ФАВТИ БУВАЙСАР САЙТИЕВРО 150 РОҲБАРИ ДАВЛАТ ТАСАЛЛИЯТ КАРД…

03.03.2025. Фавти нобаҳангоми яке аз бузургтарин гушингирони тарзи озод, дар вазни 74 кг. 3 маротиб қаҳарамони бозиҳои олимпӣ (1996, 2004, 2008 ), 6 маротиб қаҳарамони ҷаҳон, 6 маротиб қаҳармони Аврупо, намояндаи мардум дар Думаи Давлатӣ аз Ҷумҳурии Доғистон, дорои  100-ҳо унвони баланди варзишӣ, устоди варзиши дараҷаи олӣ, Бувайсар Сайтиеви 50 сола, ҳамаро ғамнгин кард.

Достони ин Марди меҳнатдӯстро дар 1, ё чанд китоб иншо натавон кард. Беҳтар он аст, ки шумо ба ҷадвали хеле кутоҳи дастоварди Бувайсари далер нигаред. Мебинед, ки наздики 20 медали тилоро дар мусобиқаҳои гуногуни ҷаҳонӣ ба даст оварда, парчами давлати хешро пеши мардуми ҷаҳон бо сари баланд боло кардааст. Офарин!

Ин устоди шинохтаи варзиш 11 марти соли 1975 дар  шаҳри Хасавюрти Ҷумҳурии Доғистон, дар оилаи Ҳомиди устои хиштчин, ки соли 1988 дар садамаи автомобилӣ аз олам гузашта буд, модараш Белиҷа Сайтиева, ба дунё омадааст. Дар 12-13 солагӣ аз падар маҳрум шуда бошад ҳам, дилшикаста нашуда, ба нардбони зиндагӣ гом монда, ба зинаҳои баланди варзишӣ расида,  бузургтарин дастовардҳоро ба даст оварда, абадан номи мубораки худро дар достонҳои мардуми ҷаҳон гузоштааст.

Аз дӯстони хабарнигори чечен ва доғистонӣ шунидам, ки зиёда аз 150 роҳбари давлат ба мардуми Доғистон ва Россия изҳори ҳамдардӣ карданд.

Ба хотири ёддошти ин марди Қаҳрамони номдору овозадор, роҳбари Чеченистон Рамзон Қодиров аз 3 то 5-уми март, дар кишвараш, рӯзи мотам элон кард.

Ин марди қаҳрамонро чанд маротиба дар назди Думаи Давлатӣ, дар толорҳои варзишӣ дида будам. Аз куҷо медонем, ки умри эшон ин қадар кутоҳ аст. Ҳеҷ мушкиле ҳам набуд, метавонистам шинос шавам, лекин…

Ҳайати нашрияи “СССР” ба марги нобаҳангоми устоди варзиши ҷаҳон, муҳтарам Бувайсар Сайтиев, ба хонавода ва тамоми мардуми Россия ҳамдардӣ баён мекунад.

 

Шамсиддини Муқим,

“СССР”, Москва.

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube