи ҷануби Кофарниҳон – ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритӯс ва Бешканд (алҳол ноҳияи Носири Хусрав) 100 ёдгории беназир доранд, ки ҳама валангор шудаанд, аз онҳо фақат талу теппа ва қасрҳои вайрона боқӣ мондаанд. Ҳоло дар ин минтақа фақат Хоҷа Машҳад мондаасту Хоҷа Дурбод.

Мардум ба хотири ҷойи зист талу теппаҳоро низ вайрон менамоянд. Хоҷа Машҳад аз шарқу ғарб симметрӣ 4 теппа дошт, ки 2 ададро руди Кофарниҳон шуста бурд. Алҳол аз он теппаҳо ному нишоне нест. Вале 2 адад дар ғарб боқист. Аммо сокинон хоки теппаҳои таърихиро хишт рехта, замин кушода, ҳавлиҳо месозанд. Ҳам теппаи назди деҳаи Сайёд ба чунин аҳвол гирифтор аст ва ҳам теппаи деҳаи Лолазор, ки Шодмонқалъа ном дорад. Ҳар 2 ҳам ҳанӯз ба дурустӣ омӯхта нашуда, ба ин аҳвол аз чашми таърих нопадид мегарданд. Мардум Шодмонқалъаро ҳатто ҷойи партовгоҳ қарор додаанд… Мутахассисони фарҳанг чаро ба ин аҳвол беэътиноӣ мекунанд?

Шоҳзамон Раҳмон,  

профессор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube