МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ!!!

Трамп бо ҳамин шиор ба ҷаҳониён ваъдаи тинҷиву оромӣ карда, ба қудрат расид. Шиори шинос не?

Оре, аккурат, дар моҳи ноябри соли 1992, вақте Эмомалӣ Раҳмони 40-сола Раиси Шурои Олии Ҷумҳурӣ интихоб гардид. Тоҷикистони пора-пораро сарвар гардид, ин шиор садо дод:

– Ман ба шумо сулҳ меорам!!!

Мутмаинан, ғайри соҳиби қавл дигар касе он соат бар сулҳу сафо бовар надошт. Вале ӯ бар мо Сулҳ овард! Бо ҷонканиҳо, танишу тапишҳо, шабзиндадориҳо ва муҳимтар аз ҳама бо сабру тоқат, бо нишастҳои тулонӣ бо афроди ҷангхоҳи бесаводу бехирад, гуфтугӯҳо, гузаштҳо…

Таърихи Сулҳи мо амалиёти 30 фоизаро нағз дар хотир дорад. Сарвари ҷавони мо қариб нисфи Ҳукуматро ба ҷангхоҳон қурбонӣ кард, то ишон ба сулҳ майл кунанд. Ҳалолаш бод! Дар ҳамон солҳо навишта будам ва боз ҳам менависам:

– Ягон давлат, ягон қудрат, ягон созмони байналхалқӣ манфиатдор набуд, ки Тоҷикон сулҳ банданд ва зимнан ин Сулҳ муаллиф дорад: Ин Сулҳи Раҳмонист!!!

Бо забони оммафаҳм, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавлаш вафо кард!!!

Акнун навбати Трамп аст, ки ба Сулҳи ваъдагӣ вафо мекунад ё на?

Ва аммо то Трамп дигар нафар низ маҳз бо шиори «Ман ба шумо сулҳ меорам ва ба ҷанги бародаркуш хотима мебахшам!» сари қудрат омада буд. Ин кас Владимир Зеленский буд, ки дар таърихи 20.03.2019 пирӯз гардид. Зеро халқ, миллат, мардум аз ин ҷанге, ки сар аз соли 2014 бо ба сари кор омадани президенти дигар Пётр Порошенко (7 июни 2014 – 20 майи 2019) шуруъ шуд, ба дод омадаву хаста гардида буд. Дар навбати худ Порошенко бар асари тазоҳуроти Майдан ва фирори Виктор Янукович (2010-2014) ба қудрат расид.

Ва аммо мутаассуф, Зеленский, ки воқеан ҳам дар оғози кор сулҳталаб буду аммо технократ на, натавонист бар ваъдаи хеш вафо кунад ва кишвар ба коми бетаги ҷанг фурӯ рафт.

24.02.2022. Бо амри вежаи Путин В.В., амалиёти «СВО ё худ специальная военная операция» дар Украина шуруъ шуд. Хотиррас мешавем, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ин амалиётро ҷанг ва таҷовуз меномаду расо 3 сол шуд, ки Кремл онро амалиёти вежаи низомӣ (СВО) хонда, дар кишвараш ҳолати ҷангӣ эълон накардааст.

Бар асари ин ҷанг чанд нафар фавтид, мушаххасан маълум нест. Зеро давлатҳои даргир шумораи қурбониёнро кам нишон медиҳанд. Фарзи мисол, хабаргузории англисии ВВС шумораи кушташудагони русиро 90119 нафар ва укроиниҳоро 95026 кас мегӯяд. Ин дар ҳолест, ки фарзи мисол, хабаргузории ТАСС қурбониёни укроиниро 1 миллиону 80 ҳазор мегӯяд. Хабаргузориҳои укроинӣ низ талафоти русҳоро на камтар аз 1 млн сарбозу афсар мехонанд. Ва ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп шумораи умумии фавтидагонро «миллионҳо нафар» хонда, хостори ҳарчӣ зудтар хатми ин ҷанги бемаънӣ шуд.

Ва аммо ин ҷанг ё худ СВО 1 вежагӣ дорад, ки аҳолии мулкӣ ва шаҳрҳои бузургро ҳарду тараф бомбаборон намекунанд. Дар тӯли 1097 рӯз, ки гузориш омода мешуд, одамони мулкӣ хеле кам фавтидаанд. Ва агар низ мурдаанд, пас тасодуфан. Зеро артиши русу укроинӣ халқро, фарзи мисол, чун дар Фаластин ҳадаф қарор намедиҳанд.

Мо дар бораи ин ҷанг қабл аз вуқуъ навиштаву ҳушдор дода будем. Хотиррас мешавем, ки дар СССР, №4 (697), панҷшанбе, 27.01.2022, дар рубрикаи «Дидгоҳи хос-4», дар саҳифаи 2, дар матлаби «Ҷанг??? Ҷанг!!!» навишта будем, ки агар Россия бо Украина ҷанг накунад ҳам, шинохти ЛНР-Луганску ДНР-Донетск ба ҳайси воҳиди ягонаи ФР метавонад ба шуруъи амалиёти ҳарбӣ оварад.

Дар шумораи СССР №5 (698), панҷшанбе, 03.02.2022, мо навиштем, ки Энтони Блинкен-садри ГосДепи Амрико ба Путин таҳдид кард, ки «ҷангро сар кунед ва ё на, мо Маскавро таҳрим мекунем» ва афзудем, ВВП дигар илоҷе ҷуз ин надорад, ки Киевро тасхир кунад.

Владимир Зеленский, навишт СССР дар ҳамин шуморааш, ҳатто аз таҳдиду ҳушдорҳои ИА ва НАТО хаста шуда, мардумашро ба оромӣ даъват карда гуфт, ки «дӯстони ғарбии мо дар масъалаи таҳдиди русӣ воқеан ҳам мегузаронанд».

Ҷо Байден, менавишт СССР дар ҳамин шумора, ки ба тозагӣ Афғонистонро бо президенти лухтакмонанди зодаи худаш-Ашраф Ғанӣ партофта гурехтааст, ба ВВП таҳдид дорад ва хостори ҷанги ин кишвар бо Украина аст. Дар ҳамин шумораи СССР, №5 (698), панҷшанбе 03.02.2022, мо навиштем, Доналд Трамп зидди ин ҷанг бархеста, ба Байден ҳушдор дод, ки «сарҳади Амрикоро то Украина дур сохтан гуноҳи сиёсист».

Чаро мо ба газетаи мардумӣ аз 3 сол қабл мурур дорем, хонанда? Зеро ба хотир биорӣ, ки мо дар чаҳорчӯбаи назоратии хеш, мушкили тамомии 15 республикаи собиқ советии шомили СССР – ро ҳамеша пайгир будем ва фарзияҳои сиёсии мо то имрӯз тасдиқ мешаванд. Хотиррас мешавем, ки сабаби таъсиси газетаи СССР низ ҳамин буд, ки мо 17 сол пеш дарк кардем, ки тамомии ҷангу хархаша ва кашмакашҳои сиёсӣ ба собиқ давлати СССР бармегарданд. Мо Метавонем!

Дар СССР, №7 (700), панҷшанбе, 17.02.2022, дар рубрикаи «Дидгоҳи хос-7», дар матлаби «№700» мо навиштем, ки ҷанг байни Киев ва Маскав сар мешавад. Зеро «ҷанг дар ҷаҳони мутамаддин ногузир шудааст» ва таърихи ҷангро Ҷо Байден мушаххас карда, гуфт, ки «16.02.2022 Путин Украинаро ғасб мекунад ва даъват кард, ки ҳама шаҳрвандонаш аз Киев бароянд!».

Дар шумораи СССР, №8 (701), панҷшанбе 24.02.2022 мо навиштем, ки Путин дар таърихи 21.02.2022 ҷумҳуриҳои Донетску Луганскро ба расмият шинохт. Дмитрий Песков сухангӯи Кремлин навишт, «Маскав дар ҳамкорӣ бо Луганску Донетск тасмим мегирад, ки қӯшунашро ба ин 2 кишвар ворид кунад ё на?».

Ҷо Байден, менавишт СССР, боз ҳам русҳоро таҳрик доданист, ки «ҷангро сар кунанд ё на, Кремл ва Луганску Донетскро таҳрим мекунад». Ин ба масале латтаи сурх сӯи буққаи корридо менамояд. Зимнан СССР дар ҳамин шумора, ки хотиррас мешавем, 2 рӯз пеш аз шуруъи набардҳо ба нашр рафта буд (мо, ҳамеша 2 рӯз пеш нашр мешавем, то ба дасти хонанда саривақт расем) чунин навишт:

– 21.02.2022. Ҷо Байден, раҳбари демократҳои Амрико, ки бо ба сари кор омаданаш (20 январи 2021) газетаи мардумӣ ҳушдор дода буд, ки ҷанги православиву католикҳо шуруъ мешавад ва ҷанг аз Афғонистон сӯи Украина кӯч мебандад, Луганску Донетскоро таҳрим кард…

Александр Лукашенко бошад, худи ҳамин рӯз ҳамтои ҷавони худ Вл. Зеленскийро бекала (безголовый) хонда, афзуд, ки «маро бубахш Володя, вале ту калла надоштаӣ, ки кишваратро ба дасти аҷнабиён додӣ».

Рӯиҳамрафта СССР дар таърихи 22.02.2022 рӯзи вуруди Артиши Россия ба Украинаро қариб дақиқан маълум кард. Мо навиштем, Россия рӯзи 23 феврал амалиётро шуруъ мекунад. Армияи ФР бошад 24 феврал вориди Украина шуд. Хайр чӣ? Мо чанд соат хато кардем. Байден бо СРУ ва Иттиҳоди Аврупояш бошанд, 8 рӯз хато карданд! Онҳо сареҳатан таърихи 16.02.2022 мегуфтанд. Ва то хонанда фикр накунад, ки мо худро таъриф дорем, инак номае, ки бар Сафват Бурҳонов журналисти Тоҷики муқими Одесса, зери аксаш навишташударо бо забони асл мекорем:

24.02.2022. Сафват! Ну колись!!! Ты же проиграл париЯ сказал ВВП начнет войну, а ты нет! У вас с Зеленским ничего не получится. Киев, это овечка для жертвоприношения. ҚурбонӣИ надо быть дугомуным, чтоб народ избрал для этой миссии клоуна…

Воқеан ҳам Доналд Трамп, 3 сол ба баъд, Зеленскийро дар брифингҳои худ масхарабоз-клоун ва диктатор мехонад! Набарди лафзонӣ миёни 2 президент шадидуллаҳн гашта истодааст, ки на бар фоидаи ахирист. Зеро дар кадом мансабу вазифае набошӣ, ин масали Тоҷикиро набояд фаромӯш кард, ки:

Шӯхӣ накун ба арбоб,

Ки мезанад бар ҳар боб!

Зимнан ба назар мерасад, ки Доналд Трамп барои ҷомаи амал пӯшонидани шиораш, ки ба ҷаҳониён сулҳ меораду нахуст ҷанги Уркаинаро хомӯш мекунад, аз ягон чиз рӯ тофтанӣ нест. Дирӯз бошад, перомуни иштирок кардан ё накардани президент Зеленский дар нишасти сулҳ, дар брифинги Кохи Сафед гуфт:

– Будани ин нафар дар ин нишаст шарт нест!

Дар забони дипломатӣ Трамп ҳамтои укроиниашро мулоимакак ба истеъфо гусел карда, афзуд «ба ин кас дар Украина ҳамагӣ 4% бовар доранду бас».

Зимнан Қасри Сафед Иттиҳоди Аврупо ва Англияро низ равғанрези моҷаро хонда, бо ишон оҳанги гуфторашро сард намуд ва ба мизи гуфтушунуди сулҳ бо Россия онҳоро низ даъват накард.

Дилсардии сарвари нави Амрико аз ИА ба ҳаддест, ки дар таърихи давлатдорӣ барои нахустин бор аст, ки президенти Фаронса ба Кохи Сафед омаду ӯро дар дами дар ҳатто витсе-президенти Амрико ё вазири хориҷа-ГосДеп пешвоз нагирифт. Ҳарчанд дар брифинги пасаздидорӣ президентон ба якдигар лутфу марҳамат карданд, аммо шахсан ба ман, ки ин нишастро пайгирӣ мекардам, оҳанги гуфтори Трамп дар нисбат ба садри Лувр сард намуд.

Иттиҳоди Аврупо қартаи охирини худ, сарвазири Бритониёро низ ба Вашингтон равона мекунад. Ин низ фарзияи мост. Зеро баъди сафари нокоми Эмануэл Макрон ба Вашингтон, ки Трамп ҳатто дар даҳани дари хонааш пешвозаш нагирифт, дасти Олаф Шолст – канслери Германияро нафишурдани ноиб-президенти Амрико дар Мюнҳен, Кир Стармер ягона қартаи довӣ ё худ «козырная карта» барои ҷангҷӯён мондааст…

Хотиррас мешавем, мо зид ё тарафдори касе нестем. Мо танҳо хоҳони Сулҳем ва Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube