Суйменқул Чокморов. Ин ном 57 сол муқаддам яку якбора дар олами синамо падид омада, бо иҷрои нақши нахустинаш дар филми ҳунарии “Тирпарронӣ дар ағбаи Караш”, дар соли 1968 дар олами синамои қирғиз ва СССР ғулғула афканд.
Ин филм дар қадамҳои аввал ҳам ба рижиссёр ва ҳам ба актёр маъруфият овард. Барои ҳарду ин филм ба қавле “знаковый” шуд. Аммо ба андешаи банда, аз ду филми аввалини ҳунарпеша нақши Дониёр, дар филми ҳунарии “Ҷамила” писандидатар аст…
СУЙМЕНҚУЛ
Чокморов 9 – уми ноябри соли 1939 дар деҳаи Ҷон – Тош, наздикии Фрунзе (ҳозира шаҳри Бишкек), ноҳияи кунунии Аламуддини вилояти Чуйи Қирғизистон, дар хонаводаи қабилаи жетегенҳои чуй ба дунё омадааст. Дар оила ба ҷуз Суйменқул боз 7 писару 3 духтар буд.
Боре Суйменқул аз ҷогаҳ хеста натавонист. Дасту пойҳояш сахт дард мекарданд. Натиҷаи таҳқиқи табибон нохуш буд. Дар ӯ бемории вазнини буғумдардро муайян сохтанд ва ӯ муддати зиёд бемори ҷогаҳӣ шуд.
Вақте банду буғуми Суйменқули наврас ба дард меомад, болои ҷогаҳ дароз кашида, беист расм мекашид. Бародараш албомҳои зиёде, бо нусхаи чопии суратҳои рассомони машҳурро меовард. Суйменқул он аксҳоро нусха мебардошт ва ҳамин сон дар ӯ истеъдоди рассомӣ зуҳур кард. Ҳамин тавр, вай то вопасин рӯзи ҳаёт аз мӯқалам ҷудо нагашт.
Бо маслиҳати духтурон Суйменқул ба варзиш шуғл варзид. Оҳиста –оҳиста саломатиаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Волейболбозиро интихоб кард. Солҳои баъдӣ дар ҳайати дастаи яккачини Қирғизистон ва донишҷӯёни Ленинград ҳунарнамоӣ мекард.
ИНТИХОБИ ПЕША
С. Чокморов солҳои 1953 –1958 дар Омӯзишгоҳи рассомии Фрунзе таҳсил намуда, соҳиби диплом шуд. Бо ин маълумот қонеъ нагашта, таҳсилро дар Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Ленинград ба номи И.Е. Репин идома бахшида, онро соли 1964 сарбаландона хатм намуд. Пас аз бозгашт ба зодбум Суйменқул Чокморов дар Омӯзишгоҳи рассомии Фрунзе ба донишҷӯён аз рассомӣ ва композитсия чаҳор сол дарс гуфт (1964 -1967)…
“БАХТИГУЛ” – И БАХТОВАР
Соли 1967 Суйменқул Чокморов, муаллими омӯзишгоҳи рассомиро барои иҷрои нақш ба кино даъват карданд. Бо ҳамин Суйменқули 28 – сола ба олами синамо пайваст. Нақши якуми ӯ – Бахтигул (нақши асосӣ) дар филми ҳунарии “Тирпарронӣ дар ағбаи Караш” ба ӯ шуҳрат овард. Воқеан ҳам “Бахтигул” ба ӯ бахт овард ва ӯ писарашро Бахтигул ном дод.
Мавсуф баъдан дар филмҳои таърихӣ ва пурмоҷарои “Тири ҳафтум” (“Седьмая пул”), “Дерсу Узала”, “Лолаҳои сурхи Иссиқкӯл” (“Алые маки Иссык – Куля), дар драмаҳои муосири “Себи сурх” (“Красное яблоко”) нақш офарид.
Солҳои 1970 -1980 аз зумраи шинохтатарин ҳунарпешаҳои машҳур дар киноҳои осиёимиёнагии советӣ, дар мавзуи таърихӣ – револютсионӣ маҳсуб меёфт. Суйменқул дар ба навор гирифтани асарҳои нависандаи машҳури советӣ Чингиз Айтматов зиёд нақш офаридааст. С. Чокморов дар ҳамон давра ҳамчун маъруфтарин актёри санъати кинои советӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ муаррифӣ шуд.
Филмография
Аксари филмҳое, ки дар он С. Чокморов нақш офарид, ба фонди тиллоии кинематографияи Қирғизистон дохил шудаанд:
1968 – “Тирпарронӣ дар ағбаи Караш” (“Выстрел на перевале Караш”) – Бахтигул.
1968 – “Ҷамила” (Джамиля ) – Дониёр.
1970 – “Комиссари фавқулодда” (“Чрезвычайный комиссар») – Низомидин Хоҷаев.
1971 – “ Ба оташ таъзим намо” (“Поклонись огню”) – Утур.
1971 – “ Лолаҳои сурхи Иссиқ кӯл” (“Алые маки Иссык – куля”) – Қараболта.
1972 – “ Тири ҳафтум” (“Седьмая пуля”) – Махсумов.
1972 – “ Ман – Тян – Шон” (“Я – Тянь – Шань”) – Бойтемир.
1973 – “Хунхор” (“Лютый”) – Охонгул.
1975 – “ Дерсу Узала”- Ҷан Бао.
1975 – “ Себи сурх” (“Красное яблоко”) – Темур.
1975 – “ Ҳаёт ва марги Фединанд Люс” ( “Жизнь и смерть Фердинанда Люса”) – Лао.
1976 – “ Гавҳараки чашм” (“Зеница ока”) – падари Эркин.
1977 – “ Улан” (Аскари савора… ) – Озод Байрамов.
1978 – “ Ҷолой” (“Джалой”) – Қанибек.
1979 – “Турнаҳои барвақтӣ” (“Ранние журавли”) – Бекбой Бекбоев.
1981 – “Мардҳои бе зан (“ Мужчины без женщин”) – Қосим.
1983 – “Дом (Чола) – и гургқапӣ…” (“Вольчя яма” ) – Тӯрабоев.
1984 – “Сайру гашти якшанбегӣ” (“Воскресные прогулки”).
1984 – “Якум” (“Первый”).
1985 – “Мавҷҳо дар соҳил нобуд мешаванд” (“Волны умирають на берегу”).
Мукофоту ҷоизаҳо
Суйменқул Чокморов тули фаъолияти ҳунарӣ ба мукофоту ҷоизаҳои зиёде мушарраф шудааст. Ҳунарпешаи шоистаи РСС Қирғизистон (1973), Ҳунарпешаи халқи Қирғизистон (1975), Артисти халқии СССР ( 1981), Рассоми халқии РСС Қирғизистон (1990), Мукофоти комсомоли ленинӣ (1972), Мукофоти давлатии РСС Қирғизистон ба номи Токтогул Сатилганов (1980, барои иҷрои нақши Озод Байрамов дар филми “Улан” (1977), Ордени “Нишони фахрӣ” (1981), Медали НКХХ – и РСС Қирғизистон (1985), Грамоти Президиуми Совети Олии СССР (1969) – барои комёбӣ дар соҳаи санъати кинои Қирғизистон.
Дар соли 2000 – ум Суйменқул Чокморов беҳтарин ҳунарпешаи Қирғизистон дар асри ХХ дониста шуд.
Суйменқул Чокморов узви Иттифоқи синамогарони РСС Қирғизистон, Иттифоқи кинематографистони СССР (аз соли 1971), Иттифоқи рассомони РСС Қирғизистон ( аз соли 1974) , Иттифоқи рассомони СССР (аз соли 1967), узви КПСС аз соли 1975, депутати Совети Олии Қирғизистон ( даъватҳои 10 – 11) буд…
Ташхис
Суйменқул Чокморов солҳои охир ҳаёт аз бемории сахт азият мекашид. Аммо сарфи назар аз маризӣ ва вазъияти тоқатфарсо ӯ дар филмҳо нақш меофарид. Ташхиси беморӣ (диагноз) нишон дод, ки вай ба яке аз мураккабтарин ва камёбтарин беморӣ, “поликистоз” мубталост. Ин беморӣ дар рафти ҷарроҳӣ, баъди бардоштани осеб ҳангоми банаворгирии филми ҳунарии “Мардҳои безан” рӯ зад. Ҳол он ки ҳунарманд модарзодӣ 1 гурда надошт…
Суйменқул Чокморов 26 – уми сентябри соли 1992, бар асари бемории гурда, дар 52 – солагӣ аз дунё гузашт.
Анҷом
Хушоянд аст, ки давлат ва Ҳукумати Қирғизистон хотираи фарзанди барӯманди хеш, ҳунарпешаи маъруфи кинои саветӣ, рассоми мониқалам, Артисти халқии СССР (1981) Суйменқул Чокморовро пас аз марг низ пос медорад. Соли 2006 ба шарафи ҳунарманд маркаи почтаи Қирғизистон бо акси С. Чокморов мавриди истифода қарор гирифт. Соли 2009 дар Қирғизистон пули банкноти коғазии 5000 сом бо акси С.Чокморов ба муомилот бароварда шуд. Соли 2024 ба Суйменқул Чокморов унвони Қаҳрамони меҳнат доданд. Соли 2017 дар шаҳри Бишкек ҳайкали С. Чокморов қомат афрошт. Кӯчае дар Бишкек, шаҳраке дар ноҳияи Аламудини вилояти Чуй номи ӯро гирифтанд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К–аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро!!!
УМАРИ ШЕРХОН
