ДАР ЯК САТР

Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март бо шумули рӯзҳои истироҳат ва ҷашнҳо 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард: 1,2,8,9,10,15,16, ва 21 –ум то 30 март.

Реҷаи маҳдудият ё “лимит”-и барқ дар моҳи Рамазон дигар шуда, тибқи он сокинон бояд дар 1 шабонарӯз 8 соат бо барқ таъмин шаванд. Тибқи реҷаи нав, нерӯи барқ субҳ аз 3:30 то 7:30 ва бегоҳ аз 17:00 то 21:30 бояд дода шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, рушди бозори металлҳои қиматбаҳо ва диверсификатсияи захираҳои аҳолӣ сабикаҳои ченакии тиллоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба фурӯш баровард. 

Дар ш.Душанбе ба тахриби чойхонаи «Роҳат», ки атрофаш солҳо баҳс идома дошт, сар карданд.

Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина китоби Садриддин Айнӣ “Осори мунтахаб” рӯнамоӣ шуд.

Сар аз рӯзи 1-уми март дар “Боғи Куруши Кабир”-и пойтахт намоиш ва фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ оғоз гардида, он то ҷашни Наврӯз – 21-уми март идома меёбад.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube